Дар тамоми умури зиндагӣ назм дошта бошем

Дар тамоми умури зиндагӣ назм дошта бошем

Алӣ(р): Шуморо ба парҳезгорию тақво ва назм дар корҳоятон супориш мекунам.

Дар ҳамаи корҳои фардӣ ва иҷтимоии худ, бояд назмро сарлавҳаи кори худ қарор диҳем.

Чаро?

Уламои ахлоқ аввалин дастуре, ки ба дигарон медиҳанд ва аввалин тавсияашон ин аст, ки дар зиндагиамон назм дошта бошем.

Доштани назми шахсӣ таъсироти худро бар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ мегузорад ва бар афкор ва ҳатто рафтор бо дигарон низ муассир аст.

Навъи нигоҳи дигарон дар бархурд бо чунин фарде ҳамеша мутафовит ва хос аст ва дигарон бо эътимоди бештаре ба инсон нигоҳ мекунанд.

Аслитарин таъсироти назм дар зиндагӣ кадомҳост?

Бар асари назм аст, ки мо ба ин умур мерасем:

Истифодаи муфид аз замон ва фурсатҳои зиндагӣ;

Мудирияти беҳтари зиндагӣ;

Барномарезии беҳтар барои расидан ба ҳадафҳо;

Афзоиши эътимод ба нафс ва худбоварӣ, афзоиши иззати нафс ва истиқлол дар зиндагӣ;

Робитаи беҳтар бо дигарон;

Коҳиши изтиробу стресс;

Тасаллут бар корҳо ва умури мухталиф.

Агар назм ба ин андоза муфид аст, роҳҳои ба даст овардани он кадомҳост? Яъне чӣ кор кунем, ки назм дошта бошем?

Барои посух ба ин суол ба ин нукот таваҷуҳ дошта бошем:

Ёддошт кардан;

Кори имрӯзаро ба фардо нагузоштан;

Ҳар чизеро сари ҷои худ гузоштан;

Барномарезӣ барои масоили сода;

Ташвиқ кардани худ;

Эътимод ба дигарон.

Ёдоамон бошад, ки риояти назму интизом дар анҷоми ҳамаи корҳо ва дар муҳитҳои гуногун лозим ва зарурист.

Дар сурате ки битавонем назми шахсӣ дошта бошем, ба беҳдошти ҷисмӣ ва равонии худ кӯмаки бисёре мекунем ва аз ҳар гуна стрессу изтироб дур хоҳем буд.

Барои доштани назм, лозим аст, ки аз қадамҳои кучак оғоз кунем то ба мурур, назм дар мо ниҳодина шавад.

Агар дар зиндагӣ назм дошта бошем, бовар дошта бошем, ки ба ҳама чизҳое, ки бихоҳем, мерасед ва муваффақияти мо тазмин хоҳад шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаргиз таслим нашавед!
Инсон ва озодихоҳӣ – VII

Матолиби пурбоздид