Мӯҳсини Ризоӣ: Дар ҷанги баъдӣ, новҳои амрикоиро дар ҳар нуқта бошанд, мезанем!
Ахбори байналмилал
Мӯҳсини Ризоӣ: “Дар ҷанги баъдӣ новҳои омрикоиро дар ҳар нуқтаи уқёнуси Ҳинд бошанд, мезанем”
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷ.И.Эрон дар гуфтугӯ бо Алҷазира гуфт:
“Агар ҷанге дубора оғоз шавад, киштиҳои Омрико — магар ин ки уқёнуси Ҳиндро тарк кунанд — дар ҳар нуқтае аз ин уқёнус, ки бошанд, ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Мо ба ин тавонмандиҳо даст ёфтаем.
Мо суръати мушакҳои ҳойперсуники худро аз 6 мох ба 10 мох афзоиш додаем.
Ҳамчунин сомонаҳои ҷанги электронии худро тавсиъа дода ва падофанди ҳавоиамонро иртиқо бахшидаем; илова бар ин, тадобири дигаре низ дар ихтиёр дорем, ки дар замони муносиб аз онҳо истифода хоҳем кард.
Бинобар ин, мо комилан омодаем. Агар Омрико ҷангеро оғоз кунад, бо нерӯе бештар ва заработе пуртеъдодтар ва дардноктар бо он муқобила хоҳем кард”.
Қаламонлайн













