Гузарномаи сафар

Адаб

Гузарномаи сафар

Фирдавси Аъзам

Бипар парандаи ман то ки болу пар дорӣ

Ту аз ҳаловати парвозҳо хабар дорӣ

Бипар ки кунҷи қафас ҷои шоҳболат нест

Ки бояд аз қафаси танг бол бардорӣ!

Манам ки рӯи замини сиёҳ маҳкумам

Туӣ, ки рӯи сарат абре аз сафар дорӣ

Агарчи вусъати парвозро намедонам

Туӣ ки сӯи ман аз авҷҳо назар дорӣ

Ҳазор сояи шуми дареғ бар сари ман

Ҳазор дашти пур аз нур зери сар дорӣ

Бипар ки панҷараи сабзи осмон боз аст

Барои рақси ҷунун ҷой бештар дорӣ

Савори бод бишав, ҳамрикоби абр битоз

Ба ҳар куҷо, ту гузарномаи сафар дорӣ.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаҳои исроилӣ: Ҳалокати 711 нерӯи исроилӣ аз замони вуруд ба Ғазза
Таваққуфи музокироти Қоҳира бидуни натиҷа ва бозгашти ҳайатҳои Ҳамос ва Исроил

Матолиби пурбоздид