Ба оташ кашида шудани як маркази низомии Исроил

Ба оташ кашида шудани як маркази низомии Исроил

Ахбори байналмилал

Mehrnews  

Ҳизбуллоҳ як маркази низомии саҳюнистҳо дар шимоли Исроилро ба оташ кашид

Муқовамати исломии Лубнон соатҳое пеш (якшанбе, 21 январ) чанд пойгоҳи дигари низомии режими саҳюнистиро бо мушак ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алмаёдин, муқовамати исломии Лубнон, шаҳраки Овивим дар шимоли Фаластини ишғолиро бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор дод.

Муқовамати исломии Лубнон ҳамчунин маркази низомии Бирка-Ришо ва подагони Заръитро низ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

 

Шаҳодати як нерӯи Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон

Ба гузориши Машриқ, муқоваматм исломим Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, як нерӯи ин ҳизб дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расидааст.

Бар асоси ин гузориш, Ҳизбуллоҳ бо интишори баёнияи кӯтоҳе эълом кард, ки яке аз нерӯҳои муҷоҳидаш ба номи Фазл Алӣ Салмон Шиъор мулаққаб ба Исо дар рӯёрӯӣ бо ишғолгарони саҳюнист ба шаҳодат расидааст.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибратҳое аз ҳамалоти яманиҳо ба киштиҳо дар баҳри Сурх
Ҳамлаи тӯпхонаии Арабистони Саудӣ ба Яман

Матолиби пурбоздид