Достони саги чӯпон
Достонҳои кӯтоҳ
Дар “Анвор-ун-нуъмония” омадааст: Гӯянд, саги галлае бимурд. Чун соҳибаш хеле дӯсташ дошт, ӯро дар яке аз мақобири муслимин дафн кард. Хабар ба қозии шаҳр расид. Дастур дод, ӯро эҳзор кунанд ва бисӯзонанд. Зеро ӯ саги худро дар қабристони мусалмонон ба хок супурдааст. Вақте ӯро дастгир карданд ва назди қозӣ оварданд, гуфт:
— Эй қозӣ! Ин саг васияте карда, ки мехоҳам ба шумо арз кунам, то бар зиммаи ман чизе боқӣ намонад.
Қозӣ пурсид:
— Васият чист?
Он мард гуфт:
— Ҳангоме ки саг дар ҳоли марг буд, ба ӯ ишора кардам, ки ҳамаи ин гӯсфандон аз они туст. Пас васият кун, ки онҳоро ба чӣ касе бидиҳам. Саг ба хонаи шумо, ки қозии шаҳр ҳастед ишора кард. Инак, галлаи гӯсфандон ҳозир ва омода ва дар ихтиёри шумост.
Қозӣ бо таассуру таассуф гуфт:
— Иллати фавти марҳуми саг чӣ буд? Оё ба чизи дигаре васият накард? Худованд ба неъматҳои ухравӣ бар ӯ миннат ниҳад ва ту низ ба саломат бирав! Чунончи он марҳум васоёи дигаре дошт, моро огоҳ гардон, то ба он амал кунем.
Ба ин тартиб чӯпон аз марг наҷот ёфт.
(Анворун-нуъмония, с.421)
Қаламонлайн
qalamonline.net













