Коршиноси аршади исроилӣ: Омрико чӣ ваъдаи махфӣ ба Эрон дода, ки ба мо ҳамла намекунад?

Таҳлили хабарӣ

Коршиноси аршади исроилӣ: Омрико чӣ ваъдаи махфӣ ба Эрон дода, ки ба мо ҳамла намекунад?

Байналмилал

Дэвид М. Вайнберг, мудири Муассисаи амнияти миллӣ ва стртегии Исроил – Misgav, бо нигориши мақолае дар рӯзномаи исроилии Jerusalem Post, далели тӯлонӣ шудани посухи эҳтимолии Эрон ба Исроилро баррасӣ карда ва навиштааст, эҳтимолан диплумосии пинҳон ва ваъдаҳои Вошинтун аз тариқи Уммон ва Қатар ба Эрон, Теҳронро аз ҳамлаи мутақобил алайҳи Исроил мунсариф карда бошад.

(Тазаккур: Он чи дар ин мақола меояд, таҳлили соҳиби он аст ва ба ҳеч ваҷҳ ба маънои таъйиди муҳтавои он аз сӯйи банда (С.И) нест, балки дар мавориде, мухолифи ин таҳлил ҳастам. Ин мақоларо ба ин ҷиҳат меоварам, ки аввалан, хонанда бо назари коршиносони исроилӣ роҷеъ ба таҳаввулоти минтақа ошно шавад ва сониян, соҳиби он, яке аз назарияпардозони сиёсӣ ва низомии маъруф дар Исроил аст, ки назари ӯро ҳамеша мадди назар қарор додаанд.)

Инак, машрӯҳи мақолаи Дэвид М. Вайнберг дар рӯзномаи Jerusalem Post:

* * *

Ман шадидан гумон мекунам, ки далели аслии таъхири Эрон ва Ҳизбуллоҳ дар ҳамалоти интиқомӣ алайҳи Исроил, Иёлоти Муттаҳида бошад, ба ин маънӣ, ки Вошинтун ин бозигарони бадро ҷазб мекунад, то бо музокира бо онҳо, дар мавриди нақш ва ҷойгоҳи машрӯъи онҳо дар минтақа ба як роҳи ҳал бирасанд.

Ин танҳо тавзеҳи мумкин барои чароғи сабзи ин ҳафтаи раҳбари Эрон мабнӣ бар азсаргирии музокироти ҳастаӣ бо Иёлоти Муттаҳида аст. Раҳбари Эрон ин ҳафта дар дидор бо кобинаи ҷадиди Эрон гуфт, ки таъомул бо душман дар мавзӯъоте мушкил надорад, аммо ба душман набояд умед баст.

Аз замоне, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, аз тавофуқи Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом) дар соли 2018 хориҷ шуд, раҳбари Эрон қотеъона ҳозир ба баррасии муҷаддади тавофуқи Барҷом нашуда буд.

Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар 4 соли гузашта бо лаҳне илтимосгуна аз раҳбари Эрон дархости музокираи муҷаддад барои эҳёи Барҷомро кардааст, аммо фоидае надошт. Дар посух, раҳбари Эрон Бойденро ба масхара гирифт, кори ғанисозии ҳастаии Эронро ба шиддат афзоиш дод, ба такрор бозрасони ҳастаии байналмилалиро ба чолиш кашид ва маҳофили дохилии Эрон дар ин охирҳо ошкортар аз ҳамеша дар бораи сохти силоҳҳои ҳастаӣ сӯҳбат кардаанд.

Пас чархиши феълии онҳо ба чӣ маъност? Зеро дар музокироти нимамаҳрамона бо Эрон, ки дар Қатар ва Уммон анҷом шудааст, Вошинтун мумкин аст Теҳронро дар ростои танишзудоии бузурги минтақаӣ татмеъ карда бошад.

Омрико ба дунболи як тавофуқи бузург аст, ки ҳам аз ҷанги густардатари Эрон ва Исроил ва ҳам аз ҷанги Ҳизбуллоҳ ва Исроил ҷилавгирӣ кунад, ба ҳамалоти шибҳинизомиёни наздик ба Эрон ба нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ ва Сурия поён диҳад, ба ҳамалоти Ҳусиҳо ба киштиҳо дар соҳилҳои Яман поён диҳад ва ба таври ҷодуӣ оташбас байни Ҳамос ва Исроилро фароҳам кунад.

Барои дастёбӣ ба ҳамаи инҳо, истинботи ман ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида акнун имтиёзоти ҳастаии бесобиқаеро ба Эрон ироа карда, аз ҷумла коҳиши бештари таҳримҳо ва эътирофи хатарноки ҳастаӣ шудани Эрон.

Албатта, чунин тафоҳумоте аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида бо Эрон, таҳдидоти ҳастаӣ ё ҳайманаи (гегемонияи) Эронро аз байн намебарад, балки боис мешавад Эрон ба унвони як мушкили дарозмуддат барои Исроил ва кишварҳои арабӣ боқӣ бимонад ва мушкили бузургтар барои давлати баъдӣ ба ирс бирасад.

Хабари чароғи сабзи раҳбари Эрон барои музокираи муҷаддад бо Омрико бар сари барномаи ҳастаии Эрон, дар ҳамаи рӯзномаҳои ҷаҳон ва ҳатто бештар аз он дар Исроил, хабари бисёр муҳимме буд.

Аммо аз он ҷойе, ки расонаҳои ҷаҳон ва Исроил машғули пӯшиши ҷанги Ғазза ҳастанд, ин хабари муҳим мавриди таваҷҷӯҳи чандоне қарор нагирифт.

Ва нукта: дар дидори ин ҳафтаи раҳбари Эрон ва кобинаи ҷадиди Эрон ба риёсати Масъуди Пизишкиён, ҳадс бизанед чӣ касе ҳозир шуд? Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи собиқ, ки дар соли 2015 бар сари Барҷом музокира кард; ин ба ман мегӯяд, ки Эрон кушоише барои “тафоҳумот”-и муҷаддад бо Иёлоти Муттаҳида эҳсос мекунад; таҳаввуле, ки танҳо бо бештарин нигаронӣ дар Исроил метавон ба он нигоҳ кард.

Аммо он чи имрӯз мавриди ниёз аст, тафоҳумоти нарм миёни Вошинтун ва Теҳрон нест, балки як танзими муҷаддади стратегӣ бар асоси қудрат ва азми қотеъи Омрикост. Ба унвони абарқудрати мусаллати ҷаҳонӣ ва ба унвони муттаҳиди Исроил, Омрико муваззаф аст, ки барномаи атомии Эронро хунсо карда ва бо тавсиъаталабии гегемонии Эрон дар саросари минтақа муқобила кунад ва нерӯҳои ниёбатии хатарноки Эрон (Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо ва ғайра)-ро хунсо кунад.

Чӣ гуна Омрико метавонад ин воқеиятро нодида бигирад, ки Эрон дар ҳоли эҷоди пойгоҳҳои ҳавоӣ ва дарёӣ дар баҳри Медитарона (Миёназамин) ва баҳри Сурх ва бавежа дар Сурия барои тақвияти қудрати минтақаии худ аст? Ё ин ки ба дунболи контроли шохи Офриқо (Сумолӣ ва Ҷибутӣ) ва вуруд ба баҳсри Сурх аст – як нуқтаи бӯҳронӣ дар киштиронии байналмилалӣ. Ва аз тариқи ҳамалоти Ҳусиҳо, коҳиши 70 дарсадии киштиронӣ аз Осиё ба Ғарб аз тариқи канали Суэзро ба вуҷуд овардааст?

Чӣ гуна Вошинтун метавонад ин воқеиятро нодида бигирад, ки Эрон дар кишварҳои Ховари Миёна, ки муттаҳидони ғарбӣ ҳастанд, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Миср ва Ӯрдун, ба барандозӣ доман мезанад? Бавежа бар бесубот кардани режими ҳошимӣ дар Ӯрдун барои дастрасӣ ба тӯлонитарин марзи Исроил ва аз он ҷо барои нуфуз ба қалби давлати яҳуд мутамаркиз аст – ва бо таваҷҷӯҳ ба мақодири азими таслеҳотӣ, ки артиши Исроил дар Ҷинин ва Тӯлкарм кашф мекунад, ба назар мерасад, ки Эрон дар ин амр муваффақ будааст.

Чӣ гуна Вошинтун метавонад ин воқеиятро нодида бигирад, ки Эрон аз теруризм алайҳи аҳдофи ғарбӣ, исроилӣ ва яҳудӣ дар сар то сари ҷаҳон ҳимоят мекунад, аз ҷумла таъмини молии бидуни ибҳом, пуштибонии луҷестикӣ, барномарезӣ ва тарбияти низомиҳо барои ҳамалоти теруристӣ, ки дар саросари ҷаҳон, аз Буэнос-Айрес то Бургасро дарбар мегирад?

Чӣ гуна Вошинтун метавонад ин воқеиятро нодида бигирад, ки Эрон паҳподҳои таҳоҷумии мусаллаҳонаро барои ҷанги Путин алайҳи Укройн дар ихтиёри Русия қарор медиҳад, ё ин воқеият, ки Эрон аз тазоҳурот алайҳи Исроил ва алайҳ Омрико дар донишгоҳҳои саросари Омрико ҳимояти молӣ мекунад?

Ва муҳимтар аз ҳама, чӣ гуна Вошинтун метавонад ин воқеиятро нодида бигирад, ки тибқи гуфтаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, Эрон ураниумро то ҳадди низомӣ (84 дарсад) ғанисозӣ кардааст. (84 дарсад, ки бисёр наздик ба сатҳи 90 дарсад барои сохти силоҳи ҳастаӣ аст) ва анбошта шудани ураниум бо дараҷаи таслеҳотӣ барои тавлиди 5 силоҳи ҳастаӣ зарфи 3 моҳ?

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамаи инҳо, танишзудоӣ бо Эрон ҳадафи иштибоҳ ба назар мерасад. Аз манзари баландмуддати Исроил – бавежа пас аз ҳамлаи 7 октябр, вуруди Ҳизбуллоҳ ба ҷанг ва талошҳои Эрон барои барафрӯхтани Интифозаи севвум дар каронаи Бохтарии рӯди Ӯрдун, ташдиди рӯёрӯӣ бо Эрон иҷтинобнопазир аст ва дар ин марҳила шояд ҳатто тарҷеҳ дода шавад.

“Сулҳ дар ҳоли ҳозир” як гузинаи воқеӣ нест

Дар воқеъ, барои аксари исроилиҳо ва раҳбарони Исроил равшан шудааст, ки Исроил бо як даҳа ҷанги фарсоишӣ алайҳи Эрон ва нерӯҳои ниёбатиаш мувоҷеҳ аст ва ташдиди набард бо ин душманон зарурӣ аст, на чизе, ки бояд аз он чашмпӯшӣ кард. “Сулҳи акнун” на як гузинаи воқеъбинона ва на судманд аз назари диплумотик ё низомӣ аст. Сулҳ (ё ҳадди ақал субот) мумкин аст хеле дертар ба вуҷуд биёяд, агар ҷанги кунунии Исроил ба натиҷа бирасад ва пас аз пирӯзиҳои қотеъ бар урдугоҳи Эрон.

Ба таври хулоса, Исроил наметавонад бо ҳалқаи оташи эронӣ бар даври гардани худ зиндагӣ кунад. Вошинтун низ набояд чунин чизеро бипазирад, бахусус, ки талоши Эрон фақат барои буғӣ кардани Исроил нест, балки барои таслим кардани Омрико низ ҳаст.

Афсӯс, ки давлати Убомо-Бойден (ва шояд Ҳаррис) дар Вошинтун ошкоро нақши Иёлоти Муттаҳида дар минтақаро мутафовит мебинад. Онҳо аз тариқи мусолеҳа бо Эрон, ба дунболи бозсозии минтақа буда ва ҳастанд: аз тариқи созиш ва имтиёз, на тақобул. Ва дар ин роҳ ин воқеиятро нодида мегирад, ки Эрон ҷоҳталабиҳои инқилобии худро барои судури исломгароии родиколи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ, тасаллут бар минтақа ва нобудии Исроил, пинҳон намекунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба эъломи ахири раҳбари Эрон ва сукути нисбии Насруллоҳ, бояд пурсид, ки Бойден ва Ҳаррис дар изои хештандорӣ ба онҳо, чӣ ваъдае додаанд? Ва бояд пурсид, ки Исроил бояд барои бастаи танишзудоие, ки Вошинтун ваъда дода, қарор аст мутаҳаммили чӣ ҳазинаи сангине шавад, фаротар аз дастбандҳое, ки Иёлоти Муттаҳида пештар бар рӯйи амалиёти низомии Исроил алайҳи Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ задааст.

Jerusalem Post

Қаламонлайн  

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу: “Эътисобот ба манзилаи ҳимоят аз Синвор ва Ҳамос аст”
Дарсомӯзии Буалӣ Сино

Матолиби пурбоздид