Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст – II

Таърих

Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст

Бахши дуввум

 Луқмон Бойматов

Танҳо як хайр вуҷуд дорад, ки номи он дониш аст. (Суқрот)

* * *

 

Фазилати одамӣ бартар аз вазоифи давлатист

Мақсади ниҳоии раёсати мӯҳтарам аз мӯҳтавои дастураш ошкор аст, яъне обод намудани макони ҳаробу муқаддаси таърихӣ вақти зиёд мехоҳад ва анҷоми он кори басо сахту пурмасъулиятест, вале эҷоди шаҳракҳои маснӯъии таърихӣ — фарҳангӣ бамаротиб осон ва беҳтарин василаест барои касби мақоми болотар дар кӯтоҳтарин замон ва ғ…

Мардум содаву зудбовар аст, вале гӯлу гумроҳ нест. Ҳуши тези халқро наметавон инкор кард. Огоҳ бояд шуд, ки агар масъуле, ки шаҳомати пазириши ҳақиқатро надошта бошад, мутмаинан, ба мурод нахоҳад расид, чун ҳадафҳои беарзиш қотилони ангезаҳои бузурганд.

Агар ҳадаф дуруст нест, тасмим низ ба раҳи хато хоҳад рафт ва натиҷатан ангезаҳои мардум дар ҷиҳати ҳифзи таърихи хеш ва пок доштани ёди падарон ба ҳалокат хоҳад расид. Ҳамин бетаваҷҷӯҳии масъулин дар тӯли таърих боис шуда, ки миллати тоҷик асрҳои аср дар мулки аҷдодиаш гирифтори заҷр шуда ва иштибоҳоти масъулин далели хиёнатҳои ҷадидтаре гардид, ба ҳадде, ки наздик буд аз саҳнаи таърих маҳв шавад!

Пурсиши дигар ин аст. Оё онҳое, ки ҳамчунин тасмимро гирифтаанд, аз моҳият ва меъёрҳои санъати гардишгарӣ тасаввурот доранд ва ё боре ҳам аз маконҳои таърихии кишварҳои дуру наздик дидан кардаанд? Агар огоҳанд, пас, чаро ҳамчунин тасмими ғалатро ба унвони камоли тавфиқи хиради хеш матраҳ менамоянд?

Устодон ва дӯстони муаррихам наранҷанд. Фаҷоеъи фарҳанги миллат он гоҳ шурӯъ мешавад, ки муаррихон ва коршиносони таъриху фарҳанг дар баробари иштибоҳоту худсариҳои масъулин сукут ихтиёр мекунанд. Таърих шоҳид аст, ба хотири сукутҳои бемавқеъ аст, ки фурсатталабони берӯ пуррӯтар мешуданд.

Одам вақте худхоҳ мешавад, хубиҳояш ҳам коста мешаванд. Ин ҳама «мӯъҷизоти ҳунарӣ»-ро аз пули мардум эҷод мешавад, ҳадди ақал эҳтироми назару раъйи эшон риъоят шуда? Аз номи мардум ба чашми мардум хок пошидан, на мардӣ асту, на адаб асту на ҳунар! Агар ният холис аст, ба чӣ сабаб роҳи интихоб ва тасмими дурустро барои мардум набояд баст. Аммо он чӣ раёсати мӯҳтарам ва тарафдоронашон тасмим гирифтаанд, ба ҷуз амали беэҳтиромӣ бар ҳаққи мардум нест!

Огоҳ бошем, ҳеч чиз шармовартар аз ин нест, ки шахси масъул ба хотири ғаразҳои худ фазилати пос доштани ёди муборизони роҳи озодиро, он ҳам ба наҳваи бисёр масхараомез зери суол бибарад. Ҳадисе аз Паёмбари ислом ҳаст ва он ин аст: «Хушо ба ҳоли он, ки касбе пок ва ботине шоиста ва зоҳире гиромӣ дошта бошад ва шаррашро аз мардум дур кунад.» Дар ҳақиқат, он ҷо ки афроди масъул худхоҳу ҷоҳталабоне бошанд, ки мехоҳанд аз роҳи тамаъву тамаллуқ касби обрӯ кунанд, ҳаргиз адолатро бар ҷойи худ нахоҳанд нишонд.

Шояд эҳсоси такаббур ва худбартарбинии раёсати мӯҳтарам ва нодониву худхоҳиҳои мушовиронаш дар умури таъриху фарҳангаш иҷоза намедиҳад, ки бар иштибоҳоти хеш пай бибарад. Вале раёсати мӯҳтарам, нек бидонад, ки худ эшон барои расидан ба аҳдофу ниятҳои хеш масири дурустеро интихоб накардааст.

Дар кори як ҳоким риояти эҳтироми зертобеъон бояд нуқтаи оғози фазлу адабаш бошад. Ҳеч кас наметавонад эътибори худро бияфзояд, магар ин ки эҳтироми дигаронро низ ба он гунае, ки аз дигарон мехоҳад, риъоят фармояд. Илтимосам ин аст, ки донишмандони ҳақиқиро, ки навкарони мардуманд, хор макунед! Дар назди фазли Худованд ҳама баробаранд.

Фазилати одамӣ бартар аз вазоифи давлатӣ аст. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру шаҳрдорӣ аз ояндаи аъмоли хеш бияндешанд. Ҳеч чиз аз ҳофизаи таърих пок намешавад. Бо ин ки имрӯз зару зӯру қудрат дар даст аст, набояд болид, зеро он чӣ мондагор дар ин дунё аст, фақат ҳосилаи афкорамон аст.

Ҳамвора дар андешаи он лаҳазот бошем, ки бо хор шумурдани мардум, хортарини мардум нашавем!

Луқмон Бойматов

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мадинае, ки Имом Хумайнӣ бино кард
Андалус – II

Матолиби пурбоздид