Ҷанги Ғазза ва эҳёи Меҳвари Муқовамат

Таҳлили хабарӣ

Чӣ тавр ҷанги Ғазза боиси эҳёи Меҳвари Муқовамат шуд?

Гузорише дар нашрияи тахассусии Foreign Affairs

“Дар 12 январ, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳамалоти низомии худро ба аҳдофи Ҳусиҳо дар Яман оғоз карданд. Ин ҳамалот, посухе ба ҳамалоти ин гурӯҳ ба киштиҳои тиҷорӣ дар баҳри Сурх буд, ки тиҷорати ҷаҳониро мухтал кардааст.

Иқдомоти Ҳусиҳо барои муддати кӯтоҳе онҳоро ба барҷастатарин аъзои як эътилофи низомӣ табдил кард, ки пас аз терури Солеҳ Ал-Орурӣ ва дигар раҳбарони Ҳамос дар Бейрут дар 2 январ дар саросари минтақа фаъол шудааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ (дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон) пас аз ин ҳамла, қавли қасос ва талофӣ дод.

Соатҳое пас аз ваъдаи Насруллоҳ, суханони ӯ ба сурати клипҳои кӯтоҳи видеоӣ сохта ва ба таври густурда пахш шуд. Сипас Меҳвар ҳамла кард. Ҳизбуллоҳ бо 62 рокет ба пойгоҳи ҷосусии ҳавоии Меруни Исроил ҳамла кард. Гурӯҳи муқовамати исломии мустақар дар Ироқ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро барои ҳамла ба пойгоҳҳои омрикоӣ дар Сурия ва Ироқ фиристод ва шаҳри Ҳифои Исроилро бо як мушаки крузи дурбурд ҳадаф қарор дод. Ҳусиҳо дар баҳри Сурх зарба заданд. Ва Эрон як нафткашро дар халиҷи Уммон тавқиф кард.

Агарчӣ кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ иддао мекунанд, ки намехоҳанд ҷанг дар навори Ғазза ба як ҷанги густурдаи минтақаӣ табдил шавад, аммо Эрон, Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо ва соири аъзои ин меҳвар бозии бисёр мутафовитеро анҷом медиҳанд. Онҳо бо сабр ва ҳавсалаи равишманд, иттиҳоди нерӯҳоро дар як майдони набарди минтақаӣ тасбит мекунанд. Ин меҳвар дар ибтидо бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ шурӯъ шуд, аммо ба суръат ба як меҳвари бузурги минтақаӣ табдил шудааст. Дигар аъзои он иборатанд аз Ҳусиҳо дар Яман, Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин ва шибҳинизомиёни шиъа дар Ироқ ва Сурия.

Шаклгирии ин меҳвар, назми минтақаиро, ки Ғарб барои даҳаҳо дар Ховари Миёна эҷод карда ва аз он дифоъ кардааст, бо чолише мустақим мувоҷеҳ мекунад. Ҳамчунин – ҳамон тавр, ки ҳамалоти Эрон ва Ҳусиҳо ба киштиронӣ дар баҳри Сурх нишон медиҳад – таҳдиде барои тиҷорати ҷаҳонӣ ва арзаи энержӣ аст.

Ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар 7 октябр нишондиҳандаи тавоноиҳо ва нуфузи ин меҳвар аст, ки фаротар аз сарзаминҳои фаластинӣ густариш ёфта ва Эрон, Ироқ, Лубнон, Сурия ва Яманро дарбар мегирад.

Давлатҳои ғарбӣ, Теҳронро мағзи мутафаккири ин шабака медонад ва шакке нест, ки Меҳвари Муқовамат нишондиҳандаи нигоҳи стратегии Эрон аст. Дар воқеъ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, қобилиятҳои низомии маргбор ва пуштибонии ҳамоҳангкунандаро барои аъзои меҳвар фароҳам кардааст. Аммо Теҳрон арӯсакгардони ин меҳвар нест ва инсиҷом ва нақши минтақаии ин меҳвар бисёр фаротар аз диктаҳои Эрон аст.

Дар иваз, ин меҳвар бо нафрати муштарак аз “истеъморгарӣ”-и Омрико ва Исроил ба ҳам пайванд хӯрдааст. Ҳизбуллоҳ мӯътақид аст, ки Вошингтун ва Телавив дар Лубнон мудохила мекунанд ва Ҳамос, Ҳусиҳо ва шибҳинизомиёни шиъаи Ироқ низ бар ин боваранд, ки ҳамин мудохилагарӣ дар сарзаминҳои онҳо низ содиқ аст.

Ҳамон тавр, ки Насруллоҳ гуфтааст, гурӯҳҳои пароканда бо ин воқеият муттаҳид шудаанд, ки хоҳ лубнонӣ, фаластини ё яманӣ бошанд, бо масоили мушобеҳ ва душмани мушобеҳе рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин бад-он маъност, ки он чи дар як қаламрав иттифоқ меафтад, мустақиман ба бақия низ марбут мешавад.

Ин меҳвар ба ҷойи абзоре барои Эрон, худро иттиҳоде мебинад, ки ҳавли меҳвари аҳдофи стратегии муштарак бо руҳияи “Ҳама барои яке ва яке барои ҳама” бино шудааст. Аъзои ин меҳвар мӯътақиданд, ки ҳамагӣ дар ҳоли ҷанги муштарак алайҳи Исроил ва ба таври ғайримустақим Омрико ҳастанд.

Ин бад-он маъност, ки на ҳушдорҳои Иёлоти Муттаҳида ва на ҳамалоти Иёлоти Муттаҳида, меҳварро маҷбур ба таваққуф нахоҳад кард. То замоне, ки аслиҳаҳо дар Ғазза сокит нашаванд, фишор бар ҷамъияти он коҳиш наёбад ва масири мӯътабар барои ҳокимият ва худмухтории Фаластин тарроҳӣ нашавад, Иёлоти Муттаҳида наметавонад худро аз як морпечи хатарнок наҷот диҳад.

Тарҳи бузурги Теҳрон

Меҳвари Муқовамат дар 7 октябр зода нашуд, балки пас аз ҳамлаи Омрико ба Ироқ дар соли 2003 шакл гирифт. Бунёнгузори он, нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон ва фармондеҳи собиқи он, Қосим Сулаймонӣ, ин шабакаро бар пуштвонаи равобити наздики Эрон бо Ҳизбуллоҳ, бо такя бар таҷориби Эрон ва Ҳизбуллоҳ аз ҷанг бо Ироқ ва Исроил дар даҳаи 1980 эҷод кард.

Сулаймонӣ аз ҳамон ибтидо ба дунболи эҷоди як шабакае буд, ки дар он, ҳар бахши ташкилдиҳандаи ин меҳвар, худкифо бошад. Агарчӣ омӯзиш ва таслеҳот мумкин аст аз Эрон биёяд, аммо интизор меравад, ки ҳар воҳид бар токтикҳо, фанноварӣ ва таслеҳот тасаллут ёфта ва онро тавсиа дода ва ба кор гирад.

Ҳадафи аслии ин меҳвари навпо дар рӯзҳои аввал, шикаст додани нақшаҳои Омрико барои ишғоли Ироқ буд. Бад-ин манзур, Теҳрон ва Ҳизбуллоҳ бо муваффақият шибҳинизомиёни маҳаллӣ эҷод карданд, ки бо нерӯҳои омрикоӣ меҷангиданд.

Пас аз ин ки ДОЪИШ контроли бахшҳои васеъе аз Ироқ ва Сурияро дар соли 2014 ба даст гирифт, шибҳинизомиёни мушобеҳе барои мубориза бо ин нерӯҳои фирқагаро, ки ҳам режими Асад дар Сурия ва ҳам контроли шиъёни Ироқро таҳдид мекарданд, таъсис шуданд.

Ҷанги дохилии Сурия ба нуқтаи атфе барои ин меҳвар табдил шуд, зеро Эрон, Ҳизбуллоҳ ва шибҳинизомиён шиъа дар Ироқ ва Сурия, алайҳи душмани муштараки худ меҷангиданд. Бо анҷоми ин кор, ин кишварҳо ва гурӯҳҳо тавоноиҳои низомӣ ва иттилоотии худро таъмиқ бахшиданд ва иттиҳоди худро тақвият карданд.

Дар ин даврон буд, ки Эрон равобити худро бо Ҳусиёни Яман тақвият кард ва онҳоро дар иттиҳоде, ки акнун дар ҳоли рушд аст, даровард.

Тайи даҳаи гузашта, Эрон ва Ҳизбуллоҳ мушакҳо, паҳподҳо ва мушакҳои пешрафтаеро дар Ғазза, Ироқ, Сурия ва Яман мустақар кардаанд. Онҳо ҳамчунин ба Ҳамос ва Ҳусиҳо омӯзиш додаанд, то силоҳҳои худро бисозанд. Муваффақияти ин рӯйкардро тавсиа ва истифодаи моҳирона Ҳамос ва Ҳусиҳо аз мушакҳо нишон медиҳад.

Аъзои меҳвар ҳамчунин дар заминаи иртибототи расонаӣ омӯзиш дидаанд, дар роҳандозии конолҳои молӣ мушорикат кардаанд ва наҳваи ҳимоят аз муқовамати маданӣ бавежа дар каронаи Бохтариро омӯзиш додаанд.

Женерол Исмоил Қоонӣ ба унвони ҷонишини Сулаймонӣ, бар идомаи ҳамин мерос таъкид карда ва Меҳвари Муқоваматро бештар ғайримутамаркиз кард ва тасмимгирии токтикӣ ва амалиётиро ба таври фазояндае ба ягонҳои маҳаллӣ ва фармондеҳони онҳо вогузар кард.

Шабакаи ҳосил, ба Теҳрон кӯмак кардааст, то ба ҳадафи ҳамешагии худ дар берун рондани Иёлоти Муттаҳида аз Ховари Миёна идома диҳад. Аз замони инқилоби 1979, Теҳрон бар ҳифозат аз кишвар дар баробари Вошингтун мутамаркиз шудааст, ки раҳбарони Эрон мутақоъид шудаанд, ки Вошингтун мусаммам ба нобудии Ҷумҳурии Исломӣ аст.

Барои ин манзур, Эрон ба дунболи хунсо кардани талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои маҳори иқтисодӣ ва низомии худ будааст. Ин кишвар талош кардааст, то артиши Омрикоро аз кишварҳои ҳаммарз бо Эрон ва халиҷи Форс хориҷ кунад ва Иёлоти Муттаҳидаро маҷбур ба тарки минтақа кунад. Бинобар ин, ин меҳвар барои Теҳрон арзишманд будааст, зеро тамаркузи нерӯҳои омрикоиро аз марзҳои Эрон мунҳариф кардааст.

Арзиши стратегии меҳвар барои Теҳрон дар 8 соли гузашта ба далели афзоиши ҷангталабии Вошингтун афзоиш ёфтааст. Дар соли 2018, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури вақти Омрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва ҳаддиаксари таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол кард ва дар соли 2020 дастури терури Сулаймониро содир кард.

Ин иқдомот Теҳронро мутақоъид кард, ки ба як меҳвари қудратмандтар ва мунсаҷим аз муттаҳидон, ки аз Медитарона то халиҷи Форс имтидод дошта бошад ниёз дорад, ки метавонад фишор бар Вошингтунро афзоиш диҳад. Дар ин замина, барномаи ҳастаии Эрон на танҳо ба унвони абзоре барои музокира барои рафъи таҳримҳо, балки ба унвони як омили боздоранда, ки метавонад аз меҳвар дар баробари ҳамлаи Омрико муҳофизат кунад, аҳаммият ёфт.

Соири аъзои Меҳвари Муқовамат низ илова бар ин ки ҳамсӯ бо аҳдофи Теҳрон дар саросари минтақа ҳастанд, аммо мунъакискунандаи манофеъи маҳаллии худашон низ ҳастанд. Ба унвони мисол, Ҳизбуллоҳ ба далели тамоюл ба ҳифозат аз ҷануби Лубнон дар баробари он чи ки ба назари он ҷоҳталабиҳои тавсиаталбонаи Исроил аст, ҳидоят мешавад, ки зоҳиран шомили манотиқе дар Сурия ва Ӯрдун низ мешавад.

Шибҳинизомиёни шиъа дар Ироқ бар хуруҷ нерӯҳои омрикоӣ аз ин кишвар ва ҳамчунин пирӯзӣ дар ҷанги дохилии нотамом бо баъсиҳои ин кишвар мутамаркиз ҳастанд. Ҳусиҳо мехоҳанд бар кулли Яман қудрат пайдо кунанд ва аз талошҳои Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои эҷоди монеъ дар сари роҳи онҳо нороҳат ҳастанд.

“Ҳама барои яке, яке барои ҳама”

Бо ин ҳол, Меҳвари Муқовамат дар ниҳоят як иттиҳоди низомӣ аст ва бинобар ин аъзои он дар канори ҳам қавитар ҳастанд. Агарчӣ Ҳамос ба танҳоӣ ҳамлаи 7 октябрро тарроҳӣ ва иҷро кард, аммо Эрон ва Ҳизбуллоҳ то ҳадди зиёде масъули иртиқои тавоноиҳои Ҳамос буданд.

Дар воқеъ, ҳамон тавр, ки маҷмӯае аз ҷаласот дар Бейрут бо ҳузури раҳбарони аршади Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҷиҳоди Исломии Фаластин, Сипоҳи Посдорон ва Ҳусиҳо ва шибҳинизомиёни ироқӣ қабл аз ҳамла нишон медиҳад, аъзои меҳвар эҳтимолан аз барномаҳои Ҳамос иттилоъ доштанд ва аз он ҳимоят карданд. Барои Ҳамос, ҳадафм аслим ин ҳамла барҳам задани вазъияти мавҷуд буд, ки ба оромӣ дошт ормони Фаластинро хомӯш мекард ва бозгардондани муборизоти онҳо ба хатти муқаддами сиёсати араб.

Барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ низ, бозгардондани мавзӯъи Фаластин ба саҳна, ин мазиятро дошт, ки Исроилро пушти сар гузошта ва дар натиҷа эҳтимоли оддисозии бештари равобит байни Исроил ва кишварҳои арабиро коҳиш дод.

Онҳо ҳамчунин мехоҳанд марги Исроилро дар як ҷанги чандҷабҳаии фарсоишӣ ба ҷилав биандозанд. Дар ҳар сурат, ин даргирӣ ба як ҳадафи деринаи Эрон даст меёбад: Теҳрон муддатҳост бар ин бовар аст, ки агар Исроил ба умури худ машғул набошад, ба умури Эрон машғул хоҳад шуд.

Аммо натиҷаи ҳамлаи Ҳамос ва абъоди ваҳшиёнаи посухи Исроил, фоҷеаи инсонӣ, ки дар пайи он рух додааст ва мизони таваҷҷӯҳи ҷаҳонӣ ғайримунтазира буд. Ҳамос ва муттаҳидони меҳвараш пешбинӣ намекарданд, ки ҳамлаи 7 октябр то ин ҳадд муваффақиятомез бошад, дар иваз эҳтимолан ҳамлае сареъ ба Исроилро пешбинӣ мекарданд, ки ба суръат ва бо талафот ва гаравгонҳои маҳдуд поён хоҳад ёфт.

Исроил дар он сурат ба Ғазза ҳамла мекард, аммо на бо хушунати ваҳшиёнае, ки ба роҳ андохтааст. Муваффақияти ҳамлаи Ҳамос ва густурдагии вокуниши Исроил ин меҳварро буҳтзада кард, ки дар натиҷа даст ба бозтанзими аҳдоф ва стратегияи худ зад.

Агарчӣ на Эрон ва на Ҳизбуллоҳ хоҳони як ҷанги минтақаии густурдатар нестанд, бо ин вуҷуд, ҳам нерӯҳои исроилӣ ва ҳам нерӯҳои омрикоиро бо паҳпод ва мушак ҳадаф қарор додаанд.

Ҳусиҳо бо эҷоди ихтилол дар киштиронӣ дар баҳри Сурх, ба ин мубориза пайвастаанд. Онҳо ин корро барои нишон додани ҳимоят аз фаластиниҳо ва ҳамчунин барои боздорандагии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз густариши ҷанг ба Лубнон бо нишон додани тамоюли аъзои меҳвар барои ҷанг анҷом додаанд.

Онҳо умедворанд, ки ин азми Исроилро аз густариши даргирӣ боздорад ва Телавивро аз тавоноии густариши ҷанг дар ҷабҳае, ки худаш интихоб мекунад, бидуни даргирӣ дар тамоми ҷабҳаҳои меҳвар, маҳрум кунад.

Ҳамаи аъзои ин меҳвар дар ҷанги Ғазза ширкат кардаанд ва дар натиҷа ҳама дар чашми Исроил ва Омрико дар ин ҷанг дахил ҳастанд. Ин боиси тақвияти бештари пайвандҳои даруни меҳвар шудааст. Акнун ҳамаи онҳо ба якдигар ва ҷилавгирӣ аз пирӯзии ошкори Исроил дар Ғазза вобастаанд. Зеро агар Исроил пирӯз шавад, эҳтимолан таваҷҷӯҳи худро ба соири аъзои меҳвар маътуф хоҳад кард, аз Ҳизбуллоҳ шурӯъ мешавад ва ба Эрон хатм мешавад.

Ҷанги расонаӣ

Дурбинҳо барои ҳамалоти Ҳамос дар 7-октябр ба андозаи силоҳҳои маргбор муҳим буданд. Ҳамос бо истифода аз дурбинҳои GOPRO, ки бар рӯйи шибҳинизомиён ва паҳподҳо баста шуда буд, то нақоиси девори амниятии Исроилро сабт кунад, чанд соат пас аз ҳамла шурӯъ ба интишори видеоҳои омода барои расонаҳои иҷтимоӣ кард ва аз ҳамон ибтидо контроли ривоятро дар даст гирифт.

Ҳамос аз он замон то кунун ба ҳамон андоза дар арсаи расонаӣ фаъол аст. Ба унвони мисол, дар ҷараёни оташбаси муваққат ва табодули гаравгонҳо дар ноябри 2023, ин гурӯҳ асирони исроилии худро дар васати шаҳри Ғазза озод кард ва дурбинҳо омодаи тасвирбардорӣ аз лабхндҳо, даст додани онҳо бо асиркунандгонашон буданд.

Ин кор барои муқобила бо ривоятҳои сиёсатмадорони исроилӣ аз теруристҳои “ваҳшӣ” ва “ҳайвоноти инсоннамо” тарроҳӣ шуда буд. Афкори умумӣ дар саросари Ховари Миёна, ҷануби ҷаҳонӣ ва ҳатто Ғарб ба таври фазояндае ин даргириро натиҷаи як ишғоли чанддаҳаӣ медонанд, то посухе ба теруризми исломӣ. Ин амр ба таври зимнӣ бар ҷаҳонбинии зидди истеъмории меҳвар сиҳҳа мегузорд ва ба маҳбубияти бештари ин меҳвар дар саросари минтақа кӯмак мекунад.

Меҳвар умедвор аст, ки маҳбубияти ҷаҳонии он низ афзоиш ёбад. Барои аввалин бор дар тайи чандин даҳа, ормони Фаластин дар сатҳи байналмилалӣ барҷаста шудааст, ки раҳбарони меҳвар онро як мавҳибат медонанд.

Зуҳури масъалаи Фаластин, Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаро мунзавӣ мекунад ва интиқодоти ҷаҳонӣ аз истеъмори шаҳракнишинон, ишғолгарӣ ва опортойдро афзоиш медиҳад.

Раҳбарони меҳвар аз рӯёрӯӣ бо Ғарб дар замоне, ки ин идеяҳои зидди ғарбӣ таваҷҷӯҳи тозаеро ба худ ҷалб кардааст, истиқбол мекунанд. Барои ин манзур, раҳбарони меҳвар ин мафоҳимро дар маркази паёмҳои худ қарор додаанд.

Истилоҳоти динии мубҳам, ки барои муддати тӯлонӣ ҷузъи аслии ривояти Эрон ва Ҳизбуллоҳ буд, аз байн рафтааст. Ба ҷойи он, калимот ва ибороте ошно аз адабиёти ҳуқуқ башар ва ҳуқуқи байналмилал дар паёмҳои онҳо вуҷуд дорад.

Як намунаи омӯзанда ахиран рух дод; замоне, ки Ҳусиҳо видеое ба забони англисиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд, ки дар он аз муҳосираи баҳри Сурх барои ҳамаи киштиҳои тиҷории муртабит бо Исроил ё ба мақсади банодири Исроил хабар дод.

Дар ин видео омада буд, ки ин амалиёти низомӣ “ба муфоди моддаи 1 конвенсияи пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти наслкушӣ пойбанд аст. Ин модда муқаррар медорад, ки ҳамаи тарафҳои конвенсия муваззафанд аз вуқӯъи наслкушӣ ҷилавгирӣ кунанд ва масъулини иртикоби онро муҷозот кунанд.”

Ин видео бо ин паём ба поён мерасад: “Ин муҳосираи дарёӣ замоне, ки наслкушӣ мутаваққиф шавад, тамом хоҳад шуд.”

Дар 11 январ, Ангилистон ва Иёлоти Муттаҳида Яманро бомбборон карданд, дар ҳамон рӯзе, ки Офриқои ҷанубӣ парвандаи худ алайҳи наслкушии Исроил дар навори Ғаззаро дар додгоҳи байналмилалии додгустарӣ (додгоҳи Гаага) матраҳ кард.

Бори дигар, дар саросари шабакаҳои иҷтимоӣ, ин паём пахш шуд, ки Офриқои ҷанубӣ ва Яман иқдомотеро барои таваққуфи наслкушӣ анҷом медиҳанд, дар ҳоле, ки Ландан ва Вошингтун бори дигар минтақаро барои ҳимоят аз золим (Исроил) бомбборон мекунанд. Дар тӯли се моҳи гузашта, бавежа Ҳусиҳо бо пахши видеоҳояшон дар TIKTOK, маҳбубияти ҷаҳонии густурдае бавежа дар миёни навҷавонони мавсум ба “насли Z” касб кардаанд.

Дар тӯли 20 соли “ҷанги Омрико алайҳи терур”, аъзои Меҳвари Муқовамат ё дар сатҳи байналмилалӣ ношинохта буданд ё сирфан теруристҳое бо ангезаи нафрат аз Ғарб дар назар гирифта мешуданд. Аз 7 октябр, ин меҳвар тавонистааст худро бар асоси шароити хосси худ таъриф кунад ва бо муваффақият иқдомоти худро бо ҷунбишҳои зидди истеъмории ҷаҳонӣ пайванд диҳад ва дар ин роҳ тавониста муваффақияти ғайриқобили тасаввуреро таҷриба кунад. Барои мисол, мӯътаризон дар Ландан ин моҳ ин шиорро медоданд: “Яман, Яман, моро сарбаланд кун, кишти дигареро баргардон!”

Бинобар ин, ин меҳвар акнун бо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида на танҳо дар майдонҳои набард дар Ховари Миёна, балки дар саросари расонаҳои иҷтимоӣ – дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Инстаграмм, Телеграмм, Тикток ва Х – барои таъсиргузорӣ бар афкори умумии ҷаҳон меҷангад.

Дар воқеъ, изҳороти Насруллоҳ ва Оятуллоҳ Хоманаӣ нишон медиҳад, ки раҳбарони меҳвар, афкори умумии байналмилалиро муҳимтарин ҷоизаи баландмуддати стратегӣ медонанд. Онҳо медонанд, ки наметавонанд Иёлоти Муттаҳидаро аз назари низомӣ шикаст диҳанд ва бинобар ин умедворанд фишори умумӣ кофӣ барои водор кардани Вошингтун ба ақибнишинӣ аз Ховари Миёна ва эҳтиром ба ҳокимияти фаластиниҳо эҷод кунанд.

Ба ҳамин далел аст, ки Насруллоҳ ин воқеиятро ҷашн гирифтааст, ки “Исроил акнун ба лутфи расонаҳои иҷтимоӣ ба унвони як давлати теруристии кӯдаккуш дида мешавад.” Насруллоҳ идома дод, ба далели расонаҳои иҷтимоӣ, тасаввури ҷаҳонӣ аз Исроил иваз шуда ва ин режим инак ба унвони “қотили кӯдакон ва занон, ки мардумро овора мекунад ва масъули бузургтарин наслкушӣ дар қарни ҳозир аст.”

Насруллоҳ ҳамчунин аз тавоноии расонаҳои иҷтимоӣ дар густариши ин дидгоҳ, ки Иёлоти Муттаҳида масъули аслии куштори Ғазза аст, таҷлил кардааст. Вай гуфт: “Ҷанги Ғазза як ҷанги омрикоӣ аст, бомбҳо омрикоӣ ҳастанд, тасмим омрикоӣ аст. Ҷаҳон имрӯз инро медонад.”

Барои Меҳвари Муқовамат, ин кампини расонаӣ бисёр бо аҳаммият аст. Эрон ва Ҳизбуллоҳ муддатҳост, ки аз аҳаммияти қудрати нарм огоҳ будаанд, аммо аз назари таърихӣ дар таъсиргузорӣ бар он номувафақ будаанд. Аммо онҳо ин костиро ташхис доданд ва даҳаи гузаштаро сарфи сохтани як зерсохти расонаии қавӣ ва зирак – ки акнун ба чандин забон фаъол аст – дақиқан барои чунин лаҳазоте сарф кардаанд.

Имрӯз, Меҳвари Муқовамат филмҳои рӯзонаи амалиёти майдони набардро ҳамроҳ бо “эффектҳои ором” мунташир мекунад, то зарбаҳои мустақим ба сарбозон ва таъсисоти низомии Исроилро барҷаста кунад.

Дар TIKTOK видеоҳое аз рақси Ҳусиҳо рӯйи киштиҳои тавқифшуда дар баҳри Сурх мунташир мешавад ва “мемҳое”-ро тавлид мекунад, ки бар эҷоди маҳбубияти ҷаҳонӣ барои шахсиятҳои аслии меҳвар, аз ҷумла Абӯубайда, сухангӯи Ҳамос тамаркуз дорад.

Ҳамчунин муҳтавоҳое барои Насруллоҳ тавлид мешавад ва раҳбари Ҳизбуллоҳро дар муқобили сарони кишварҳои араб қарор медиҳад, ки муттаҳам ба камкорӣ барои фаластиниҳо ҳастанд.

Ин хуруҷӣ мукаммили муҳтавоҳои тавлидшуда дар саросари ҷаҳон барои ҳимоят аз Фаластин аст ва доманаи дастрасии ин меҳварро ба равишҳои бесобиқае густариш медиҳад.

Кампинҳои низомӣ ва қудрати нарм, ки ин меҳвар тарроҳӣ кардааст, чолишҳои минтақаии бесобиқаеро барои Ғарб ва бавежа Вошингтун эҷод мекунад. Агар ҷанг ба зудӣ поён наёбад ва роҳи равшане барои ҳаллу фасли одилонаи масъалаи Фаластин эҷод нашавад, Иёлоти Муттаҳида бо минтақае рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки сиёсати он ба таври фазояндае тавассути хашме, ки навори Ғаззаро фаро гирифтааст, шакл хоҳад дод.

Густариши даргирӣ фаротар аз Ғазза, тавассути Исроил ба Лубнон ё тавассути Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ба Яман, танҳо ба ин хашм доман мезанад ва афкори умумиро бештар мултаҳиб мекунад ва нуфузи Меҳвари Муқоваматро бештар тасбит мекунад. Вошингтун танҳо метавонад ин равандро бо музокира дар мавриди оташбас дар Ғазза ва сипас шаклдиҳии як раванди сулҳи мӯътабар, ки мунҷар ба як роҳи ҳалли ниҳоӣ шавад, маъкус кунад.

Меҳвари Муқовамат муддатҳост дар ҳоли тавсиа аст. Ҷанги Ғазза бузургтарин фурсатро то кунун ба ин шабака додааст, то ҳамлаи низомӣ ва таблиғотӣ ба Ғарбро оғоз кунад. Пеш аз ин низ дар минтақа аз тариқи таслеҳот ва сарбозони худ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ, худро ба исбот расондааст.

Ҷанги Исроил ва Ҳамос Ховари Миёнаро тағйир додааст: хашми умумии густурда барангехта шудааст ва душманӣ бо Ғарб метавонад ҷараққаи ифротгароӣ ва бесуботии сиёсии тозаеро барангезад.

Барои ҳокимони минтақа, ҳатто онҳое, ки Вошингтун онҳоро муттаҳид медонад, ҷанг амният ва равобити онҳо бо Ғарбро тағйир додааст. Иёлоти Муттаҳида на метавонад ба роҳатӣ ин меҳварро аз байн бибарад ва на метавонад афкореро, ки ба вуҷуд омадааст, шикаст диҳад.

Танҳо роҳ барои бастани роҳи об ба осиёби Меҳвари Муқовамат, поён додан ба ҷанги Ғазза ва музокира барои ҳаллу фасли воқеӣ ва одилонаи масъала Исроил ва Фаластин аст. То замоне, ки ин кор анҷом нашавад, ин меҳвар як воқеияти минтақае хоҳад буд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд солҳои зиёде бо он дасту панҷа нарм кунад.”

Foreign Affairs

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фирдавс даме зи вақти осудаи мост
Ҳамлаи рокетӣ ба пойгоҳи амрикоӣ

Матолиби пурбоздид