Вокуниши мақомоти исроилӣ ба суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ

Вокуниши мақомоти исроилӣ ба суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ

Ахбори байналмилал

Вокуниши вазири хориҷаи Исроил ба суханони раҳбари Эрон: “Агар Эрон аз дохили хоки худ ҳамла кунад, мо ҳам ба дохили хоки Эрон ҳамла мекунем!”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии намози иди фитри Теҳрон ваъда дод, Исроил ба далели ҳамла ба сафорати Эрон дар Димишқ, “танбеҳ хоҳад шуд”.

Вазири хориҷаи Исроил дар вокуниш ба суханони раҳбари Эрон дар намози иди фитри Теҳрон, гуфт, агар Эрон аз хоки худ алайҳи Исроил ҳамла кунад, Исроил ҳам дар дохили хоки Эрон, вокуниш нишон хоҳад дод.

Исроил Котз, вазири хориҷаи Исроил дар Твиттер (Х) навишт: “Агар Эрон аз хоки худ ҳамла кунад, Исроил вокуниш нишон дода ва ба Эрон ҳамла хоҳад кард.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати фарзандон ва наберагони Исмоил Ҳаниа дар Ғазза
Моҷарои шеъри “Чароғи лола”

Матолиби пурбоздид