Амрико ва Исроил дар Осиёи Марказӣ ба дунболи чӣ ҳастанд?
Ахбори минтақа
Эли Коҳен – вазири умури хориҷаи Исроил, асри чаҳоршанбе ба Туркманистон сафар мекунад то расман сафорати ҷадиди ин режимро дар Ишқобод пойтахти ин кишвар ифтитоҳ кунад.
Сафорати мазкур наздиктарин маъмурияти диплумотики онҳо дар марзи Эрон хоҳад буд; (дар ҳудуди бист километрии марзи Эрон).
Ин иқдом ва сафари вазири умури хориҷа ба унвони паёме ба Эрон тавсиф шудааст, ки режими саҳюнистӣ дар ҳоли афзоиши нуфуз дар минтақаи атрофи Эрон аст.
Туркманистон, кишваре бо аксарияти мусалмон, дар соли 1991 бо режими саҳюнистии Исроил равобит барқарор кард ва чанд сол пеш, сафорати муваққат дар хоки он кишвар ифтитоҳ кард.
Дар шароити ҳозир ва бо таваҷҷуҳ ба ҷабҳабандиҳои ҷадиди ҷаҳонӣ, ки дар ҳоли шаклгирист, ин рафтуомад паёмҳои зиёде барои ду тарафи ин рӯёрӯии байналмилал дорад.
Кишвари Туркманистон аз қадим бо сиёсати бетарафӣ маъруф буд, ин ки оё сиёсатмадорони туркман дар чархиши ошкор ҷабҳаи ғарбиро интихоб карда бошанд, иқдоми хатире арзёбӣ мешавад, албатта барои эъломи ин натиҷагирӣ ҳануз зуд аст.
Бо таваҷҷуҳ ба тирагии робитаи Исроил бо Русия, ин ҳаракат метавонад паёме барои Русия низ бошад.
Русия аз дер боз, масоили кишварҳои Осиёи Миёнаро аз наздик пайгирӣ мекунад ва ҳассосияти хоссе нисбат ба равобити ин кишварҳо бо ҷаҳон дорад. Кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳамвора ба хотири мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва гузаштаи худ ба ҳассосияти жеополитикии Русия эҳтиром мегузоштанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти Озарбойҷон ва эҷоди робитаи стротежик бо ин кишвар (Исроил), бояд дид Туркманистон низ ба унвони кишвари мустақил, хоҳони равобити наздик бо режими саҳюнистӣ аст ва ба дуюмин кишвари минтақа ба унвони пойгоҳи иттилоотӣ ва ҷосусии Исроил табдил хоҳад шуд, ё фақат дидору рафтуомадҳо барои Туркманистон натиҷаи иқтисодӣ ва аниятии хоссе ба дунбол дорад.
Замон ва баррасии бештари ин иқдомот ҳатто барои Эрон аҳамият дорад. Аз он ҷо ки муттакӣ будани иқтисоди Туркманистон ба Чин (харидори аслии гози Туркманистон Чин аст), масъалаи муҳиммест, як фарзия дар иртибот бо наздикии Туркманистон ва Исроил вуҷуд дорад ва он ҳам ин аст, ки ин иқдом метавонад паёме маънодор аз сӯи Чин барои Русия бошад, ки зудтар ҷанги Украинаро ҳаллу фасл намояд.
Ба фарзи пазируфта шудани фарзияи зикршуда, бояд гуфт, Чин пазируфтааст, ки яке аз аъзои фаъоли кишварҳои ғарбӣ дар наздики кишвари худ пайгоҳ ва ташкилоти хоссе барпо кунад, ки дур аз зеҳн ба назар мерасад, аммо дар олами сиёсат зариби эҳтимолӣ барои ҳар воқеаеро бояд дар назар гирифт.
Масъалаи дигар, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард, ин аст, ки Эрон ба унвони кишваре бо ҳадди болои хусумат бо режими саҳюнистии Исроил, аз газанди равобити наздики Туркманистон бо ин кишвар бенасиб нахоҳад монд. Сиёсати Исроил наздик шудан ба ҳамсояҳои Эрон аст то аз ин роҳ дастоварди иттилоотӣ ва амниятӣ касб намояд ва битавонад дар мавқеи ниёз ба Эрон фишор биёварад ва сабади равобити байналмилалии худро мутакассир намояд; ин сиёсат, ки ба “иттиҳоди пиромунӣ” маъруф аст, тавассути Бен Гурион тарҳрезӣ шуд. Барои Эрон, наздикии ҳар ҳамсояаш ба Исроил занги хатари бузурге ба шумор меравад.
Ҳамчунин ниёз ба баррасии нақши Туркия дар ин масъала зарурӣ аст. Эрдуғон бо таваҷҷуҳ ба наздик шудан ба интихобот, дар садади ироаи барги барандаҳое дар заминаҳои мухталиф аст. Дар гузашта, ин кишвар борҳо дар мавриди тарҳи руёрӯии коридори туркии худ матолиберо баён кардааст. Бояд дид, Туркия, Озарбойҷон ва Туркманистон аҳёнан бо манобеи молии режими саҳюнистии Исроил хоҳони зудтар ба натиҷа расидан ин барнома ҳастанд ё барномаи коридор тавассути НАТО ва Амрико пайгирӣ мешавад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн