Эрон табодули паём бо Амрикоро мутаваққиф мекунад

Эрон табодули паём бо Амрикоро мутаваққиф мекунад

Ахбори байналмилал

Эрон табодули паём бо Амрикоро дар эътироз ба ҷиноёти Исроил мутаваққиф мекунад

Ба гузориши хабаргузории Тасним, бо тавваҷӯҳ ба идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Лубнон ва бо иноят ба ин ки Лубнон ҷузъи пешшартҳои оташбас будааст ва ҳаминак ин оташбас дар ҳамаи ҷабҳаҳо аз ҷумла Лубнон нақз шудааст, тими музокиракунандаи эронӣ “гуфтугӯҳо ва табодули матнҳо аз тариқи миёнҷӣ”-ро мутаваққиф мекунад.

Таваққуфи фаврии амалиёти таҷовузкорона ва ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнон, зарурати ақабнишинии комили режим аз манотиқи ишғолшуда дар Лубнон тавассути масъулон ва музокиракунандагони эронӣ мавриди таъкид қарори гирифта ва то замоне, ки назари Эрон ва муқовимат дар ин замина таъмин нашавад, гуфтугӯе дар кор нахоҳад буд.

Ҳамчунин, ҷабҳаи муқовимат ва Эрон азми худро барои инсидоди комили тангаи Ҳурмуз ва фаъол кардани соири ҷабҳаҳо аз ҷумла тангаи Бобулмандиб, ба манзури танбеҳи саҳюнистҳо ва ҳомиёнаш дар дастури кор қарор додаанд.

tasnimnews.ir

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Эрон ба сокинони шимоли Фаластини ишғолӣ (Исроил): Минтақаро тарк кунед!
Кушта шудани сарбозони исроилӣ дар ҷануби Лубнон

Матолиби пурбоздид