Истеҳкоми дӯстӣ
Мактаби инсоният
“Дӯстатро бо эҳсоне, ки дар ҳаққи ӯ мекунӣ, сарзаниш кун. Ва шарри ӯро бо бахшиш бозгардон”.
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 158)
Тавзеҳ: “Дӯсти худро бо некӣ сарзаниш кун” ба ин маъност, ки ба ҷойи сарзаниш, ба ӯ некӣ намо, то шармсор шавад, чун шармсорӣ, аз ҳар сарзанише асараш бештар аст. Ва бадии ӯро бо атову бахшиш ба ӯ бартараф гардон, зеро атову бахшиш мӯҷиби дӯстӣ аст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













