Дар Эрон Шӯрои муваққати раҳбарӣ ташкил шуд
Ахбори Ҷаҳони Ислом
Пизишкиён: Шӯрои муваққати раҳбарӣ кори худро оғоз кардааст.
Бар асоси гузоришот, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паи шаҳодати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари ин кишвар, Шӯрои муваққати раҳбарӣ ба кори худ оғоз намудааст.
Оятуллоҳ Аърофӣ ба унвони узви Шӯрои муваққати раҳбарӣ то интихоби раҳбари баъдии Ҷ.И.Эрон интихоб шудааст. Шӯрои муваққати раҳбарӣ тибқи Қонуни асосӣ, аз се нафар муташаккиланд: узви фақеҳи Шӯрои нигаҳбон (Оятуллоҳ Аърофӣ), раиси ҷумҳур (Пизишкиён) ва раиси қувваи қазоия (Эжаӣ).
Ин шӯро тамоми масъулиятҳои раҳбариро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Қаламонлайн













