Гузоришҳо аз омодагии низомӣ дар Венесуэла
Байналмилал
Тавзеи силоҳ барои сенарияҳои ҷанги шаҳрӣ ва чирикӣ дар рӯбарӯӣ бо ИМА
Каракас.
Бар пояи гузоришҳои расонаӣ ва изҳороти мақомоти маҳаллӣ, дар Венесуэла чораҳо ҷиҳати тавзеи силоҳ миёни нерӯҳои амниятӣ ва воҳидҳои мардумӣ барои омодагӣ ба эҳтимоли ҷанги шаҳрӣ ва чирикӣ дар рӯбарӯӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) роҳандозӣ шудаанд.
Манобеъ мегӯянд, ин иқдом дар чорчӯби барномаҳои дифоии кишвар ва дар посух ба он чи Каракас «таҳдидҳои хориҷӣ» меномад, амалӣ мегардад. Ба гуфтаи мақомоти венесуэлагӣ, ҳадаф аз ин тадбирҳо таҳкими тавонмандии дифоии миллӣ ва омодасозии нерӯҳо барои ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии кишвар аст.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо аз ҷалби воҳидҳои захиравӣ ва гурӯҳҳои ихтиёрӣ ба омӯзишҳои ҷанги шаҳрӣ ва тактикаҳои чирикӣ хабар медиҳанд. Мақомоти расмӣ таъкид мекунанд, ки ин омӯзишҳо хусусияти дифоӣ дошта, ба ҳеҷ ваҷҳ нишонаи оғози даргирии низомӣ нест.
Танишҳо миёни Каракас ва Вашингтон дар солҳои охир бар сари масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва таҳримҳо афзоиш ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, то кунун аз сӯи ИМА дар бораи ин гузоришҳо вокуниши расмӣ ироа нашудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки идомаи чунин изҳорот ва омодагиҳо метавонад сатҳи танишҳоро дар минтақа боло барад ва ба зарурати роҳҳои дипломатӣ барои коҳиши буҳрон ишора мекунад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













