Ахлоқи сиёсӣ дар андешаи Форобӣ
Маҳфили андеша
Аз нуктаҳои қобили таваҷҷӯҳ дар андешаи Форобӣ, таркиби ахлоқ ва сиёсат аст; ба гунае ки китобҳои сиёсии вай ба номи китобҳои “Ахлоқ ва сиёсат” ё “Ахлоқи сиёсӣ” номида мешавад.
Вай, фалсафаи маданиро ба ду бахш тақсим мекунад, ки як бахши он “ахлоқи маданӣ” аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, таъаммул дар андешаи Форобӣ ба манзури фаҳми зовияҳои гуногуни ахлоқи сиёсӣ боаҳаммият хоҳад буд.
“Хулқ” он чизе аст, ки сабаби хуб ё бад шудани афъолу аҳволи нафсонӣ мешавад. Ҳар гоҳ хулқи некӯ, ки марбут ба нафси инсон мегардад, бо қуввати зеҳн, ки марбут ба ақл аст ҳамроҳ шавад, “фазилат” падид меояд.
Вазифаи сиёсат тарвиҷи ахлоқ ва одот ва саҷоё дар ҷомеа ва миёни мардум аст ва табйини чигунагии анҷоми ин масъала, аз муҳимтарин вазоифи ахлоқи сиёсӣ шумурда мешавад.
Дар ин мақола дар канори таваҷҷӯҳ ба чистии “ахлоқи сиёсӣ” дар андешаи Форобӣ, ба ҷойгоҳи ахлоқи сиёсӣ ва шеваҳои ниҳодманд сохтани он дар ҷомеа ва иллатҳои танаввӯъи ахлоқи сиёсӣ дар ҷомеаҳои гуногун хоҳем пардохт, ва бо таваҷҷӯҳ ба корбурди маънодори тахайюл ва қувваи хаёл дар андешаи вай, иртиботи ахлоқи сиёсиро бо олами хаёл баррасӣ хоҳем кард…
Қаламонлайн