Гузориши Ню-Йорк Тамз аз тадобири Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ахбори байналмилал
Гузориши New York Times аз тадбирҳои Оятуллоҳ Хоманаӣ барои муқовимат дар ҷанг бо Омрико: ташкили 4 лояи ҷонишинӣ барои мақомоти аршади эронӣ
Рӯзномаи омрикоии New York Times дар гузорише навишт, раҳбари Эрон тадобири вежае барои ҷанги эҳтимолӣ бо Омрико ва Исроил иттихоз карда, ки яке аз онҳо ташкили 4 лояи ҷонишинӣ барои мақомоти аршади сиёсӣ ва фармондеҳони олии низомӣ дар шароити бӯҳронии эҳтимолии оянда аст.
New York Times дар ин гузориш бо такя бар манобеи худ навишт: Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон ба Алӣ Лориҷонӣ ва теъдоди ангуштшуморе аз наздикони сиёсӣ ва низомии худ дастур додааст, то итминон ҳосил кунанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ на танҳо дар баробари бомбҳои омрикоӣ ва исроилӣ, балки дар баробари ҳар гуна терури раҳбарони аршади худ, аз ҷумла шахси Оятуллоҳ Хоманаӣ низ давом меоварад.
Ин рӯзнома дар идома навишт: оқои Лориҷонӣ аз як хонаводаи нухбаи сиёсӣ ва динӣ меояд ва ба муддати 12 сол раиси Маҷлис (порлумон) буд. Дар соли 2021, ӯ масъули музокира барои як тавофуқи стротежики ҷомеъи 25-сола бо Чин ба арзиши миллиардҳо доллар шуд.
New York Times дар идома навишт: Оятуллоҳ Хоманаӣ маҷмӯае аз дастуруламалҳоро содир кардааст. Ӯ 4 лояи ҷонишинӣ барои ҳар як аз нақшҳои фармондеҳии низомӣ ва давлатӣ, ки шахсан мансуб мекунад таъйин кардааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳамаи афрод дар нақшҳои раҳбарӣ гуфтааст, ки ҳадди аксар 4 ҷойгузин муаррифӣ кунанд ва масъулиятҳоро ба ҳалқае аз муътамадон вогузор кардааст, то дар сурати қатъи иртибот бо ӯ, тасмимгирӣ кунанд.
Ин рӯзнома дар идома навишт: Оятуллоҳ Хоманаӣ дар тӯли ҷанги 12-рӯза бо Исроил, 3 номзадро, ки метавонистанд ҷонишини ӯ шаванд муаррифӣ кард. Онҳо ҳаргиз ба таври аланӣ шиносоӣ нашудаанд, аммо оқои Лориҷонӣ мутмаиннан дар миёни онҳо нест, зеро ӯ як руҳонии аршади шиъа нест – як шарти асосӣ барои ҳар ҷонишине.
Аммо оқои Лориҷонӣ дар ҳалқаи мавриди эътимоди раҳбари Эрон қарор дорад, ки шомили сарлашкар Яҳё Раҳим Сафавӣ, мушовири аршади низомӣ ва фармондеҳи собиқи кулли Сипоҳ ва сартип Муҳаммадбоқири Қолибоф, аз фармондеҳони собиқи Сипоҳ ва раиси феълии Маҷлис ва Алиасғари Ҳиҷозӣ, раиси дафтари раҳбарӣ мебошад.
Бахше аз ин барномарезӣ натиҷаи дарсҳое аст, ки аз ҳамлаи ғофилгиронаи Исроил дар моҳи июн гирифта шудааст; ҳамлае, ки занҷираи фармондеҳии аршади низомии Эронро дар соатҳои аввалии ҷанг аз байн бурд. Пас аз оташбас, Оятуллоҳ Хоманаӣ оқои Лориҷониро ба унвони дабири Шӯрои амнияти миллӣ мансуб кард ва як шӯрои дифоъи миллии ҷадид ба риёсати дарёбон Алӣ Шамхонӣ эҷод кард, то умури низомиро дар замони ҷанг мудирият кунад.
New York Times дар идома навишт: чанд мақоми сиёсӣ ва низомӣ гуфтанд, ки Эрон бар ин асос амал мекунад, ки ҳамалоти низомии Иёлоти Муттаҳида иҷтинобнопазир ва қарибувуқӯъ аст, ҳатто бо ин ки ҳар ду тараф ба таъомули диплумотик ва музокира дар мавриди тавофуқи ҳастаӣ идома медиҳанд. Онҳо гуфтанд, ки Эрон тамоми нерӯҳои мусаллаҳи худро дар болотарин ҳолати омодабош қарор дода ва омодаи муқовимати шадид аст.
Онҳо гуфтанд, ки ин кишвар дар ҳоли истиқрори мушакҳои болистик дар имтидоди марзи ғарбии худ бо Ироқ – ки ба андозаи кофӣ барои ҳамла ба Исроил наздик аст – ва дар имтидоди савоҳили ҷанубии худ дар халиҷи Форс, дар маҳдудаи пойгоҳҳои низомии Омрико ва соири аҳдоф дар минтақа аст.
Дар чанд ҳафтаи гузашта, Эрон ба таври давраӣ ҳарими ҳавоии худро барои озмоишҳои мушакӣ бастааст. Ҳамчунин як размоиши низомӣ дар халиҷи Форс баргузор кард ва тангаи Ҳурмуз, як гулӯгоҳи дарёии муҳим барои таъмини энержии ҷаҳонӣ ва соири маҳмулаҳоро барои муддати кӯтоҳе баст.
Дар тамоми ин муддат, Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷабҳаи муқовиматро ҳифз кардааст. Ӯ ҳафтаи гузашта дар як суханронӣ гуфт: “Қудратмандтарин артиши ҷаҳон мумкин аст чунон силӣ бихӯрад, ки натавонад рӯйи поҳои худ биистад.“ Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки новҳои ҷангии Иёлоти Муттаҳидаро, ки дар обҳои муҷовир ҷамъ шудаанд, ғарқ хоҳад кард.
Бино бар гузориши New York Times, 3 узви Сипоҳ ва 2 мақоми аршад гуфтанд, ки дар сурати ҷанг, воҳидҳои нерӯҳои вежаи пулис, маъмурони иттилоотӣ ва гурдонҳои басиҷ қарор аст дар хиёбонҳои шаҳрҳои бузург мустақар шаванд ва барои ҷилавгирӣ аз нооромиҳои дохилӣ ва ҷустуҷӯи авомили муртабит бо созмонҳои ҷосусии хориҷӣ, истҳои бозрасӣ эҷод шавад.
Бино бар навиштаи New York Times, раҳбари Эрон на танҳо барои басиҷи низомӣ ва амниятӣ, балки барои бақои сиёсии низом низ дар шароити вуқӯъи бадтарин сенориюҳо омода мешавад. Сенориюҳо ба тайфи васеъе аз масоил мепардозад, аз ҷумла ин ки дар сурати терури раҳбарӣ ва мақомоти аршад, чӣ касе кишварро идора хоҳад кард.
Ин 3 мақом гуфтанд, ки оқои Лориҷонӣ дар садри ин феҳрист қарор дорад. Пас аз ӯ сардор Қолибоф, раиси Маҷлис қарор дорад. То ҳудуде ҷойи таъаҷҷуб аст, ки Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури собиқ низ дар ин феҳрист қарор дорад.
New York Times дар идома навишт: дар моҳи гузашта, бо коҳиши ҳузури раисҷумҳур Пизишкиён, ҳузури оқои Лориҷонӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ барои машварат бо Владимир Путин ба Маскав парвоз кард ва дар байни ҷаласот бо музокиракунандагони ҳастаии Омрико ва Эрон, бо раҳбарони Ховари Миёна дидор кардааст. Ӯ мусоҳибаҳои телевизиюнии чандсоата бо расонаҳои эронӣ ва хориҷӣ доштааст, бештар аз раисҷумҳур ва мураттабан матолиберо дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир мекунад, монанди аксҳое аз селфӣ гирифтан бо эрониён, боздид аз як зиёратгоҳи динӣ ва даст такон додан аз дари ҳавопаймо.
New York Times
Қаламонлайн
qalamonline.net













