Дузди нома
Мактаби инсоният
Донишманде ба яке аз дўстони содиқ нома менавишт.
Шахсе ба гўшаи чашм навиштаи вайро мехонд. Барои донишманд навиштан душвор омад. Ў навишт, ки агар дар паҳлӯи ман дузде намебуд ва навиштаи маро намехонд, ҳамаи асрори худамро менавиштам.
Он шахс гуфт:
-Валлоҳ, ки эй мавлоно, ман номаи туро нахондаам.
Гуфт:
-Эй нодон, пас инро, ки мегӯӣ, аз куҷо мегӯӣ?!
Қаламонлайн