Аморот даъвати Натонёҳуро рад кард

Аморот даъвати Натонёҳуро рад кард

Ахбори байналмилал

Абдуллоҳ бен Зоид, вазири хориҷаи Аморот дар робита бо даъвати Натонёҳу барои мушорикат дар мудирияти шаҳрии Ғазза, посухи рад дод:

“Изҳороти Натонёҳу, нахуствазири Исроил мабнӣ бар даъват аз Аморот барои мушорикат дар мудирияти шаҳрии навори Ғаззаи таҳти ишғоли Исроилро маҳкум мекунем.

Натонёҳу ҳеч гуна машрӯъияте надорад, ки ба ӯ иҷоза диҳад, ки чунин гоме (идораи шаҳрии навори Ғазза)-ро иттихоз кунад. Ва ҳамчунин, Аморот ҳамроҳӣ бо ҳар гуна нақшае ба манзури таъмини чатри ҳимоятӣ барои ҳузури Исроил дар навори Ғаззаро намепазирад.

Аморот таъкид мекунад, ки ҳар гоҳ давлати фаластинӣ ташкил шавад, ки умедҳо ва интизороти миллати Фаластинро бароварда ва аз саломат, коромадӣ ва истиқлол бархӯрдор бошад, он гоҳ Аморот барои ироаи ҳар гуна ҳимояте аз ин давлат омодагии комил хоҳад дошт.”

Гуфтанист, Натонёҳу чанде пеш, дар суханоне дар бораи идораи борикаи Ғазза баъд аз ҷанг, гуфта буд: “Ба назари ман, бо кӯмаки Аморот ва Арабистони Саудӣ ва соири кишварҳо як идораи шаҳрӣ дар борикаи Ғазза ташкил шавад.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кӯдакони боҳуш ва зирак
Таҳқире аз ин бадтар намешавад

Матолиби пурбоздид