Ду гузориш
Гузориши аввал:
Як нафар аз тоҷикони муқими яке аз кишварҳои ғарбӣ, эътироз намудаанд, ки сарвазири он кишвари ғарбӣ, 30 000 (сӣ ҳазор доллар) сармояи миллиро аз ҳисоби молиётсупорандагон, яъне аз хазинаи давлат, барои аҳдофи шахсӣ ва гурӯҳиаш рехту пош ва исроф намуда ва мавриди сарзаниши мардуми он кишвар қарор гирифтааст.
Гузориши дуюм:
Дар кишвари азизамон, аз хонаи масъули як идораи давлатӣ, 1 300 000 (як миллиону сесад ҳазор доллар) пул пайдо шудааст ва маоши моҳонаи ин ҷаноб 2000 (ду ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медодааст.
Мардуми кишвари азизи ман нисбат ба амалкарди ин масъули давлатӣ гуфтаанд:
Ба худододагон ситеза макун, ки ба онон Худо додааст…
Акнун, мунтазирем Қонун ва қонунмадорон чӣ мегӯянд.
(Фейсбук, сафҳаи яке аз корбарони ҳамватан)
Қаламонлайн