Дарди ориф ва дарди мутакаллим
Мавлоно ва Имом Фахри Розӣ
Ёддошти Сайидюнуси Истравшанӣ
Ориф яъне сӯфӣ, аммо мутакаллим ба олими илми калом гӯянд, яъне илми ақоид.
Дарди ориф бо дарди мутакаллим фарқ мекунад. Бале, ҳар ду, ҳам ориф ва ҳам мутакаллим, дардманди ҳақиқатанд, аммо дарди мутакаллим дарди донистан ва шинохтани ҳақиқат аст ва дарди ориф, дарди расидан ва яке шудан бо ҳақиқат.
Мутакаллим мехоҳад аз роҳи истидлоли ақлӣ ба ҳақиқат пай бибарад ва ба он огоҳ шавад, ориф аммо аз роҳи тазкияи нафс ҳақиқатро биёбад, ба ҳақиқат бирасад ва бо ҳақиқат яке бишавад. Ҳоло бо як мисол бароятон тавзеҳ бидиҳам. Ҳар яке аз мо, нисбат ба эҳсосоти дӯстамон огоҳем. Агар шумо ба дӯстатон бигӯед, ман алъон гурусна ҳастам, ӯ ба гурусна будани шумо огоҳ мешавад, аммо ҳаргиз гуруснагии шуморо эҳсос намекунад. Танҳо касе эҳсос мекунад, ки ӯ худ гурусна аст. Фарқи ориф бо мутакаллим (ва ё ҳатто файласуф, ки ӯ низ сару кораш бо истидлоли ақлӣ аст) дақиқан ҳамин аст. Ориф эҳсос мекунад ва мутакаллим огоҳ мешавад.
Мавлоно, ки яке аз орифҳост, таъризе дорад ба Имом Фахри Розӣ, ки мутакаллими барҷастае аст; мегӯяд:
Ҳамчу он марди муфалсиф рӯзи марг,
Ақлро медид бас беболу барг.
Бе ғараз мекард он дам эътироф,
К-аз заковат рондем асб аз газоф.
Манзураш Имом Фахри Розӣ аст, ки аз ӯ ба унвони муфалсиф яъне фалсафадон ёд мекунад. Мегӯяд, монанди он марди фалсафадон, ки ҳангоми марг ақлро бисёр бемоя ва бетӯша медид мабош; касе, ки дар лаҳазоти вопасини зиндагии худ, бе ҳеч ғаразе эътироф кард, ки мо бо ин ақл, фақат асби андешаро дар майдони қилу қол рондему бас ва ба ҷойе нарасидем.
Бале, Имом Фахри Розӣ бо ин ки дар дақоиқи ақлӣ ва каломӣ басе мӯшикоф ва нуктадон буд ва бар бисёре аз усули фикрӣ ва фалсафӣ шак эҷод мекард ва билохира имомушшаккокин лақаб ёфт ва бо ин шак эҷод карданҳо, сатҳи дониши каломӣ ва фалсафиро иртиқо бахшид, бо ин ҳол аммо худ ҳаргиз ба яқин ва итминони қалбӣ нарасид.
Фахри Розӣ дар лаҳазоти охири умри худ ашъоре сурудааст, аз ҷумла:
Ҳаргиз дили ман аз илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Ҳафтоду ду сол умр ҳосил кардам,
Маълум нашуд, ки ҳеч маълум нашуд.
Як шеъри арабии дилнишине низ дорад; мегӯяд:
نِهَايَةُ إقدامِ العُقُولِ عِقَالُ
وَأَكثرُ سَعيِ العالمينَ ضَلالُ
وَأرواحُنا فِي وحشةٍ من جُسُومِنا
وَحَاصِلُ دُنيانا أذىً ووَبالُ
وَلَم نَستَفِدْ مِن بَحثِنا طُولَ عُمرِنا
سِوى أنْ جَمَعْنا فِيهِ قيلَ وقالوا
(Райҳонат-ул-адаб, ҷ.4, с.298)
Яъне “саранҷоми хирад варзидан, банде аст бар одамӣ… Мехоҳад бигӯяд, оқибати пардохтан ба истидлолҳои ақлӣ ва ин ки бихоҳӣ ба Худо фақат аз ин тариқ огоҳ шавӣ, иқол аст. Иқол яъне банд. Араб, ба зонубанди шутур иқол мегӯяд. Бо иқол шутурро мебастанд ва аммо вақте болои шутуранд, иқолро сарашон мебастанд. Имом Фахри Розӣ мегӯяд, оқибати ақл варзидан ва сару кор бо истидлолҳои ақлӣ, иқол аст, яъне гӯӣ худатро бастаӣ, дигар ҳаракат надорӣ. Баъд мегӯяд: “Ва бештарин такопӯи ҷаҳониён гумроҳӣ аст. Ҷонамон аз колбадамон дар ваҳшат ва гурез аст ва ҳосили зиндагонии дунявии мо, озор ва гирифторӣ аст.”
Баъд дар поён ҳарфи ҷолибе мезанад; мегӯяд: “Дар тӯли умри хеш аз ин ҳама баҳсу истидлол баҳрае наёфтем ҷуз як мушт қилу қол, ки гирд овардем.”
Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













