Ишқ танҳо бемориест, ки бемор аз он лаззат мебарад

Адаб

Ишқ танҳо бемориест, ки бемор аз он лаззат мебарад

«Рӯзгоре ки шаъну мақоми ту пойин омад, ноумед машав, (зеро) офтоб ҳар рӯз ҳангоми ғуруб пойин меравад, то бомдоди рӯзи дигар боло биёяд.»

«Сухан агар аз дил хориҷ шавад, ба дил ҳам ворид мешавад, вагарна таваққӯъ мадор, ки он таъсир кунад.»

«Ҳар кас дар талаби хайру саодати дигарон бошад, билохира саодати хешро ҳам ба даст хоҳад овард.»

«Ишқ танҳо беморие аст, ки бемор аз он лаззат мебарад.»

«Ба василаи фазлу карам метавон аз душман интиқом гирифт.»

«Имтиҳон кун мардро бо феъли ӯ, на бо қавли ӯ.»

«Зиндагӣ бидуни ишқ маҳол аст. Барои мардуми беишқ дунё ҳукми қабристони васееро дорад.»

«Фазилат иборат аст аз мушобиҳати руҳ ба мисоли аъло, яъне мушобиҳати ӯ ба Худо.»

Ҷумалоти ҳикматомез аз Афлотун

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб
Имрӯз саъй мекунам беҳтар аз дирӯз бошам

Матолиби пурбоздид