Инсон ва озодихоҳӣ – VII

Инсон ва озодихоҳӣ
Бахши ҳафтум
Дидгоҳи экзистенсиалистҳо дар бораи озодӣ
Як назар дар бораи озодӣ, назари экзистенсиалистҳост. Аз назари онҳо, инсон бар хилофи ҳамаи мавҷудот, ки дорои сиришт ва табиати хосс мебошанд, табиати хоссе надорад, балки мавҷуде комилан мухтор ва озод аст ва доираи озодии ӯ то он ҷост, ки ҳатто худаш ба худаш сиришт ва моҳият медиҳад.
Онҳо исми ин матлабро “асолати вуҷуд” ё “тақаддуми вуҷуд бар моҳият” гузоштаанд. Аз назари онҳо, лозимаи “асолати вуҷуд” дар инсон (табиати хосс надоштан, озодӣ) ин аст, ки ҳар чи бар зидди озодии ӯ бошад, вайро аз инсоният хориҷ мекунад, пас инсон набояд ба чизе таъаллуқ дошта бошад ва набояд банда ва таслими чизе ҷуз худ шавад, зеро лозимаи таъаллуқ ва вобастагӣ аввалан ғафлат аз худ ва таваҷҷӯҳ ба ғайр аст, зеро тамоми таваҷҷӯҳи фардро ба он чиз ҷалб мекунад.
Хислати дуввуми ин таъаллуқот, ғафлат аз арзишҳои худ мебошад, ба тавре, ки тамоми таваҷҷӯҳи инсон мутаваҷҷеҳи арзишҳои он шайъ мешавад. Масалан, барои як одами пулпараст, пул барояш арзиш аст, аммо шарофат ва каромати худаш барои ӯ арзиш надорад.
Ва хислати севвум ва муҳимтар ин аст, ки вобастагӣ ба як шайъ, мӯҷиби асорати одамӣ мешавад ва инсонро аз ҳаракат ва такомул бозмедорад, монанди ҳайвоне, ки ба дарахте баста шавад, ҳар таъаллуқ ва вобастагӣ низ монеъи рушд ва такомули инсон мешавад.
Пас, асоси арзишҳо дар ин мактаб озодӣ ва ихтиёр аст ва агар касе бихоҳад инсонияташро ҳифз кунад, бояд озод бошад. Ба ҳамин далел, гурӯҳе аз экзистенсиалистҳо (албатта экзистенсиалистҳои илҳодӣ) эътиқод ба Худоро аз ду назар мухолифи мактаби худ мебинанд. Яке аз ин ҷиҳат, ки эътиқод ба Худо мусталзими эътиқод ба қазо ва қадар ва дар натиҷа эътиқод ба ҷабр ва табиати собити башарӣ аст, зеро бояд башар дар илми Худо, як табиати муайян дошта бошад, пас бо вуҷуди Худо ва қазо ва қадар, озодӣ дар инсон салб мешавад.
Дигар ин ки эътиқод ба Худо зидди озодии башар аст, зеро имон ба Худо, яъне таъаллуқ ва вобастагӣ ба ӯ ва гуфтем, ки ҳар таъаллуқе зидди озодӣ ва аз ин рӯ зидди камоли инсон аст.
Нақди дидгоҳи экзистенсиалистҳо
Дар нақди назари экзистенсиалистҳо бояд ибтидо бигӯем: дар бораи баҳси қазо ва қадар, ишколи экзистенсиалистҳо ин аст, ки маънии саҳеҳи қазо ва қадарро нафаҳмидаанд. Феълан вориди он намешавам, ки аз баҳси аслӣ дур мемонем, вагарна қазо ва қадаре, ки ислом мегӯяд, ҳеч мунофоте бо ихтиёр ва озодии инсон надорад.
Аммо дар мавриди ишколи дуввум, ки мегӯянд: ҳар таъаллуқе зидди озодии инсон аст, бояд муқаддимае баён кунем:
Мавҷуде, ки як масири такомулиро тай мекунад, оё аз “худ” ба сӯйи “нохуд” ҳаракат мекунад ё ба сӯйи “худ”?
Мусалламан, ҳар мавҷуде, ки сайри такомулӣ дорад, аз “худ”-и ноқистар шурӯъ мекунад ва ба сӯйи “худ”-и комилтар ҳаракат мекунад. Масалан, як гул аз аввалин лаҳзаи ҳаракаташ то охирин лаҳзаи камолаш, дорои як воқеият ва “худ”-и мумтадде аст, ки ҳар чи пештар меравад, “худ”-аш комилтар мегардад ва “худ”-тар мешавад. Ҳол, ҳамин гул агар шуъур дошта бошад, мусалламан ба камоли ниҳоии худ ишқ дорад, пас таъаллуқи як мавҷуд ба ғоят ва камоли ниҳоии худаш, на танҳо мусталзими “аз худ бегона шудан” нест, балки бештар “худ шудан” аст.
Дар воқеъ озодӣ ба ин маъно, ки мавҷуде аз камоли худ озод бошад ва ба он таваҷҷӯҳе надошта бошад, дар воқеъ аз “худ” бегона шудааст ва ҳаргиз ба “худ”-и воқеӣ ва камоли ҳақиқӣ намерасад. Яъне мо ҳам қабул дорем, ки вобастагӣ ба як зоти бегона бо “худ”, мӯҷиби масхи моҳияти инсон аст ва ин ки дар адён, вобастагӣ ба моддиёт нафй шуда, ба хотири ҳамин аст, ки мӯҷиби суқути инсон ва тазъифи арзишҳои инсонӣ мешавад.
Мактаби экзистенсиализм миёни вобастагӣ ба “худ” ва вобастагӣ ба ғайр тафкик накарда ва гумон карда ҳар навъ таъаллуқе мӯҷиби асорат ва сукун мешавад, ҳатто таъаллуқ ба камоли худ. Бинобар ин, дар посухи иштибоҳи онҳо бояд гуфт:
Аввалан, таъаллуқи инсон ба Худо, таъаллуқ ба як шайъи муғойир бо зот нест, ки инсон ба хотири ин таъаллуқ, худро фаромӯш кунад. Дар фалсафаи исломӣ бо бурҳони бисёр равшан собит шудааст, ки иллати эҷодкунандаи ҳар шайъ, ба он шайъ аз худи он шайъ наздиктар аст. Оёти Қуръон ҳам таъйидкунандаи ин бурҳон мебошад.
Қуръон мефармояд: на фақат огоҳии Худованд ба шумо аз худатон бештар аст, балки зоти ӯ ҳам аз худатон ба шумо наздиктар аст:
وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْكُمْ
“Ва мо ба ӯ наздиктарем аз шумо.” (Қоф/16) Ҳазрати Алӣ мефармояд:
هُوَ فِي الأَشياءِ عَلى غَيرِ مُمازَجَةٍ، خارِجٌ مِنها عَلى غَيرِ مُبايَنَةٍ
“Худованд дар миёни ашё ҳозир аст бидуни ин ки дар онҳо махлут бошад, аз ашё берун аст бидуни ин ки аз онҳо ҷудо бошад…” Яъне Худо аз ашё берун ва ҷудо нест, вале дар айни ҳол дохил дар ашё ҳам нест.
لَيْسَ فِي الْأَشْيَاءِ بِوَالِجٍ وَ لَا عَنْهَا بِخَارِجٍ
“На даруни ашё дохил аст ва на аз онҳо хориҷ…”
Бинобар ин, таъаллуқи инсон ба Худо, таъаллуқ ба ғайр нест, то мӯҷиби фаромӯшии “худ” шавад.
Сониян, Қуръон, ки лузуми таъаллуқи инсонро ба Худо зикр карда, барои ин аст, ки Худо камол ва ниҳояти сайри инсон мебошад, пас таваҷҷӯҳи инсон ба Худо, таваҷҷӯҳи ӯ ба камоли хеш аст. Ва рафтани инсон ба сӯйи Худо, рафтан аз “худ”-и ноқистар ба “худ”-и комилтар аст ва мусалламан чунин таъаллуқе, аз худ бегонагӣ нест, зеро ин таъаллуқ, таъаллуқ ба “худ” ва камоли худ мебошад.
Аз дидгоҳи ислом, инсон он вақт метавонад худогоҳ шавад, ки Худоогоҳ шавад ва ҳар кас, ки Худоро фаромӯш кард, худро фаромӯш кардааст:
نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ
“Худоро фаромӯш карданд ва Худо низ онҳоро ба худфаромӯшӣ гирифтор кард…” (Ҳашр/19)
Фалсафаи ибодат ҳам ин аст, ки инсон Худоро биёбад, то “худ”-ашро биёбад. Огоҳӣ ба Худо мусталзими огоҳии бештар ба “худ” ва арзишҳои худ аст. Ҳамчунин дар мақоми арзишҳои инсонӣ ҳам онон, ки дар мақоми убудият (бандагии Худо) боло мераванд, ҳамаи арзишҳои инсонӣ мисли ақл ва ишқ ва қудрат ва иззат ва каромат дар онҳо қавитар мешавад, чун ҳамаи ин арзишҳо мазоҳири зоти Ҳақ ҳастанд.
Дар посухи ин иддао, ки гуфтаанд: таъаллуқ ба Худо мӯҷиби таваққуф ва рукуди инсон аст, бояд гуфт: таъаллуқ ва вобастагӣ ба мавҷуде маҳдуд аст, ки инсонро аз ҳаракат бозмедорад, аммо Худо, яъне ҳақиқати номутаноҳӣ ва агар касе ба сӯйи лоятаноҳӣ ҳаракат кунад, боз ба сӯйи камол меравад.
Идома дорад…
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар тамоми умури зиндагӣ назм дошта бошем
Бурҳони ҳидоят

Матолиби пурбоздид