Бахшҳое аз дуои Арафа

Фарҳанг

Бахшҳое аз дуои Арафа

Дуои Арафа дуоест, ки Имом Ҳусейн(р) онро дар рӯзи арафа – яъне рӯзи нуҳӯми зилҳаҷҷа дар саҳрои Арафот хондаанд.

Ин дуо, дарбардорандаи мабоҳиси шинохти Худованд ва баёни сифоти илоҳӣ, таваҷҷӯҳ ба охират, сайри андеша дар офоқи ҷаҳон ва ёдоварии неъматҳои бекарони илоҳӣ ва ҳамду сипоси Худованд бар онҳо, тазарруъ ба даргоҳи Худованд, дархости ҳавоиҷ, ки бодуруду салавот бар Муҳаммаду оли Муҳаммад шурӯъ мешавад…

Дар идома фарозҳое аз тарҷумаи форсии Дуои Арафаро бароятон зикр мекунем:

Худоё, ман ба сӯи ту иштиёқ дорам ва ба парвардигории ту гувоҳӣ диҳам. Иқрор дорам ба ин ки ту парвардигори манӣ ва ба сӯи туст бозгашти ман.

Оғоз кардӣ вуҷуди маро ба раҳмати худ, пеш аз он ки бошам чизи қобили зикре ва маро аз хок офаридӣ он гоҳ дар миёни сублҳо ҷоям додӣ ва эминам сохтӣ…

Дар гаҳвора муҳофизатам кардӣ ва рӯзиям додӣ аз ғизоҳо шире гуворо ва дили парасторонро бар ман меҳрубон кардӣ ва ӯҳдадори парасториам кардӣ модарони меҳрубонро ва осеби чинниён нигаҳдориам кардӣ ва аз зиёдӣ ва нуқсон солимам доштӣ. Пас бартарӣ, ту эй меҳрубон ва эй бахшоянда то он гоҳ ки лаб ба сухан кушодам ва тамом кардӣ бар ман неъматҳои шоёнатро ва парвиришам додӣ, ҳарсола бештар аз соли пеш то он гоҳ ки хилқатам комил шуд ва тобу тавонам ба ҳадди эътидол расид, воҷиб кардӣ бар ман ҳуҷҷати худро, ба ман илҳом фармудӣ ва ба василаи аҷоиби ҳикматат ба ҳаросам андохтӣ ва бедорам кардӣ ба он чӣ офаридӣ даросмону заминат аз падидаҳои офаринишат. Ва огоҳ кардӣ ба сипосгузорӣ ва зикри худат ва итоату ибодататро бар ман воҷиб кардӣ, хушнудиатро бароя осон кардӣ ва дар тамоми инҳо, ба ёрӣ ва лутфи худ бар ман миннат ниҳодӣ сипас ба ин ки маро аз беҳтарин хокҳо офаридӣ, розӣ нашудӣ, эй маъбуди ман, ки танҳо аз неъмате бархурдор шавам ва аз дигарӣ манъ гардам, балки рӯзиам додӣ аз анвои неъматҳои зиндагӣ…

Пас, муназзаҳ бод, муназзаҳ, ки агар буд даросмону замин худоёне, ҷуз ӯ, ҳарду табоҳ мешуданд ва аз ҳам муталошӣ мегаштанд.

Муназзаҳ аст Худои ягона, яктои бениёзе, ки фарзанд надорад ва фарзанди касе нест ва нест барояш ҳамтое.

Худоё, тарсамро (аз худат) чунон қарор деҳ, ки гӯё мебинамат ва ба парҳезгорӣ аз хеш хушбахтам гардон ва ба воситаи нофармояниат бадбахтам макун.

Дар сарнавишти худ хайр бароям муқаддар кун ва муқаддаротатро бароям муборак гардон, то чунон набошам, ки таъҷили ончӣ ту пас андохтаӣ, бихоҳам ва на таъхири ончиро, ту пеш андохтаӣ.

Худоё, қарор деҳ бениёзӣ дар нафси ман ва яқин дар дилам ва ихлос дар кирдорам ва рӯшанӣ дар дидаам ва биноӣ дар динам…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

БА ҶОЙИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ВА “ТУРКИСТОН” ТӮРОН БИНАВИСЕМ!
Навҷавонро дарёбем

Матолиби пурбоздид