Ҷойгоҳи нухбагон дар сиёсат

Ҷойгоҳи нухбагон дар сиёсат

Сиёсати ҳар ҷомеа ва кишваре бастагӣ ба он дорад, ки “сиёсатмадорон”-и он, манофеи худро дар чӣ чизе ташхис медиҳанд, лизо сардамдорони кишварҳо бо тарафҳои худ ва кишварҳои дигар, рӯзе бо ҳам, аз дари душманӣ медароянду рӯзи дигар бо ҳам “дӯст”-анд.
Аммо дар ин миён, бархе аз фарҳангиёни ҷомеа, нухбагони илмӣ, асотид ва руҳониёне низ ёфт мешаванд, ки барои хушояндӣ дар пешгоҳи қудратмандон, ҳамон мавзеъро мегиранд ва баъзан дар ин мавзеъгириашон ба қадре ғулув ва зиёдаравиҳои беҷо мекунанд, ки он тарафаш нопайдост, дар ҳоле ки худашон шояд қалбан розӣ ба он набошанд ва низ ғофил аз он ки чашмони миллате ба рафтору афкори инон дӯхта шудааст.
Пас аз чанде, сиёсатмадорон мавзеи худро иваз мекунанд ва душманони дирӯз бо ҳам табдил ба “дӯст”-они имрӯз мешаванд ва масалан “шарикҳои стратегӣ” мешаванду тафоҳумномаҳое бо ҳам имзо мекунанд ва ба ҳам даст медиҳанд…

Ва ин ҷо он нухбагону фарҳангиён ҳастанд, ки акнун намедонанд, чӣ гуна мавзеи худро тағйир диҳанд, зеро на шаҳомати онро доранд, ки ба иштибоҳи худ иқрор кунанд ва бигӯянд, он мавзеи ман ба хотири маслиҳат буд, вагарна ман ҳам мавзеи ҷадиди ҳукуматдоронро бештар меписандам ва на рӯи онро доранд, ки мисли сиёсатмадорон ба роҳатӣ ранг иваз кунанд…
Пас ақл ҳукм мекунад, ки ин афрод – нухбагони фарҳангӣ, ҳунарӣ ва махсусан адабӣ, худро асири бозиҳои сиёсӣ накунанд.
Шояд суоле ба зеҳни хонанда пеш ояд, ки худро асири бозиҳои сиёсӣ накунанд, пас чӣ кор кунанд, гӯшае бинишинанд ва фақат наззорагар бошанд ва ҳеч назаре надошта бошанд? На!
Мавзеи нухбагон ин нест ва аслан дар шаъни онҳо нест, ки фақат наззорагари сирф бошанд, балки дар дифоъ аз манофеи миллӣ, бо шаҳомату шуҷоат, мавзеъгирӣ кунанд ва изҳори назар намоянду пофишорӣ ҳам дошта бошанд, аммо мавзеъгирӣ ва изҳори назарҳояшон тобеи мавзеъгириҳои баъзан ғалат ва мақтаии сардамдорону сиёсатмадороне набошад, ки манофеашон фақат хулоса мешавад, дар ҳифзи қудратҳои гурӯҳию ҳизбӣ ва баъзан хонаводагӣ… Вагарна ҳамон беҳтар, ки сукут кунанд.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Акрамхони Зиёдуллоҳ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Агар танҳо шудӣ…
Сиёсати илоҳӣ ва исломӣ

Матолиби пурбоздид