Ҳусӣ: “Арабҳо бардаи Исроил шудаанд”
Ахбори байналмилал
Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, зимни интиқод аз бардагии кишварҳои арабӣ дар баробари режими саҳюнистӣ, гуфт, ки арабҳо бояд аз хоби ғафлат бархезанд ва барои ин вазъияти худ, ба фикри чора бошанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа суханронӣ карда ва гуфтааст: “Режими саҳюнистӣ бо мушорикати Омрико тайи ҳафтаи ҷорӣ беш аз 3500 нафар аз занон, кӯдакон ва оворагони Фаластинро шаҳид ва захмӣ кард”.
Вай бо ишора ба ин ки шуморе аз ин шуҳадо дар пайи партоби ҳавоии кӯмакҳо бар рӯйи сари мардуми Фаластин ба шаҳодат расидаанд, афзуд: “Ҷинояти гуруснагӣ ва густариши он дар навори Ғазза, аз шанеътарин ва бадтарини ҷиноёте аст, ки режими саҳюнистӣ дар ин минтақа муртакиб шудааст.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо таъкид бар ин ки Исроил саъй дорад бо партоби ҳавоии кӯмакҳо, мардуми ҷаҳонро фиреб диҳад, хотирнишон кард: “Агар Исроил ба ҳамин минвол ба партоби ҳавоии кӯмакҳо идома диҳад, тайи 8 моҳ хоҳад тавонист фақат муодили як рӯз аз кӯмакҳоеро партоб кунад, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ бояд вориди минтақаи Ғазза шавад.”
Саҳюнистҳо дар кӯдаккушӣ ба авҷи қасоват расидаанд
Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба ин ки Исроил маводди ғизоиро воридт Ғазза мекунад, ки таърихи инқизои он ба поён расида, гуфт: “Исроил иҷозаи вуруди комюнҳо ба Ғаззаро намедиҳад, то ин ки таърихи масрафи колоҳои мавҷуд дар ин комюнҳо мунқазӣ шавад, сипас иҷоза медиҳад бахши каме аз ин кӯмакҳо вориди ин минтақа шавад. Аз ин рӯ рӯзона шоҳиди шумори зиёде аз мардуми Ғазза ҳастем, ки дар пайи гуруснагӣ ба шаҳодат расидаанд.”
Вай бо баёни ин ки гуруснагӣ ва суитағзия, бештарин асари манфиро бар рӯйи кӯдакон дошта, хотирнишон кард: “Камингоҳҳои марги Омрико ва Исроил, ҳар рӯз шуморт зиёде аз мардуми Ғаззаро ба қатл мерасонад. Сарбозони исроилӣ амдан мардуми ин минтақаро ҳадаф қарор медиҳанд, то ононро ба шаҳодат бирасонанд.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо таъкид бар ин ки ҳадаф қарор додани кӯдакон, нишонгари қасовати қалб ва таваҳҳуши низомиёни саҳюнистӣ аст, унвон кард: “Ҷиноёти саҳюнистҳо нишон медиҳад, онҳо ба марзе расидаанд, ки дигар ҳеч гуна эҳсоси инсонӣ ва ё арзиши фитрӣ дар вуҷуди худ надоранд. Онҳо бо ҷиноёти худ, тамоми қавонини мутаорафи байналмилалиро зери по гузоштанд.”
Қатл ва куштор, бахше аз боварҳои динӣ ва ақидатии саҳюнистҳост
Раҳбари Ансоруллоҳ гурезе ҳам ба куштори рӯзноманигорон дар Ғазза зад ва гуфт: “Душмани исроилӣ амдан 6 хабарнигорро дар чодарҳояшон ба шаҳодат расонд. Ин режим бо ҳадаф қарор додани хабарнигорон таъкид дорад, ки намехоҳад воқеият ба дасти мардуми мухталифи ҷаҳон бирасад.”
Ҳусӣ бо ишора ба ин ки ҷинояткории саҳюнистҳо дар ҷаҳон беназир шуда, тасреҳ кард: “Душмани исроилӣ дигар ҷинояте намонда, ки алайҳи мардуми Фаластин муртакиб нашуда бошад. Исроилиҳо дар ин муддат шеваҳои бисёреро барои шиканҷа, зулм ва ҷиноят алайҳи мардуми Фаластин ибдоъ кардаанд.”
Вай бо таъкид бар ин ки ҷиноёти Исроил, нишонгари руҳияи ваҳшиёна ва кинатӯзонаи онҳост, афзуд: “Саҳюнистҳо мехоҳанд бештарин теъдоди мумкин аз мусалмононро ба қатл бирасонанд.”
Вай дар идома гуфт: “Душманон ҳамчунин дар талош ҳастанд, то бештарин теъдоди мусалмононро овора кунанд ва афроди боқимондаро низ ба контроли худ дароваранд. Дар ҳоли ҳозир мебинем Исроил манотиқи амнро низ дар Ғазза ҳадаф қарор медиҳад. Ин душман иҷоза намедиҳад оворагон дар ҳеч бахше аз навори Ғазза мустақар шаванд ва ба маҳзи истиқрор, ононро ба шаҳодат мерасонад.
Раҳбари Ансоруллоҳ қатлу кушторро бахше аз фарҳанг ва рӯйкарди сиёсӣ ва ақидатии саҳюнистҳо донист ва гуфт: “Бо ин авсоф, саҳюнистҳо хатари воқеӣ алайҳи миллати мусалмон ба шумор мераванд, аммо бузургтарин хатаре, ки уммати исломиро таҳдид мекунад, ғафлат аз моҳияти душман аст.”
Арабҳо бардаи Исроил шудаанд
Раҳбари Ансоруллоҳ зимни интиқод аз талоши саҳюнистҳо барои яҳудисозии Масҷидулақсо, таъкид кард: “Кор ба ҷойе расидааст, ки исроилиҳо дар ҳавлии Масҷидулақсо парчами Исроилро барафроштаанд. Дар канори ин, Исроил сокинони Қудсро маҷбур мекунад, манозили худро тахриб кунанд.”
Вай бо ишора ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар каронаи Бохтарӣ бавежа дар урдугоҳҳои Ҷинин, Тулкарм ва Нуршамс хотирнишон кард: “Амалиёти кӯчондани сокинони урдугоҳҳои бузург дар каронаи Бохтарӣ ва тахриби он ҳамчунон идома дорад. Дар ҳафтаи ҷорӣ беш аз 61 сохтмон дар каронаи Бохтарӣ тахриб шуд.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ дар талош аст шаҳракҳои бештаре дар каронаи Бохтарӣ эҳдос кунад, идома дод: “Шиори марг бар аъроб, як шиори исроилӣ буда, ки аз замони оғози ишғолгарии саҳюнистҳо дар Фаластин сар дода шудааст. Онон аз ин шиор дар муносибатҳо ва таҷаммӯъоти худ истифода мекунанд.”
Вай бо ишора ба талоши душманони ислом барои таҳқири мусулмонон, хотирнишон кард: “Арабҳо худро бардаи Исроил карданд ва ин шанеътарин ва бадтарин вазъияте аст, ки миллати араб то кунун бо он мувоҷеҳ будааст.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни ин ки ҳеч мӯъмини воқеӣ наметавонад бардагии Исроилро бипазирад, тасреҳ кард: “Исроил як режими фосид ва гумроҳ аст, ки имтидоди ҷараёни шайтонӣ аст. Аз ин рӯ уммати исломӣ бояд аз хоби ғафлат бедор шуда ва мутаваҷҷеҳи хатари ин шайтон бошад.”
Қаламонлайн