Ислом – пешоҳанги торихии ҷаҳон
Ислом аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ
Вил Дурон (Will Durant), файласуф ва торихнигори машҳури омрикоӣ (1885-1981), дар китоби “Таърихи тамаддун”-и худ менависад:
“Пайдоиш ва измиҳлоли тамаддуни исломӣ, аз ҳаводиси бузурги таърих аст. Ислом тайи панҷ қарн (қарни 7 то 12 мелодӣ) аз лиҳози нерӯ ва назм ва густариши қаламрав ва ахлоқи нек ва такомули сатҳи зиндагӣ ва қонунҳои мунсифонаи инсонӣ ва эҳтиром ба ақоид ва афкори дигарон ва адабиёт ва таҳқиқи илмӣ, пешоҳанги ҷаҳон буд…” (Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.433)
Ва ҳам ӯ менависад:
“Дунёи ислом дар ҷаҳони масеҳӣ нуфузҳои гуногун дошт. Урупо аз диёри ислом ғизоҳо ва шарбатҳо, дору ва дармон, аслиҳа ва усули хонадорӣ (мисли ҳаммом ва ғайра), салиқа ва завқи ҳунарӣ, абзор ва русуми санъат ва тиҷорат, қонунҳо ва русуми дарёнавардиро фаро гирифт. Ва ғолибан луғоти онро низ аз мусалмонон иқтибос кард… Уламои мусалмон — аъамм аз форсу арабу турку соири қавмиятҳо — риёзиёт ва табииёт ва шимӣ (химия) ва ҳайат (геометрия)-ро ҳифз карданд ва ба камол расониданд ва ба Урупо мунтақил карданд… Ибни Сино ва Ибни Рушд ду файласуф ва табиби бузурги исломӣ, аз Машриқ бар фалосифаи мадрасии Урупо (яъне Scholasticism) партав афканданд ва салоҳияташон чун юнониён мавриди эътимод буд… Ин нуфузи исломӣ аз роҳи бозаргонӣ ва ҷангҳои салибӣ ва тарҷумаи ҳазорон китоб аз арабӣ ба лотин ва мусофирати донишвароне аз қабили Герберт (Gerbert) ва Мойкл Скот (Michael Scot) ва ғайра… ба Андалус анҷом мигирифт…” (Ҳамон манбаъ, с.426 ва 433)
Қаламонлайн
qalamonline.net













