Ҷузъхонии Қуръони Карим дар моҳи мубораки рамазон

Ҷузъхонии Қуръони Карим дар моҳи мубораки рамазон

Ҷузъхонии Қуръони Карим дар Чаҳорбоғи Исфаҳон

Хабарномаи рамазон

Як суннати зебое дар моҳи мубораки рамазон, дар Эрон ҳаст, ки дар моҳ дар масоҷид ва маконҳои мазҳабӣ, ҷавонону навҷавонон ва зану мард аз пиру ҷавон, даври ҳам ҷамъ мешаванд ва ба ҳамхонии Қуръони Карим мепардозанд.

Ин маросим ҳамарӯза баргузор мешавад ва ҳар рӯз як ҷузъ аз Қуръони Карим тиловат мешавад.

Ин маросим ба ин гуна баргузор мешавад, ки се-чаҳор нафар қориён дар садри маҷлис қарор мегиранд ва ҳар кадом, бо навбат аз рӯи китоб ба таловати Қуръон мепардозанд ва садои қориён аз тариқи баландгӯ пахш мешавад. Ширкаткунандагон ҳам, ки Қуръони Карим дар ихтиёрашон гузошта мешавад, ҳамроҳ бо қориён ба тиловат машғул мешаванд.

Дар ин маросимҳо аз садҳо то ҳазорон нафар ширкат мекунанд.

Имсол дар ибтикори ҷадид, бо расидани фасли баҳор ва фаро расидани моҳи шарифи рамазон – баҳори Қуръон, дар бархе шаҳрҳои Эрон, ин маросимҳо дар поркҳо низ дар ҳоли баргузорист.

Дар идома чанд тасвири зебо аз ҷузъхонии Қуръони Карим дар Чаҳорбоғи Исфаҳон пешкаши мухотабони азизи Қаламонлайн мегардад.

Хабарнигори вижаи Қаламонлайн дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба барномаҳои чаҳор номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия
Афзоиши равобити Исроил бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Матолиби пурбоздид