Бандаи шукргузор
Сабки зиндагӣ
Нақл шудааст, ки Расули Акрам (с) он қадар намоз мехонд, ки поҳои муборакаш варам мекард.
Шабе Расули Худо (с) назди ҳазрати Оиша (р) буд.
Уммулмуъминин ба он ҳазрат гуфт: Ё Расулаллоҳ! Чаро ин қадар вуҷуди мубораки худро ба хастагӣ андохта ва садама ба худ мезанед? Ва ҳол он ки Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо омурзидааст (яъне, гуноҳе аслан надоред).
Ҳазрат дар ҷавоб фармуд: эй Оиша! Беҳтар нест, ки бандаи шукргузоре бошам?!
Қаламонлайн
qalamonline.net













