Ҷузъиёти матни пешниҳодии режими саҳюнистӣ ба Ҳамос барои оташбас
Ахбори байналмилал
Alalam
Манобеъи расонаӣ матни пешниҳодии режими саҳюнистӣ ба ҷунбиши Ҳамос ба манзури барқарории оташбас дар борикаи Ғаззаро мунташир карданд.
Ба гузориши шабакаи Алъолам, матни пешниҳодии режими саҳюнистӣ ба ҷунбиши Ҳамос барои барқарории оташбас дар борикаи Ғазза рӯзи ҷумъа аз тариқи миёнҷигарони мисрӣ дар ихтиёри раҳбарони Ҳамос қарор гирифт.
Дар ин матни 3-марҳилаӣ, пешниҳод шуда, ки тамоми асирони исроилии мавҷуд дар борикаи Ғазза (чӣ зинда ва чӣ мурда) озод ва оромиши мудовим ба борикаи Ғазза бозгардад.
Матни пешниҳодии режимии Исроил ба ин шарҳ аст:
Марҳилаи аввал (40 рӯз) бо имкони тамдид:
* Таваққуфи муваққати амалиёти низомии мутақобил байни ду тараф ва ақибнишинии нерӯҳои исроилӣ ба самти шарқ ва дур аз манотиқи пурҷамъият ба минтақае наздик ба марз дар тамоми манотиқи борикаи Ғазза (ба истиснои минтақаи мавсум ба водии Ғазза).
* Таваққуфи амалиёти ҳавоӣ (низомӣ ва шиносоӣ) дар борикаи Ғазза ба муддати 8 соат дар рӯз ва ба муддати 10 соат дар рӯзҳои озодӣ ва мубодилаи боздоштшудагон ва асирон.
* Бозгашти ғайринизомиёни овора ба манотиқи зиндагии худ.
* Дар рӯзи ҳафтум (пас аз озодии ҳамаи занони асири исроилӣ), нерӯҳои режими саҳюнистӣ аз хиёбони Аррашид ба самти шарқ дар имтидоди хиёбони Салоҳуддин ақибнишинӣ мекунанд, ба наҳве, ки вуруди кӯмакҳои башардӯстонаро осон кунад. Бозгашти ғайринизомиёни овораи ғайримусаллаҳ ба манотиқи зиндагии худ ва озодии рафту омади ғайринизомиён дар тамоми манотиқи борикаи Ғазза.
* Дар рӯзи 22-ум (пас аз озодии ду севвуми боздоштшудагон), нерӯҳои исроилӣ аз маркази борикаи Ғазза (бавежа меҳвари Шуҳадои Нетзорим ва меҳвари даврбаргардони Кувайт) дар шарқи ҷоддаи Салоҳуддин ба минтақае наздики марз ақибнишинӣ мекунанд. Тавре, ки ғайринизомиёни овора муҷоз ба бозгашт ба маҳалли зиндагии худ дар шимоли борикаи Ғазза хоҳанд буд.
* Осон кардани вуруди мақодири пурҳаҷм ва муносиби кӯмакҳои башардӯстона, маводди имдодӣ ва сӯхт (500 комюн, аз ҷумла 50 комюн сӯхт, 250 комюн ба шимол), аз ҷумла сӯхти мавриди ниёз барои роҳандозии истгоҳи барқ ва тиҷорат ва таҷҳизоти мавриди ниёз барои оворбардорӣ ва бозсозӣ ва роҳандозии бемористонҳо, марокизи беҳдоштӣ ва нонвойҳо дар ҳар минтақа аз борикаи Ғазза. Ин амр дар тамоми мароҳили тавофуқ идома хоҳад дошт.
* Табодули зиндониён байни ду тараф:
Ҳамос ҳадди ақал 33 зиндонӣ (асир)-и марду занро озод мекунад, аз ҷумла тамоми бозмондагони исроилӣ аз ҷумла занон (-и ғайри низомӣ ва сарбоз), кӯдакон (афроди зери 19 сол), афроди солхӯрда (болои 50 сол) ва беморон ва маҷрӯҳон.
* Ҳамос тамоми зиндониён (асирон)-и зиндаи исроилӣ, аз ҷумла занон ва кӯдакони ғайринизомӣ (зери 19 сол)-ро озод мекунад дар муқобил, Исроил ба изои ҳар зиндонии исроилӣ, ки озод мешавад, 20 кӯдак ва зани фаластиниро бар асоси листҳои ироашуда тавассути Ҳамос бар асоси қадимитарин боздоштҳо озод мекунад.
* Ҳамос тамоми асирони зиндаи исроилӣ аъамм аз афроди солхӯрда (болои 50 сол), беморон ва маҷрӯҳонро озод мекунад, дар муқобил, Исроил 20 зиндонии солхӯрда (болои 50 сол, беморон ва маҷрӯҳон)-ро озод мекунад, ки боқимондаи муддати маҳкумияти онҳо аз 10 сол бештар набошад.
* Ҳамос тамоми сарбозони зани исроилиро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд (ва дар таърихи 7/10/2023 дар хидмати сарбозӣ фаъол буданд) озод мекунад ва дар иваз, Телавив ба изои ҳар сарбози зани исроилӣ, ки озод мешавад, 40 зиндониро аз зиндонҳои худ озод мекунад (20 нафар маҳкум ба ҳабси абад ва 20 нафар маҳкуме, ки беш аз 10 сол аз замони маҳкумияташ боқӣ намонда бошад) бар асоси листҳои ироашуда тавассути Ҳамос, машрут ба ин ки набояд аз 200 исм бештар шавад. Ҳар як аз зиндониёне, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда ва озод мешаванд, метавонанд ба Ғазза ё хориҷи борикаи Ғазза бираванд.
* Ҷадвали замонбандии мубодилаи боздоштшудагон ва зиндониён байни ду тараф дар марҳилаи аввал:
Ҳамос 3 зиндонии исроилиро дар рӯзи аввали тавофуқ озод мекунад ва пас аз он, Ҳамос ҳар се рӯз якбор 3 зиндонии дигарро озод мекунад, аз ҳамаи занон (-и ғайри низомӣ ва сарбоз) то рӯзи 33-ум, Исроил ҳамон мавориди тавофуқшударо озод мекунад. Ҳаддиаксар то рӯзи ҳафтум, Ҳамос феҳристе аз тамоми боздоштшудагони боқимонда (илова бар 33 нафари зикршуда) аз дастаҳои фавқуззикр ироа мекунад, машрут бар ин ки дар рӯзи 34-ум, озод шаванд. Баста ба теъдоди зиндониёни боқимонда, таваққуфи амалиёти низомӣ барои чанд рӯз тамдид хоҳад шуд (як рӯзи дигар барои ҳар зиндонии дигаре, ки озод мешавад. Дар иваз, тарафи исроилӣ ҳамон теъдод асирони фаластиниро, ки тавофуқ шуда дар зиндонҳои Исроил озод мекунад).
Исроил мутаъаҳҳид мешавад, асирони озодшудаи фаластиниро ба хотири ҳамон иттиҳомоте, ки қаблан ба хотири онҳо дастгир шуда буданд, бори дигар боздошт накунад.
Ҳаддиаксар то 16-умин рӯз аз марҳилаи аввал (ва пас аз озодии ниме аз боздоштшудагон) гуфтугӯҳои ғайримустақим байни ду тараф дар хусуси тавофуқ бар сари муқаддимоти лозим барои бозгашти оромиши пойдор оғоз хоҳад шуд.
Созмони Милали Муттаҳид, ожонсҳои марбутаи он ва соири созмонҳои байналмилалӣ кори худро дар ироаи хадамоти башардӯстона дар тамоми манотиқи борикаи Ғазза анҷом медиҳанд ва ин амр дар тамоми мароҳили тавофуқ идома дорад.
Оғози бозсозии зерсохтҳо (барқ, об, фозилоб, иртиботот ва ҷоддаҳо) дар тамоми манотиқи борикаи Ғазза ва ҳамоҳангӣ ҷиҳати вуруди таҷҳизоти лозим барои имдод ва оворбардорӣ дар тамоми ин мароҳил вуҷуд хоҳад дошт.
Ҳамчунин тадорукот ва малзумоти лозим барои эҷоди урдугоҳ ва сарпаноҳ барои искони оворагоне, ки дар тӯли ҷанг хонаҳои худро аз даст додаанд таҳия хоҳад шуд. Аз рӯзи 14-ум, теъдоди тавофуқшудае аз нерӯҳои низомии маҷрӯҳ иҷозаи убур аз гузаргоҳи Рафаҳ барои дарёфти хадамоти дармониро хоҳанд дошт.
Дар ин матн, пешниҳоде, ки Омрико, Қатар ва Миср ба унвони зомини иҷрои он эълом шудаанд, ҳамчунин 2 марҳилаи дигар барои мубодилаи аҷсоди асирони ҷонбохта ва низ як марҳила барои бозсозии 5-солаи борика Ғазза дар назар гирифта шудааст.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: