Мақоми исроилӣ: Халъи силоҳи Ҳамос ғайримумкин аст
Байналмилал
Телавив
Як мақоми баландпояи исроилӣ эътироф кардааст, ки халъи силоҳи ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғазза дар шароити кунунӣ ғайриимкон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Ҳамос ҳамчунон назорати комилро бар тамоми қаламрави Ғазза дар даст дорад.
Ин мақом, ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо расонаҳои исроилӣ таъкид кардааст, ки Ҳамос на танҳо сохтори низомии худро ҳифз намудааст, балки ҳамчунин тавони идорӣ ва амниятии худро дар саросари навори Ғазза нигоҳ доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна тарҳ ё пешниҳод дар мавриди халъи силоҳи Ҳамос бидуни тағйироти амиқи сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа, воқеӣ ба назар намерасад. «Ҳамос дар тамоми навори Ғазза мусаллат аст ва дорои шабакаи муназзами низомӣ, иҷтимоӣ ва маъмурӣ мебошад», — гуфтааст ин мақом.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки талошҳои байналмилалӣ барои расидан ба оташбаси пойдор ва муайян кардани ояндаи идории навори Ғазза идома доранд. Бархе аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳро шарти асосии сабот дар минтақа медонанд, аммо изҳороти ахири мақомоти исроилӣ нишон медиҳад, ки иҷрои чунин ҳадаф дар амал бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки идомаи назорати Ҳамос бар Ғазза метавонад равандҳои сиёсӣ ва амниятии минтақаро боз ҳам печидатар кунад ва роҳи ҳалли зуд ва осон барои буҳрони феълӣ вуҷуд надорад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













