Ҳушдори Эрон ба Исроил: “Агар ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамла кунед, бо тамоми имконот ворид мешавем”
Ахбори байналмилал
Камол Харрозӣ, мушовири байналмилалии раҳбари Ҷ.И.Эрон ҳушдор дод, ки агар Исроил як ҳамлаи ҳамаҷониба алайҳи Ҳизбуллоҳ анҷом диҳад, хатари оғози як ҷанги минтақаиро дар пай хоҳад дошт, ки дар он Теҳрон ва Меҳвари Муқовимат бо тамоми имконот аз ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳимоят хоҳанд кард.
Харрозӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи Financial Times гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ алоқае ба як ҷанги минтақаӣ надорад ва аз Омрико хост барои ҷилавгирӣ аз ташдиди бештари таниш, Исроилро таҳти фишор қарор диҳад.
Ӯ аммо дар посух ба ин суол, ки оё Эрон дар сурати даргирии тамомаёр, аз Ҳизбуллоҳ – муҳимтарин ва қудратмандтарин муттаҳиди минтақаии худ – ҳимояти низомӣ хоҳад кард, гуфт: “Ҳамаи мардуми Лубнон, кишварҳои арабӣ ва аъзои Меҳвари Муқовимат, аз Лубнон дар баробари Исроил ҳимоят хоҳанд кард.”
Вай гуфт: “Эҳтимоли густариши ҷанг ба кулли минтақа вуҷуд хоҳад дошт, ки ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Эрон даргири он шаванд. Дар ин шароит, мо чорае ҷуз ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ надорем.”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: