Ҷанги Ғазза охирин мехро бар тобути “Исроил” ва ҳайманаи Омрико хоҳад зад!

Таҳлили хабарӣ
Ҷанги Ғазза охирин мехро бар тобути режими “Исроил” ва ҳайманаи Омрико хоҳад зад!
Таҳлил
Ёддошти Абдулборӣ Атвон, андешманди фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”
“Он чи дар фурудгоҳи Доғистони Русия дар рӯзи якшанбе рух дод ва садҳо тазоҳуркунандаи мусалмон дар ҳоле, ки парчами Фаластин ва плакатҳое, ки бар рӯйи он навишта шуда буд: «Дар Доғистон ҷойе барои кӯдаккушон нест!»-ро дар даст доштанд, дар ҷустуҷӯи саҳюнистҳо баромаданд, дар воқеъ аввалин нишонаҳои ҷанге аст, ки ишғолгарон бо ҳамла ба Масҷидулақсо ва иртикоби поксозии нажодӣ ва куштор дар Ғазза барои 4-умин ҳафтаи паёпай, оғозгари он буданд.
Фаъолони араб ва мусалмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар шикастани сонсури Исроил ва ҳайманаи он бар расонаҳои ғарбӣ, нақши боризе ифо карданд ва он ҳам аз тариқи пахши видеоҳои зинда аз қурбониёни ҳамалоти ҳавоии режими Исроил буд; ҳамалоте, ки ба шаҳодати беш аз 8 ҳазор шаҳрванди Ғазза мунҷар шуда, беш аз 20 ҳазор маҷрӯҳ бар ҷой гузошта, вайронии қариб ба 50 ҳазор манзил ва оворагии беш аз як миллион нафарро ба дунбол доштааст.
Дар ибтидо, абзорҳои таблиғотии режими Исроил ва Омрико ба дунболи воруна ҷилва додани ҳақоиқ баромаданд ва бо тасовири ҷаълӣ ҳаҷмаи сангинеро алайҳи муқовамат ва Ҳамос анҷом доданд, аммо Ҳамос дар буъди расона хеле ҳушмандона амал кард ва сеҳрро ба соҳир бозгардонид.
Ҳамос бо озодии ду асири бемор, ҳаракати ҳушмандона оғоз кард ба вежа, ки ин ду асир аз рафтори инсонии Ҳамос сухан гуфтанд. Ҳамос ин зарбаи расонаиро бо изҳороти се асири зани исроилӣ такмил кард, ки дар видеое ба Натонёҳу ва артиши он ҳамла карданд.
Куштори фашистии саҳюнистҳо ва ба вежа видеоҳои шаҳодати кӯдакон ва тикка-тикка шудани пайкарҳои поки онҳо бар асари ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ, нигоҳи афкори умумиро тағйир дод ва тазоҳуроти густурда алайҳи режими ишғолгари хунрез ва опортойд, дар саросари ҷаҳон ба роҳ андохт.
Давлатҳои араби созишкоре, ки фурудгоҳҳои худро ба рӯйи исроилиҳо гушуда ва аз онҳо истиқболи гарме карданд ва иҷозаи ифтитоҳи сафорат ба саҳюнистҳо доданд ва равобити тиҷорӣ бо исроилиҳо барқарор карданд, чи басо бо ҳамон эътирозоте ва шояд ҳам шадидтар рӯбарӯ шаванд, ки дар Доғистон рух дод. Шаҳрвандони араб ба шиддат аз мушоҳадаи тикка-тикка шудани пайкарҳои бародарони худ дар Ғаззаи муҳосара ва гурусна нигаҳдошта шуда ва маҳрум аз обу барқ ва дору ва сӯхт, ба хашм омадаанд.
Томас Фридман дар ёддошти худ дар рӯзномаи New York Times, аз Исроил мехоҳад, ки вориди тунелҳои Ғазза нашавад, зеро низомиёни ин режим дигар наметавонанд аз он зинда хориҷ шаванд ва ин ки дучори фурӯпошии иқтисодӣ ва руҳии бесобиқа хоҳанд шуд, ин мавзеъи як коршиноси умури Ховари Миёна аст, ки тасвире сиёҳ аз ин режим ва ояндаи он ироа медиҳад.
Ҷанги Ғазза, ки дар он гурӯҳҳои муқовамат бо хуни шаҳидон пирӯз шуданд, ба манзилаи талангуре ба ҷаҳони араб ва ислом ва омили бедории онҳо шуд ва охирин мехро бар тобути режими ишғолгар ва ҳайманаи Омрико бар дунё хоҳад зад ва амният ва суботи доимиро ба Ховари Миёна ва чи басо дунё бармегардонад.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чин номи Исроилро аз харитаҳои ҷаҳон ҳазф кард
Тазоҳурот дар Барселона дар ҳимоят аз Фаластин

Матолиби пурбоздид