Андешкадаи амрикоӣ: Афкори умумии Амрико мухолифи ҷанг бо Эрон аст
Ахбори байналмилал
Андешкадаи амрикоии Quincy Institute бо истинод ба натиҷаҳои як назарсанҷӣ эълом кардааст, ки аксарияти афкори умумии Иёлоти Муттаҳида бо ҳар гуна ҷанги эҳтимолӣ алайҳи Эрон мухолифанд.
Ба навиштаи ин гузориш, натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон медиҳанд, ки Доналд Тромп, раиси ҷумҳури Амрико, аз ҳимояти кофии дохилӣ барои анҷом додани иқдомҳои низомӣ алайҳи Эрон бархӯрдор нест.
Ба гуфтаи таҳлилгарони ин андешкада, шаҳрвандони амрикоӣ бештар ҷонибдори роҳи ҳалҳои дипломатӣ ва парҳез аз даргириҳои нав дар Ховари Миёна мебошанд.
Гузориш таъкид мекунад, ки хастагии ҷомеаи Амрико аз ҷангҳои тӯлонӣ, паёмадҳои иқтисодӣ ва нигарониҳо аз густариши нооромӣ дар минтақа аз омилҳои асосии мухолифати афкори умумӣ бо ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ба шумор мераванд.
Ин арзёбӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки баҳсҳо дар муҳити сиёсӣ ва расонаии Амрико дар бораи равобит бо Эрон ва равиши ояндаи сиёсати хориҷии Вашингтон ҳамчунон идома дорад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













