Аввалин нажодгаро ва нажодпараст
Аввалин нажодгаро кист?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Нажодгароӣ ва нажодпарастӣ (racism), бар худбартарбинӣ ва ин гумон, ки “ман беҳтар ва бартарам” устувор аст. Дар бештари фарҳангномаҳои ҷаҳон гуфта шудааст, ки “соддатарин мисол барои нажодпарастӣ, бартар донистани инсонҳои сафедпӯст (урупоӣ) бар рангинпӯстон (ҳамчун офриқоӣ) аст”. (Kim A. Case, Rachel Hensley, Amber Anderson)
Аввалин ва нахустин нажодгаро ва нажодпараст аз назари Қуръони Карим, ин шайтон аст, Иблис аст. Дар оятҳои зиёди ин китоби осмонӣ, ба ин воқеият тасреҳ шудааст, аз ҷумла дар оятҳои 11 то 13 сураи Аъроф фармояд:
وَلَقَدْ خَلَقْنَاكُمْ ثُمَّ صَوَّرْنَاكُمْ ثُمَّ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ لَمْ يَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ. قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسْجُدَ إِذْ أَمَرْتُكَ قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ. قَالَ فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَنْ تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ
“Мо шумо (инсонҳо)-ро офаридем, сипас ба ин сурат (ки қарор доред) даровардем, сипас ба фариштагон гуфтем: барои Одам саҷда (саҷдаи таъзим) кунед. Онҳо саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд. (Худованд ба ӯ) гуфт: чӣ чиз туро монеъ шуд, ки саҷда кунӣ он вақт, ки ба ту фармон додам? Гуфт: ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз хок. (Худованд ба ӯ) гуфт: аз ин (мақому мартибаат) фуруд ой, ту дигар ҳақ надорӣ дар ин (мақому рутба) такаббур биварзӣ, берун рав, ки ту аз афроди пасту кучакӣ.”
Иблис дар оғоз аз муқаррабон ва наздикони даргоҳи илоҳӣ буд, ӯ муаллим ва устоди фариштаҳо буд ва ба истилоҳ, эркаи Худо буд. Аммо вақте Худованд инсонро офарид ва ба фариштаҳо дастур дод, ӯро саҷда кунанд (саҷдаи таъзим ва бузургдошт албатта), тамоми фариштаҳо ба ин фармони Худо гардан ниҳоданд ва дар баробари инсон хузӯъ намуданд, ба ҷуз Иблис, ки сарпечӣ кард. Худо аз ӯ пурсид, ки чаро сарпечӣ кард ва сабаби худдории вай аз саҷда кардан дар баробари инсон чист, бибинед Иблис чӣ “далеле” барои ин рафтори худ барпо медорад? Мегӯяд, далели он ки ӯро саҷда накардам ин аст, ки –
أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ
“Ман аз ӯ беҳтарам, (зеро) маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз хок.”
Худбартарбинӣ яъне ҳамин, нажодгароӣ ва нажодпарастӣ яъне ҳамин, “ман беҳтарам”, “ман аз оташам ва инсон аз хок”. Ин хӯй дар назди Худо ба ҳадде зишт ва нописанд аст, ки ба хотири он, Худо шайтонро аз даргоҳаш меронад, ҷаҳаннамӣ мешавад.
Дар назди Худо ҳеч гуноҳе зишттар ва нописандатар аз такаббур — ки ҳамон нажодпарастӣ аст — нест. Такаббур ба форсӣ яъне “худро бузург дидан”, яъне худбартарбинӣ, худро як сару гардан баландтар дидан.
Ба ҳамин ҷиҳат гуфтаанд, аввалин ва нахустин нажодпараст ва нажодгаро ин шайтон аст. Бинобар ин, ҳар инсоне вақте ба ин хӯй олуда шавад ва худро як сару гардан аз дигарон баландтар бидонад, ӯ пайрави шайтон аст. Он касе, ки бигӯяд, ман масалан ориёӣ ҳастам, ман ба истилоҳ, “оқсуякам”, ман чунинам ва ман чунон, якчунин инсоне ҳеч тафовут ва фарқе бо шайтон надорад.
Паёмбари Акрам (с) касонеро, ки ба аҷдод ва ба нажоди худ ифтихор мекунанд, пасттар аз сускҳое донистаанд, ки касофату чиркиниро бо биниҳои худ ҳамл мекунанд:
إِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ قَدْ أَذْهَبَ عَنْكُمْ عُبِّيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ وَفَخْرَهَا بِالْآبَاءِ مُؤْمِنٌ تَقِيٌّ وَفَاجِرٌ شَقِيٌّ أَنْتُمْ بَنُو آدَمَ وَآدَمُ مِنْ تُرَابٍ لَيَدَعَنَّ رِجَالٌ فَخْرَهُمْ بِأَقْوَامٍ إِنَّمَا هُمْ فَحْمٌ مِنْ فَحْمِ جَهَنَّمَ أَوْ لَيَكُونُنَّ أَهْوَنَ عَلَى اللَّهِ مِنْ الْجِعْلَانِ الَّتِي تَدْفَعُ بِأَنْفِهَا النَّتِنَ
“Ба дурустӣ, Худованди Мутаол домани шуморо (эй мӯъминон!) аз тафохури ҷоҳилият ба обо ва аҷдод дур карда. (Инсон) ё мӯъмини паҳезкор аст ё фоҷири бадбахт. Шумо фарзандони Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шуда. Пас, мардон тафохур ба қавму нажоди худро раҳо кунанд ва бидонанд, ки он мояҳои ифтихор, ҷуз зуғоли ҷаҳаннам нестанд. Ва агар онон даст аз ин кор накашанд, назди Худо аз сускҳое, ки касофатро бо бинии худ ҳамл мекунанд, пасттар хоҳанд буд.” (Сунани Абӯдовуд, 4/492, Ашшомила)
Худоё! Моро аз гирифтор шудан ба ин бемории хатарнок нигаҳ бидор!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
istaravshani.com
qalamonline.net
Қаламонлайн













