Маҳалгароӣ – маразе, ки рӯзе Тоҷикистонро маҳву нобуд хоҳад кард
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Агар марази маҳалгароӣ ва минтақагароӣ як бемории маҳсус мебуд ва дармон медошт, ҳама корро раҳо мекардам ва дар ин ҳавза тахассус пайдо карда ва ба дармони мубталоён ба ин мараз дар кишварам мепардохтам. Вале зоҳиран ин як дарди бедаво будааст. Ин беморӣ мисли аҷал “бандаш кушода намешудааст”. Бӯалӣ Сино дар он шеъри маъруфаш мебоист онро ба ҷойи аҷал мегузошт ва месуруд:
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди маҳал.
Маҳал ва минтақа дар кишвари мо, мояи бартарии инсон гардида, ки гӯӣ: “гиромитарини инсонҳо дар назди ҳар касе ҳаммаҳал ва ҳамминтақаи ӯст”, на тақво, на шоистагӣ, на лиёқат, на доноӣ, на кордонӣ, на тахассус… Инҳо ҳама зоҳиран кашканд дар ин кишвар.
Ҳеч кас дар кишвари мо мустасно нест; бадахшонияш, ғармияш, кӯлобияш, ҳисорияш, шимолияш, ҷанубияш, хулоса ҳама маҳалгаро ва минтақагаро ҳастанд. Тоза, ин мараз беш аз ҳама домангири “фарҳехтаҳо”-и ин кишвар аст, аз рӯзноманигоронаш бигир то шоирону нависандаҳо ва сиёсатмадоронаш.
Ва ба қадре ин мараз бо пӯсту хуну устухони ин мардум аҷин гардида, ки агар қарор аст қаҳрамоне барои ин сарзамин вуҷуд дошта бошад, бояд ва воҷиб аст, ки он қаҳрамон аз маҳал ва минтақаи ӯ бошад, на ҷойе дигар.
Ба илова, сиёсатмадорони кунунӣ зоҳиран вуҷуди ин мараз ва бақои онро ба нафъи худ медонанд ва намехоҳанд ин мараз решакан гардад ва балки корҳое мекунанд, ки ин марази лоилоҷ ташдид шавад. Зеро бақои онҳо бар арикаи қудрат, зоҳиран марҳуни вуҷуд ва бақои ин беморӣ дар миёни мардум аст.
Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки инҳо намедонанд, ин мараз рӯзе кулли Тоҷикистонро маҳву нобуд хоҳад кард. Шаҳрвандони ин кишвар то замоне ки худро узви як хонводаи бузург ба номи Тоҷикистон надонанд ва миёни аъзои ин хонаводаи бузург ҳеч фарқ ва табъиз қоил набошанд, ин кишвар рӯйи хушеро нахоҳад дид.
Росташ, аз касоне, ки зодаи замони Шӯравӣ ҳастанд ва синнашон аз 40 ба болост, зоҳиран чандон умед нест, ки аз ин мараз ва беморӣ худро бираҳонанд, маҳалгароӣ гӯшту хуну устухони онҳо гардида. Аз ин рӯ, ҳамаи умедҳо ба ҷавонон ва азизони аз синни 40 ба пойин дар ин кишвар аст, ки бояд худро ба ин мараз олуда накунанд, байни як шимолӣ ва як ҷанубӣ ва ё як бадахшонӣ ё кӯлобӣ ва ғайра табъиз ва ҷудоӣ қоил нашаванд, ҳамаро узви як хонавода бидонанд ва меъёр барояшон “тоҷикистонӣ” будан бошад. Танҳо дар ҳамин сурат аст, ки ин сарзамин оянда хоҳад дошт, вагарна дар сурати идомаи маҳалгароии давлатмардон ва рафтори аҳмақона ва аблаҳонаи онҳо, то 20 соли дигар Тоҷикистоне боқӣ нахоҳад монд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн