Истиғфори Одам
Зиллати Одам зи ишкам буду боҳ
В-они Иблис аз такаббур буду ҷоҳ.
Лоҷарам ӯ зуд истиғфор кард,
В-он лаин аз тавба истикбор кард.
(Мавлоно)
Яъне лағзиши Одам (а) маълули шикам ва ғаризаи ҷинсӣ буд, яъне сабабаш майли ӯ ба хӯрдан аз он дарахт буд, аммо лағзиши Иблиси лаин аз такаббур ва ҷоҳталабӣ, зеро худро чанд сару гардан аз мавҷуди хокӣ, яъне Одам болотар медид. Бинобар ин он чи маншааш такаббур ва худро боло дидан ва “ман-манӣ” аст, ин қобили омурзиш нест. Хулоса, ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Одам бедиранг омурзиш талабид, аммо он Иблиси малъун аз анҷоми тавба саркашӣ кард.
Заллат: лағзиш.
Боҳ: шаҳват.













