Инқилоби исломии Эрон аз дидгоҳи Мишел Фуку
Бахши аввал
Муқаддима
Пул Мишел Фуку (Paul Michel Foucault – Поль Мишель Фуко, 1926-1984), файласуф, торихдон ва мутафаккири муосири фаронсавӣ аст. Фуку соҳиби курсии «Торихи низомҳои фикрӣ» дар колеҷи De France буд ва дар Донишгоҳи Колифорниё тадрис мекард. Фуку ба хотири назариёте амиқ дар бораи ҷомеа, сиёсат ва торих, аз саршиностарин мутафаккирони қарни 20-ум маҳсуб мешавад.
Фуку пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ду бор ба Эрон сафар кард ва дар ин сафарҳо, дар Теҳрон, Қум ва Ободон, бо бархе аз раҳбарони миллӣ ва динӣ ва гурӯҳҳои мухталифе, ки дар Инқилоб даст доштанд, мулоқот кард. Ҳосили ин сафарҳо маҷмӯаи гузоришҳо ва мақолоте шуд, ки Фуку барои рӯзномаи итолиёии Corriere della Sera навишт.
Омилҳои таъсиргузор дар шаклгирӣ ва пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон аз дидгоҳи Мишел Фуку
Чизҳое, ки дар соири инқилобҳо, аз заруратҳо ва пояҳо маҳсуб мешаванд, дар Инқилоби Эрон ба чашм намехӯранд: на аз «муборизоти табақотӣ» асаре ҳаст ва на ҳатто дар мафҳуме густардатар аз «ҷабҳабандии иҷтимоӣ» ва на аз як «диномики сиёсӣ»-и инқилобии пешбаранда ё «иқдомоти инқилобии табақаи пешрав». (Фуку: 1384:106) Инқилоби Эрон комилан як падидаи «нав» ва «мунҳасир ба фард» аст. (Ҳамон: 106). Омилҳои зерин ба сурати мустақим дар шаклгирӣ ва пирӯзии ин ҳаракати мардумии Эрон нақш доштаанд:
- Дини ислом
Низоми онон (эрониҳо) бо низоми мо яке нест. Дар Эрон то ҳудуди зиёде ин низом мубтанӣ аст бар мазҳабе, ки дорои шакли зоҳирӣ ва муҳтавои ботинӣ аст. Ба иборати дигар, он чӣ дар шакли сареҳи қонун баён мешавад, дар ҳамон ҳол ба маънои дигаре бозмегардад. (Фуку: 1389:66)
Дар тамоми муддати сол, шӯриш саросари Эронро паймудааст… Тамоми рӯз муллоҳо дар масҷидҳо бо хашм аз Шоҳ, аз Омрико, ва аз Ғарб ва моддипарастии он ҳарф задаанд ва мардумро, ба номи Ислом ва Қуръон, ба пайкор бо ҳамаи ин режимҳо фаро хондаанд. (Ҳамон: 28)
Як мушовири омрикоӣ умедвор аст, ки «агар моҳи Муҳаррамро муқовимат кунем, ҳама чизро метавон наҷот дод, вагарна (кор тамом аст)…» (Ҳамон: 53)
Медонед, ки ин рӯзҳо чӣ иборате беш аз ҳар чиз барои эрониҳо хандаовар аст? «Дин тарёки тӯдаҳост!» То ҳамин даврони низоми феълӣ, муллоҳо (дар рӯзҳои ҷумъа) туфанг дар даст хутба мехонанд. (Ҳамон: 29)
- Нақши Имом Хумайнӣ
Имом Хумайнӣ ба унвони раҳбари Инқилоби Исломӣ, нақши басазое дар шаклгирӣ ва пирӯзии Инқилоби Исломӣ доштааст; нақше, ки бархоста аз ҳамон низоми имомат дар тафаккури ташайюъ ва омӯзаҳои марбут ба он аст.
Нақши шахсияти Оятуллоҳ Хумайнӣ паҳлӯ ба афсона мезанад ва имрӯз ҳеч раиси давлате ва ҳеч раҳбари сиёсӣ, ҳатто ба пуштибонии ҳамаи расонаҳои кишвараш, наметавонад иддаъо кунад, ки мардумаш бо ӯ пайванде чунин шахсӣ ва нерӯманд доранд. (Ҳамон: 64)
Шунидани ин ҳарф аз даҳони як халабони Боинг аҷиб буд, ки аз ҷониби ҳамкоронаш мегуфт: «Гаронбаҳотарин сарвате, ки Эрон аз қарнҳо пеш то кунун дошта дар Фаронса пеши шумост, хуб нигаҳдориаш кунед!» Ва аз он муассиртар ҳарфи эътисобгарони Ободон буд: «Мо чандон ҳам мазҳабӣ нестем?» Пас ба чӣ касе эътимод доред? Ба яке аз аҳзоби сиёсӣ? «На, ба ҳеч кадом», «Пас ба як шахс?» «Ба ҳеч кас, ҷуз Хумайнӣ ва фақат ба ӯ.» (Ҳамон: 57-58)
Дар руҳонияти шиъа марҷаияти динӣ тобеи силсиламаротиб нест. Ҳар касе танҳо аз марҷае пайравӣ мекунад, ки худ бихоҳад. Оятуллоҳҳои имрӯзиро, ки дар баробари Шоҳ ва пулис ва артиши ӯ миллатеро якпорча ба хиёбонҳо кашидаанд, ҳеч кас бар маснад нанишондааст, балки мардум ба эшон (мароҷеи динӣ) гӯш кардаанд. (Ҳамон: 30)
- Ирода ба тағйири решаӣ бар мабнои Ислом
Дар ниҳоят, бо дар назар гирифтани тамоми мушкилоти иқтисодӣ, ҳамчунон бояд бибинем, ки чаро мардум қиём карданд ва гуфтанд: дигар ин вазъро намехоҳем? Эрониён бо қиёми худашон, ба худ гуфтанд ва ин шояд руҳи қиёмашон бошад: мо ба таври қатъ бояд ин режимро тағйир диҳем, мо бояд ҳама чизро дар кишвар — аъамм аз ташкилоти сиёсӣ, низоми иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ -ро тағйир диҳем. Аммо ба вижа бояд худамонро тағйир диҳем, бояд шеваи буданамон ва робитаамон бо дигарон, бо чизҳо, бо абадият, бо Худо комилан тағйир кунад ва танҳо дар сурат ин тағйири решаӣ ба вуҷуд меояд, инқилобамон инқилобе воқеӣ хоҳад буд. Ман фикр мекунам, ки дар ҳамин ҷост, ки Ислом ифои нақш мекунад. (Фуку: 1389:60)
- Мардумӣ будани баданаи артиши Шоҳ
Ҳарчи нооромиҳо бештар мешавад, ҳукумат (-и Шоҳ) ҳам бештар ногузир мешавад барои барқарории назм, ба воҳидҳои низомӣ мутавассил шавад, ки на омодагии ин корро доранд ва на ангезаи онро, ва дар ин миён тоза мефаҳманд, ки сару корашон бо кумунизми байналмилал нест, балки бо мардуми кӯчаву бозор аст. Инҳоро метавон як бор ба тирандозӣ водор кард, аммо ду бор на. Ба тадриҷ, ки иғтишош, ба номи ин исломе, ки ҳамаи артиш ба он таъаллуқ дорад, густариш меёбад, сарбозон ва афсарон дармеёбанд, ки рӯ ба рӯяшон душман нест. (Ҳамон: 14-15)
- Мардумӣ будани Инқилоб
(Инқилоби Исломӣ) падидае (аст), ки метавон онро инқилобӣ (ба маънои бисёр густардаи ин вожа) донист, чун иборат аст аз қиёми ҳамаи миллат алайҳи қудрате, ки бар он ситам меронад. (Фуку: 1389: 54)
Нафйи режим (-и Шоҳ) дар Эрон, падидае аст азим ва иҷтимоӣ. Аммо на ба ин маъно, ки сардаргум ва отифӣ бошад ё ба худ чандон огоҳӣ надошта бошад. Дар низоми сиёсӣ, ин ҷунбиш на назире дорад ва на ҷилва ва тазоҳуре. (Ҳамон: 63-64)
Яке аз чизҳои ин инқилоб ин воқеият аст, ки ин рӯйдод иродае мутлақан ҷамъиро намоён мекунад ва камтар мардуме дар торих чунин фурсат ва иқболе доштааст. (Ҳамон: 57-58)
Идома дорад…
Қаламонлайн
qalamonline.net













