Агар танҳо шудӣ…
Агар худатро танҳо дидӣ, ғусса махур…
Шояд ин бор Худо мехоҳад худаш чатри ту бошад.
Номи Худоро садо бизан.
Чӣ касе беҳтару ғамхортар аз Худо?
Худованд мефармояд:
Онгоҳ ки танҳо шудӣ ва дар ҷустуҷӯи такягоҳ будӣ, бар ман таваккул кун!
***
Гоҳе бо як қатра, ҷоме лабрез мешавад…
Гоҳе бо як калом, қалбе ором мешавад…
Гоҳе бо як бемеҳрӣ, диле мешиканад…
Гоҳе бо як лабханд, диле хуш мешавад…
Муроқиби ин “гоҳе”-ҳо бошем, дар ҳоле ки ночизанд, ҳама чизанд…
Қаламонлайн