Ҷаҳонбинии саҳеҳ – маншаи саодати инсон
Ҳоло ки бо нақши ҷаҳонбинӣ ошно шудем, дар паи он мешавем, ки бубинем он кадом ҷаҳонбинист, ки мо дар ҷустуҷўяш ҳастем ва дар талошем то ба он даст ёбем ва ба иборати дигар ҷаҳонбинии хубу олӣ кадом аст?
Ҷаҳонбинии хубу олӣ, ки маншаи саодати инсон мегардад, бояд дорои меъёрҳои зер бошад:
1.Мантиқӣ ва қобили исбот бошад; зеро мантиқӣ будани як чизе заминаи пазириши ақлии онро фароҳам месозад ва онро дар андешаҳо қобили қабул мегардонад, ибҳомҳо ва торикиҳоеро, ки монеи бузурге ҳангоми амал аст бартараф месозад.
2.Ба ҳаёт ва зиндагӣ маъно диҳад; андешаи ботили лағву беҳуда будани зиндагиро аз зеҳнҳо хориҷ созад.
3.Ормонсоз ва шавқангез бошад, зеро ормонсоз будани ҷаҳонбинии як мактаб (идеология), ҷозиба ва қудрати кашиш ба он медиҳад ва ба он ҳарорату ниру мебахшад.
4.Қудрати тақаддус бахшидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.
Тақаддус бахшидани як ҷаҳонбинӣ ба ҳадафҳои мактаб сабаб мегардад, ки афрод ба осонӣ дар роҳи ҳадафҳои мактаб фидокорӣ ба харҷ диҳанд; то як мактаб натавонад ба ҳадафҳои худ тақаддус бахшад ва дар афрод ҳисси парастишу фидокорӣ ва гузашт нисбат ба ҳадафҳои мактаб ба вуҷуд наоварад, аҳдофи он мактаб замонати иҷроӣ надорад.
5.Тааҳҳудовар ва масъулиятбарангез бошад.
Тааҳҳудоварӣ ва масъулиятбарангез будани як ҷаҳонбинӣ, фардро дар умқи виҷдон ва замир мутааҳҳид мекунад ва масъули хеш ва ҷомеа қарор медиҳад.
Ҳамаи он хислатҳо, ки барои як ҷаҳонбинии хуб зарурист, дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ ҷамъ шудааст.
Ҷаҳонбинии тавҳидӣ чист?
Ҷаҳонбинии тавҳидӣ, яъне дарки ин ки ҷаҳон аз як машияти ҳакимона падид омадааст ва низоми ҳастӣ бар асоси хайру раҳмат ва расонидани мавҷудот бар камолоти шоистаи онҳо устувор аст. Ҷаҳонбинии тавҳидӣ яъне ҷаҳони якқутбӣ ва якмеҳварӣ аст. Моҳияти ҷаҳонбинии тавҳидӣ “аз ў” (инно лиллоҳ) ва “ба сўи ўст” (инно илайҳи роҷиун) мебошад.
Дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ офариниши ҳеҷ мавҷуде абас ва беҳуда ва бидуни ҳадаф намебошад ва ҷаҳон бо як силсила низомоти қатъие, ки суннати илоҳӣ номида мешавад идора мешавад. Дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ инсон дар байни мавҷудот аз каромату шарофати хоссе бархурдор аст ва вазифаю рисолати хоссе дорад; масъули такмилу тарбияти худ ва ислоҳи ҷомеаи хеш аст, ҷаҳон мадрасаи инсон аст ва Худованд ба ҳар инсоне бар тибқи ният ва кўшиши саҳеҳ ва дурусташ подош медиҳад. Ҷаҳонбинии тавҳидӣ бо нируи мантиқ ва илму истидлол ҳимоят мешавад. Дар ҳар зарра аз зарроти ҷаҳон далоиле бар вуҷуди Худои ҳакиму алим мавҷуд мебошад.
Ҷаҳонбинии тавҳидӣ ба ҳаёт ва зиндагӣ маъно ва руҳу ҳадаф мебахшад, зеро инсонро дар масире аз камол қарор медиҳад, ки дар ҳеҷ ҳадди муайяне бознамеистад ва ҳамеша рў ба пеш аст.
Ҷаҳонбинии тавҳидӣ кашиш ва ҷозиба дорад, ба инсон нишоту дилгармӣ мебахшад, ҳадафҳои мутаолӣ ва муқаддас арза медорад ва афроди фидокор месозад.
Ҷаҳонбинии тавҳидӣ танҳо ҷаҳонбиние аст, ки дар он тааҳҳуд ва масъулияти афрод нисбат ба ҳамдигар маънову мафҳум пайдо мекунад, ҳамчунон ки танҳо ҷаҳонбинии тавҳидӣ аст, ки одамиро аз суқут дар дараи ҳавлноки пучгароӣ ва ҳеҷситоӣ наҷот медиҳад.
Ҷаҳонбинии исломӣ ҷаҳонбинии тавҳидӣ аст. Тавҳид дар ислом ба холистарин шакл ва поктарин тарз баён шудааст. Аз назари ислом Худованд мислу монанд надорад, шабеҳи чизе нест, бениёзи мутлақ аст ва ҳама ба ў ниёзманданд. Худованд ба ҳама чиз огоҳ ва тавоност. Дар ҳама ҷо ҳаст, ба ҳар тараф, ки биистем рў ба ў истодаем. Худованд аз ниятҳо ва қасдҳоямон огоҳ аст; аз раги гардан ба инсон наздиктар аст; аз ҳар нақсе муназзаҳу мубаррост.
Аз назари ҷаҳонбинии исломӣ, ҷаҳон як махлуқе аст, ки бо инояту машияти илоҳӣ нигаҳдорӣ мешавад ва агар лаҳзае инояти илоҳӣ аз ҷаҳон гирифта шавад, ҷаҳон несту нобуд мегардад.