Ҷулонӣ: Ба Паймони Иброҳим мепайвандем!

Ҷулонӣ: Омодаи пайвастан ба паймони Иброҳим ҳастем!

Байналмилал

Aljarida

Ба гузориши Ал-Ҷарида

Кори Миллс – узви Кунграи Омрико гуфт, дидоре дар Кохи риёсати Ҷумҳурии Сурия бо Аҳмад Шаръ (Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ, саркардаи Таҳрир уш- Шом) бо ҳузури Асъад Шибонӣ, вазири хориҷаи ин кишвар доштам ва дар ин дидор, Аҳмад Шаръ дар бораи беҳбуди равобит бо Исроил бархӯрди мусбате нишон дод.

Бар асоси ин гузориш, Миллс гуфт, имкони музокироти мустақим ва чи басо густариши тавофуқҳои Иброҳим (оддисозии равобит бо Исроил) ва пайвастани Димишқ ба ин тавофуқҳо вуҷуд дорад.

Кори Миллс таъкид кард: “Шаръ аз омодагии худ барои мумонаат аз интиқоли силоҳ аз тариқи хоки Сурия, ки дар ҳамла ба Исроил истифода шавад хабар дод ва бар тамоюли худ барои эҷоди равобити табиӣ бо тамоми давлатҳои муҷовири Сурия таъкид кард.”

Вай дар бораи таҳримҳои Омрико алайҳи Сурия гуфт: “Рафъи ин таҳримҳо дар гарави тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико аст ва шарти он пойбандии Димишқ ба теъдоде аз меъёрҳо аз ҷумла тазмини “адами нуфузи Эрон дар ин кишвар” ва тазмини озодии амалиёти Омрико дар минтақа ва поёни зулм бар асоси эътиқодот динӣ ё иҷтимоӣ аст.”

Вай таъкид кард: “Таҳаққуқи субот дар Ховари миёна мусталзими мушорикат кишварҳои меҳварӣ мисли Сурия дар раванди сиёсӣ аст ва лозим аст маконе барои Сурия дар мизи музокирот барои расидан ба роҳи ҳаллҳои доимӣ вуҷуд дошта бошад.”

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Севвумин даври музокироти Эрон ва Амрико
Таътилии бузургтарин маркази исломии Ирландия

Матолиби пурбоздид