Зариф: “Иқдомоти Исроил нозигуна аст”

Зариф: “Иқдомоти Исроил нозигуна аст”
Иқдомоти Исроил нозигуна ва фошистӣ аст!
Ахбори байналмилал
Вазири хориҷаи пешини Эрон иқдомоти Исроил алайҳи мардуми Фаластинро маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Исно, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи сешанбе дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоӣ Х (Твитери собиқ) навишт:
“Иқдомот ва изҳороти нозигунаи Исроил боиси тармими ҳисси хурдшудаи ин режими ҷинояткор нахоҳанд шуд, аммо заминаи мустаҳкамеро барои танзими кайфархост дар робита бо ҷароими ҷангиашон фароҳам хоҳанд кард”.
Гуфтанист, суханони Зариф дар пайи он матраҳ шуда, ки вазири ҷанги Исроил ахиран дар паёме гуфта буд:
“Ман дастури муҳосараи комили Ғаззаро додаам. На барқ, на ғизо, на сӯхт ва на об дар ихтиёр хоҳанд дошт. Ҳама чиз бар рӯйи онҳо баста хоҳад шуд”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Холид Машъал: “Уммати арабӣ ва исломӣ аз Ғазза ҳимоят кунад”
Ҳикматҳо ва андарзҳо – 3

Матолиби пурбоздид