Ҷанги филҳо ва чанги ғофилҳо

Таърих

Ҷанги филҳо ва чанги ғофилҳо

Азиз САНГИН

Ин шабу рӯзҳо, дар пасманзари ҷанги неруҳои аҳриманӣ таҳти сайтараи Амрико зидди мардумони қаламрави Ховари Миёна, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое даргирифтаанд, ки амалан ба осиёби он неруҳои аҳриманӣ об мерезанд. Ҳамчунон ки дар дарозои беш аз ҳазор соли таърихи минтақа чунин будааст. Манзурам баҳси миёни шиаву суннист. Ҷанге, ки имрӯз дар минтақа равон аст, хеле фаротар аз ҷанги миёни Исроил ва Фаластин мебошад. Ҷанги тамаддунҳост, ҷанг ба хотири заиф сохтан, шикастану пора кардани дину боварест, ки дорад бар тамомии ҷаҳони муосир нуфуз мекунад, реша меронад. Ҷанге, ки зарфияти дигаргун сохтани чеҳраи сиёсӣ ва иҷтимоии дунёро дорад, ҷанге, ки имкони барафкандани сайтараи сиёҳи Ғарб аз минтақаро, баркандани дасти ғоратгару вайронгари Амрико аз Ховари Миёнаро дорад. Ҳол, дар он бизангоҳи маргу зиндагӣ баҳси мусалмону масеҳӣ, шиаву суннӣ, форсу аҷаму арабу турку… матраҳ нест.

Он ҷо масеҳиёни Фаластину Лубнон дар паҳлуи шиаёни Эрону Ироқ, сунниҳои Ғаззаву Яману Сурияву… бар зидди душмани ягонаашон -истеъмори ҷаҳонӣ ва саҳйунизм, дар як сангари воҳид ба хотири сарзаминҳояшон, имрӯзу ояндаашон ва иззату шарафи инсониашон пайкор мекунанд. Ва нухбагону рӯшандилону фарҳехтагону фаҳмидагон аз саросари дунё, аз қавму миллату дину равияҳои гуногун, аз професур Мейшаймери яҳудӣ гирифта то давлатдорони Африқои ҷанубию Колумбиёю Ирлонду Белжику… ва миллионҳо мардуми сайёра бар ҷонибдорӣ аз ин набарди зидди неруҳои аҳриманӣ ҳамарӯза садо баланд мекунанд.

Ва дар пасманзари чунин як растохези азими ҷаҳонӣ чанд тан навҳадисомӯхтаи баҷоенарасидаи тоҷик баҳси шиаву суннӣ, Муовияю Aбӯдовуду салласиёҳону сафедҷомагону…-ро доғ карданд. Ва шефтаву гумгаштаи доноии худ, ба ҷое расидаанд, ки хостаанд нақш ва ҷойгоҳи Эронро дар ин овардгоҳи бузурги ҷаҳонӣ ночиз, хира ва камранг ҷилва диҳанд. Ғофил аз ин ки сулолаҳо, хонадонҳо, ҳукуматҳо, мазҳабиҳо, ғайримазҳабиҳо омаданду рафтанд ва боз меоянду мераванд, вале Эрон, то ҷаҳон ҳаст, ҳамон Эрони бузурги Фирдавсӣ, хоҳад монд. Ҳамон сарзамини аҳуроӣ, ки паёмбари суханаш гуфт:

Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем!

Аз он беҳ, ки Эрон ба душман диҳем!

Азиз САНГИН

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони коргар
Сафорати Эрон дар Сурия: “Дар байни шуҳадо ва маҷрӯҳон ҳеч шаҳрванди эронӣ вуҷуд надорад”

Матолиби пурбоздид