Мақоми исроилӣ: Ин ҷанги ҷаҳонии севвум алайҳи Эрон ва исломи родикол аст
Вазири хориҷаи ҷадиди Исроил дар бораи ҷанги Ғазза: “Ин ҷанги ҷаҳонии севвум алайҳи Эрон ва исломи родикол аст”
Ахбори байналмилал
Usatoday
Вазири хориҷаи ҷадиди Исроил дар бораи ҷанги Ғазза гуфт: “Ин, ҷанги ҷаҳонии севвум аст ва мо дар муқаддимаи кулли ҷаҳон ҳастем.”
Ба гузориши USA Today, Исраэл Катс, вазири хориҷаи ҷадиди Исроил афзуд: “Мусобиқаи Эрон барои касби силоҳи атомӣ, бо қудрати бештаре дар давраи кунунӣ идома дорад. Ҷабҳае, ки Эрон инҷо дар ин минтақа сохта фақат алайҳи Исроил нест. Ин, ҷанги ҷаҳонии севвум аст ва мо дар муқаддимаи кулли ҷаҳон ҳастем.”
Вай ин суханонро дар маросими оғоз ба кор ба унвони вазири хориҷаи ҷадиди Исроил матраҳ кард.
Гуфтанист, вазирони хориҷа ва энержии Исроил ҷо ба ҷо шуданд. Эли Коэн, вазири хориҷа ба вазорати энержӣ рафт ва Исраэл Катс, вазири энержӣ ҳам ба унвони вазири хориҷаи ҷадид ағоз ба кор кард.
Usatoday
Қаламонлайн