Густардагии забони форсӣ дар кишварҳои арабӣ

Забони форсӣ дар кишварҳои арабӣ

Бархе кишварҳо ва манотиқи арабзабон, аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз дорои иртиботи фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳамрешагӣ бо манотиқи форсизабон доштаанд ва ҳамин сабаб шудааст, ки бо ҳамдигар муровидоти амиқе дошта бошанд ва фарҳанги форсӣ бар ҷомеаи онҳо асар гузорад.

Акнун мо кишварҳоеро мебинем, ки шояд забони расмиашон арабӣ бошад, аммо дар байни мардуми онҳо забони форсӣ ҳам ривоҷ дорад. Ҳоло ё ба далели табори эронии онҳо ё ба далели муровидоти зиёд бо мардумони эронӣ ва форсизабон.

Аз ҷумлаи он кишварҳо Баҳрайн аст. Бо ин ки забони расмии Баҳрайн арабӣ ва англисӣ аст, аммо забони форсӣ бисёр ривоҷ дорад. Ба хотири ин ки ин кишвар то чанд даҳа пеш, аз Эрон буда ва табори эронӣ доранд.

Кишвари дигар, Қатар аст. Ин кишвар бо Баҳрайн фарҳанги муштарак дорад ва ба хотири муровидоти фарҳангӣ бо Эрон ва доштани ҷамъияти эронитабор дар кишвар, забони форсӣ вуҷуд дорад. Тибқи омори ғайрирасмӣ, қариб 20 то 30 дарсади мардуми Қатар забони форсиро медонанд.

Аз кишварҳои дигаре, ки забони форсӣ дар он ҷойгоҳ дорад, метавон аз Ироқ ном бурд. Рафтуомади мардумони Эрон ба Ироқ ба хотири вуҷуди маконҳои муқаддас ва имомони Аҳли Байт сабаб шудааст, ки бисёре аз мардуми Ироқ форсиро ёд бигиранд. Албатта Ироқ ба ҷуз ин, дорои ҷамъияти форсизабон ҳам ҳаст.

Ҳамчунин Кувейт, Уммон, Амороти Муттаҳида аз ҷумла кишварҳое ҳастанд, ки ба сабаби рафтуомади эрониҳо, як ақаллияте аз забони форсӣ дар онҷо шакл гирад.

Хуб аст, ки қадри мардумони худро дар ин манотиқ бидонем ва кушиш кунем, ки ин қанди порсиро пос бидорем. Кушиш кунем бо якдигар аввал ба забони форсии тоҷикӣ сӯҳбат кунем, баъд ба забони расмии кишварҳо.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зарбае дигар ба руъёи демукросӣ дар Тунис
Ифротгароии толибон дар Афғонистон ва авоқиби он

Матолиби пурбоздид