Муноқишаи Амрико ва Чин бар сари чист?

Таҳлили хабарӣ

Муноқишаи Амрико ва Чин бар сари чист?

Таҳлиле аз Томас Фридман дар рӯзномаи New York Times

Ишора: Томас Фридман, сутуннависи New York Times ва нависандаи сиёсии омрикоист. Ӯ се бор барандаи ҷоизаи Pulitzer ба унвони сутуннависи ҳафтагии New York Times барои пӯшиши хабарии ҷанг дар Лубнон, ахбор ва таҳаввулоти “Исроил” ва таъсири ҷаҳонии теруризм шудааст. Ӯ матолиби зиёде дар мавриди умури хориҷӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, Ховари Миёна, ҷаҳонӣ шудан ва масоили зистмуҳитӣ навиштааст.

Мақолаи вай ба шарҳи зерин аст:

“Ман ба тозагӣ аз сафар ба Чин барои аввалин бор, аз замони шуюъи COVID ба ин сӯ, бозгаштам. Бозгашт ба Пекин, ёдовари аввалин қонуни рӯзноманигории ман буд: “Агар ба онҷо сафар накунед, чизе дар бораи онҷо нахоҳед донист”. Равобит байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба қадре бад ва ба андозае тира ва боиси коҳиши тамос байни мо ва чиниҳо шуда, ки теъдоди бисёр каме аз хабарнигорони омрикоӣ дар Чин боқӣ мондаанд. Раҳбаронамон ба сахтӣ дар ин бора сӯҳбат мекунанд, ки мо акнун монанди ду гориллаи ғулпайкар ҳастем, ки аз як сӯрох ба якдигар нигоҳ мекунем. Ҳеч натиҷаи хубе аз ин вазъият ҳосил нахоҳад шуд.

Сафари ахири Тсай Инвэн, раисиҷумҳури Тойвон ба Иёлоти Муттаҳида, Пекинро бар он дошт, то размоишҳои оташинро дар савоҳили Тойвон баргузор кунад ва бори дигар дар бораи сулҳу субот дар тангаи Тойвон ҳушдор диҳад.

Ин мавзӯъ нишон дод, ки фазо то чӣ андоза доғ шудааст. Бардоштани кучактарин қадами иштибоҳӣ аз сӯи ҳар як аз тарафайн метавонад оташи ҷанг байни Омрико ва Чинро шӯълавар созад ва вазъияте, ки дар баробари он, ҷанги Укройн сирфан як гарду ғубори бапошуда дар маҳалла ба назар хоҳад расид.

Ин яке аз далоиле буд, ки тасмим гирифтам ба Чин сафар кунам ва вазъиятро аз тариқи диафрагмаи бузургтар аз сӯрохи сӯзан, расад кунам. Ҳузур дар Маҷмаъи тавсиаи Чин, гирдиҳамоии бисёр муфиди солонаи Пекин муташаккил аз раҳбарони тиҷории маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ, мақомҳои аршади чинӣ, дипломатҳои бознишаста ва чанд рӯзноманигори маҳаллӣ ва ғарбӣ бархе аз ҳақоиқи қадимиро ба ман ёдоварӣ кард ва маро дар маърази бархе аз воқеиятҳои чашмгири тоза дар бораи равобити Иёлоти Муттаҳида ва Чин қарор дод.

Мавзӯъи тоза он аст, ки акнун бисёре аз колоҳо ва хадамоте, ки Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба якдигар мефурӯшанд, диҷитол ҳастанд ва корбурди дугона доранд; ба ин маъно, ки ҳам метавонанд ба унвони абзор ва ҳам ба масобаи силоҳ мавриди истифода қарор гиранд. Дуруст замоне, ки эътимод байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин беш аз ҳар замони дигаре аҳаммият пайдо карда, ин эътимод беш аз ҳамеша камёб шудааст. Ин раванди бад аст.

Имрӯз дар Омрико ба назар мерасад, ки рақобате байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ба роҳ афтода бар сари ин ки чӣ касе метавонад дар мавриди Чин шадидтар сӯҳбат кунад. Ду кишвар ба қадре аз якдигар тасвири як шайтонро сохтаанд, ки ба роҳатӣ метавон фаромӯш кард, ки ду миллат то чӣ андоза бо ҳам нуқоти иштирок дорем. Ман фикр намекунам пас аз Иёлоти Муттаҳида дар ҳеч кишвари бузурге ба андозаи Чин ахлоқи кории протестан ва ҷамъияти табиатан сармоядор вуҷуд дошта бошад.

Бозгашт ба Чин ҳамчунин боис шуд, то вазн ва қудрати ҳавлнокеро мушоҳида кунам, ки Чин аз замони кушоиши дарҳояш ба рӯйи ҷаҳон дар даҳаи 1970 ва ҳатто аз замони шуюъи COVID дар соли 2019 ба ин сӯ касб кардааст. Системаҳои назорат ва радёбии диҷитоли давлатии пулис ва дурбинҳои ташхиси чеҳра дар он кишвар дар ҳама ҷо ҳузур доранд. Ҳизби коммунисти Чин ҳар гуна чолишеро барои ҳокимияти худ ё Сӣ Ҷинпинг, раисиҷумҳури он кишвар дарҳам шикастааст. Имрӯза барои як сутуннависи рӯзномаи хориҷӣ бисёр душвор аст, ки як мақоми аршад ва ҳатто як мақоми оддиро водор ба сӯҳбат дар бораи мақулаҳои мухталиф дар Чин кунад. Як даҳа пеш дар Чин вазъият ин гуна набуд.

Тасаллути Ҳизби коммунист сабаб шуда давлати Чин зерсохтҳое дар сатҳ ва радаи ҷаҳонӣ ва колоҳои умумиро эҷод кунанд.

Зиндагии табақоти мутавассит ва пойини Чин ба таври пайваста беҳтар мешавад. Ба таври хосс дар Пекин ва Шангхай то ҳадди зиёде олудагии ҳаво бартараф шуда ва теъдоди зиёде аз фазоҳои сабзи тоза ва қобили пиёдаравӣ боис шудаанд дар муқоиса бо гузашта бештар қобили зиндагӣ шаванд. Шангхай ахиран 55 порки ҷадид сохта, ки маҷмӯъи онро ба 406 расондааст ва барои сохти наздик ба 600 порки дигар низ барномарезӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 900 шаҳр ва шаҳрак дар Чин аз тариқи қаторҳои сареъуссайр хидматрасонӣ мекунанд. Ҳатто сафар ба манотиқи бисёр дурдаст дар Чин низ осонтар, роҳаттар ва арзонтар шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли 23 соли гузашта Омрико дақиқан як навъ хатти релии пурсуръат ба номи Acela сохтааст, ки 15 истгоҳ байни Вошингтун ва Бостон дорад. Ба ин фикр кунед: муқоисаи 900 бо 15.

Ман инро намегӯям, то истидлол кунам, ки қаторҳои пурсуръат беҳтар аз озодӣ ҳастанд. Инро мегӯям, то тавзеҳ диҳам, ки ҳузур дар Пекин ба шумо ёдоварӣ мекунад, ки суботи Чин маҳсули як давлати пулисӣ аст, ки фарогир шудааст ва ҳамзамон кайфияти зиндагиро барои шаҳрвандони он кишвар ба таври пайваста беҳбуд бахшидааст. Ин режиме аст, ки ҳам контроли мутлақ дорад ва ҳам пешрафтро ҷиддӣ мегирад.

Барои як омрикоӣ, ки аз фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ дар Ню-йорк парвоз мекунад ва ба фурудгоҳи байналмилалии Пекин меравад, вазъияте, ки мебинад боис мешавад, то барои тамоми ҳашт соле, ки дар мавриди Дунолд Тромп ба унвони як кишварсози сохтагӣ сӯҳбат кардем гиря кунем.

Дар тӯли иқоматам дар Чин мутаваҷҷеҳ шудам, ки чиниҳои таҳсилкарда беш аз қабл ба якдигар муттасил ҳастанд ва метавонанд девори оташини сонсури диҷитоли давлатро давр бизананд. Дар Пекин бисёре аз чиниҳо истифода аз чати JPT-ро оғоз кардаанд. Чин ҷаҳиши зудҳангом дар арсаи ҳуши маснуӣ дар ду ҳавзаи фанноварии ташхиси чеҳра ва савобиқи саломат дошта, зеро амалан ҳеч маҳдудияте барои ҳифзи ҳарими хусусии шаҳрвандон надорад ва ин мавзӯъ тавоноии давлат барои эҷоди маҷмӯаҳои додаи азим ба манзури ёфтани улгуҳоро афзоиш медиҳад.

Бо ин вуҷуд, ҳуши маснуӣ монанди чати JPT-и сохти Омрико ба ҳар фарде аз як кишоварзи фақир гирифта то як донишгоҳӣ ин қудратро медиҳад, то ҳар пурсишеро дар мавриди ҳар мавзӯе ба забони худ бипурсад. Ин метавонад мушкили воқеӣ барои ҳукумати Чин бошад, зеро он кишвар маҷбур мешавад деворҳои муҳофизатии зиёдеро барои ҳуши маснуии худ бисозад. Агар чиниҳо дар бораи он чи дар майдони Тянанмен дар таърихи 4 июни 1989 рух дод, аз абзорҳои мубтанӣ бар ҳуши маснуӣ бипурсанд, чӣ хоҳад шуд? Системаи Чин ҳамвора дар талош аст, то бифаҳмад чӣ чизеро сонсур кунад, куҷоро сонсур кунад ва чӣ касеро сонсур кунад. Ин мавзӯъ боиси коҳиши баҳраварӣ мешавад.

Як устоди улуми сиёсӣ дар Чин ба ман гуфт: “Чати JPT боис шуда бархе аз чиниҳо аз он бипурсанд оё Омрико дубора дар ҳоли афзоиши қудрат ва зуҳури муҷаддад монанди даҳаи 1990 аст”? Ба ҳамин далел аст, ки санҷиши робитаи қудрат байни Омрико ва Чин ба як саргармии маҳбуб миёни нухбагон дар ҳар ду кишвари мо табдил шудааст.

Бо Ҳу Шиҷин, яке аз маҳбубтарин веблогнависони чинӣ, бо тақрибан 25 миллион дунболкунанда дар Weibo – муодили чинии Твиттер сӯҳбат кардам. Ба ӯ гуфтам, Ютуб аз соли 2009 дар Чин мамнӯъ аст ва агар Пекин иҷозаи вуруди чиниҳо ба Ютубро бидиҳад, он замон аст, ки мо низ метавонем иҷозаи вуруди омрикоиҳо ба Тик-токро бидиҳем.

Ҳу ба ман гуфт: “Ман эҳсоси шуморо дарк мекунам. Шумо барои як қарн дар ҷойгоҳи нахуст будед ва акнун Чин дар ҳоли рушд аст ва мо ин зарфиятро дорем, ки аввал шавем. Ва пазириши ин мавзӯъ барои шумо омрикоиҳо осон нест, аммо шумо набояд талош кунед тавсиаи Чинро мутаваққиф кунед. Шумо наметавонед дар ниҳоят Чинро маҳор кунед. Мо комилан боҳуш ва бисёр сахткӯш ҳастем. Мо 1.4 миллиард нафар ҷамъият дорем”.

Ӯ меафзояд: “Мо пеш аз риёсати ҷумҳурии Тромп ҳаргиз фикр намекардем равобит миёни Чин ва Омрико то ин андоза бад шавад. Аксари чиниҳо фикр мекунанд ҳеч умеде ба беҳбуди равобит вуҷуд надорад ва равобит бадтар мешавад. Умедворем, ки ҷанге миёни ду кишвар рух надиҳад”.

Ин сӯҳбатҳои такрорӣ боис шуд аз сармоягузорон, таҳлилгарон ва мақомҳои омрикоӣ, чинӣ ва тойвонӣ суоле бипурсам, ки муддате аст манро озор медиҳад: Омрико ва Чин дақиқан барои чӣ бо якдигар меҷанганд?

Замоне, ки ин пурсишро матраҳ мекардам, бисёре аз онон дар посух додан мураддад буданд. Дар воқеъ, бисёре аз онон мегуфтанд: “Мутмаин нестам, фақат медонам, ки тақсири тарафи муқобил аст”. Мутмаин ҳастам, ки ҳамин посухро дар Вошингтун низ дарёфт хоҳам кард.

Беҳтарин бахши сафарам, талош барои ёфтани посухи ин пурсиш буд, ки бисёр печидатар ва амиқтар аз посухи маъмули як калимаи “Тойвон” ё посухи маъмули “худкомагӣ дар баробари демукросӣ” аст.

Фарсоиш дар равобити Иёлоти Муттаҳида ва Чин натиҷаи як омили қадимӣ ва ошкор аст: рақобати суннатии қудратҳои бузург байни як қудрати феълӣ (мо) ва як қудрати дар ҳоли зуҳур (Чин), аммо бо бисёре аз печидагиҳои ҷадид, ки ҳамеша барои мардум бо чашми ғайри мусаллаҳ қобили мушоҳида нест.

Ҷанбаи қадимӣ ва бадеҳии масъала ин аст, ки Чин ва Омрико барои ба даст овардани бештарин нуфузи иқтисодӣ ва низомӣ ба манзури шакл додан ба қавонини қарни 21-ум ба равишҳое, ки бештарин судро барои низомҳои иқтисодӣ ва сиёсии марбутаашон доранд талош мекунанд ва яке аз он қавонини мавриди муноқиша, ки Омрико онро пазируфта, аммо таъйид накарда, иддаои Чин дар мавриди Тойвон ба унвони бахше аз Чини воҳид аст.

Аз онҷо, ки ин “қоида” камокон мавриди муноқиша аст, мо ба мусаллаҳ кардани Тойвон барои ҷилавгирӣ аз тасарруфи он ҷазира, ҷилавгирӣ аз нобудии демукросии он ва истифода аз он минтақа ба унвони нуқтаи париш ба соири нуқоти шарқи Осиё идома хоҳем дод ва Пекин ба талош барои иттиҳоди муҷаддади Тойвон бо сарзамини аслии Чин идома хоҳад дод. Бо ин вуҷуд, яке аз печидагиҳо он аст, ки ин рақобат байни кишварҳое рух медиҳад, ки аз назари иқтисодӣ ба андозаи риштаҳои як молекулаи DNA дар ҳам танида шудаанд.

Дар натиҷа, на Чин ва на Омрико ҳаргиз рақибе шабеҳ ба якдигар надоштаанд. Ҳамтоёни пешини низомӣ ва иқтисодии Омрико, Олмони нозӣ ва СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ) буданд, аммо Омрико бо онон дарҳам танида набуд. Чин низ бо рақиби мушобеҳи Омрико бо чунин дараҷае аз дарҳам танидагӣ мувоҷеҳ набудааст. Гӯшиҳои Айфон дар Чин мунтож мешаванд ва то ҳамин авохир Омрико мақсади хориҷии мавриди алоқаи 300 ҳазор донишҷӯи чинӣ буд.

Печидагии дигар он аст, ки чӣ гуна беэътимодӣ байни ду кишвар афзоиш ёфтааст. Ин вазъият маҳсули фаръии экосистемаи фанноварии ҷадиди мост, ки дар он дастгоҳҳо ва хадамоти бештаре, ки ҳам аз он истифода карда ва ҳам бо он тиҷорат мекунем, тавассути микрочипҳо ва нармафзорҳо ҳидоят шуда ва аз тариқи марокизи дода дар интернети пурсуръат ба якдигар муттасил мешаванд. Ҳангоме, ки маҳсулот ё хадамоти бисёр бештаре диҷитолӣ ва ба интернет муттасил шуданд, мавориди бештаре корбурди дугона пайдо карданд, яъне фанновариҳое, ки ба роҳатӣ метавонанд аз абзори ғайри низомӣ ба силоҳи низомӣ табдил шаванд ё билъакс.

Дар давраи ҷанги сард ҳавопаймои ҷангӣ як силоҳ буд ва телефон як абзор, аммо имрӯза бо диҷитолӣ шудан, аз дастгоҳҳои телефони муҷаҳҳаз ба GPS гирифта то худрав метавонанд корбурди дугона дошта бошанд. Имрӯза сирфан чанд код худравҳои мустақилро аз таслиҳот мутамойиз месозанд. Ҳамон гуна, ки дар Укройн дидем, модарбузургҳо метавонанд аз тариқи гӯшии телефони ҳамроҳи ҳушманд барои тамос бо наваҳо истифода кунанд ва ё бо як воҳиди партоби мушаки укройнӣ тамос бигиранд, то мухтассот GPS-и як тонки русиро дар ҳавлии хонаашон ба онон ироа диҳанд. Ин вазъият боиси ташдиди печидагӣ дар равобити ду кишвар мешавад.

Се даҳа буд, ки Чин колоҳои камумқ мисли кафш ва ҷӯроб ва панелҳои хуршедиро ба мо мефурӯхт ва колоҳои амиқ бо қобилияти корбурди дугона, чун гӯшиҳои телефони ҳамроҳ ва микрочипҳоро аз мо мехарид, то ин ки ҳашт сол пеш фурӯшнадаи чинӣ дари хонаамонро кӯбид ва гуфт: “Ман оқои Ҳавовей (ё Ҳавоӣ) ҳастам ва таҷҳизоти интернети насли 5-умро беҳтар аз он чи шумо доред дуруст мекунам. Ман шурӯъ ба насби он дар саросари ҷаҳон мекунам ва мехоҳам ба Омрико симкашӣ кунам”.

Бо диҷитолӣ шудан ва барқӣ шудани бештари маҳсулот ва хадамот, микрочипҳое, ки ҳама чизро таъмин мекарданд, ба нафти ҷадид табдил шуданд. Ҳамон нақше, ки нафти хом барои тақвияти иқтисодҳои қарни 19-ум ва 20-ум доштро акнун микрочипҳо барои тақвияти иқтисодҳои қарни 21-ум бар ӯҳда доранд. Бинобар ин, имрӯза кишварҳое, ки метавонанд сареътарин, қавитарин ва каммасрафтарин микрочипҳоро бисозанд, қодир ҳастанд бузургтарин роёнаҳои мубтанӣ бар ҳуши маснуиро бисозанд ва бар иқтисод ва умури низомӣ тасаллут дошта бошанд. Аммо нукта инҷост: аз он ҷое, ки тарзи сохти микросхемаҳои мантиқии пешрафта бисёр печида шудааст (захомати мӯйи инсон ҳудуди 90000 нанометр аст ва беҳтарин тавлидкунанда анбӯҳи микросхемаҳои пешрафта дар ҷаҳон акнун дар ҳоли сохти транзисторҳои 3 нанометр аст) ҳеч кишвар ё ширкате наметавонад молики кулли занҷираи таъмин бошад. Шумо аз ҳама ҷо ба беҳтаринҳо ниёз доред ва ин занҷираи таъмин ба қадре муҳкам дар ҳам танида шудааст, ки ҳар бозигаре бояд нисбат ба бозигарони дигар эътимоди муҳками дошта бошад.

Ҳеч мушкиле надорам, ки бигӯям ман дӯст дорам дар ҷаҳоне зиндагӣ кунам, ки мардуми Чин дар канори дигарон дар ҳоли пешрафт бошанд. Бо ин вуҷуд, бояд бигӯям омрикоиҳо ва чиниҳо аз як ҷиҳат манро ба ёди исроилиҳо ва фаластиниён меандозанд: онон ҳар ду дар ташдиди эҳсоси ноамнии тарафи дигар мутахассис ҳастанд. Ҳизби коммунисти Чин акнун мутақоид шудааст, ки Омрико мехоҳад сарнагунаш кунад; чизе, ки бархе аз сиёсатмадорони омрикоӣ аз баёни он хиҷолате ба худ роҳ намедиҳанд. Бинобар ин, Пекин омодааст, то бо Путин зери як соя бихазад, агар ин коре бошад, ки барои дур нигаҳ доштани омрикоиҳо лозим аст.

Чини коммунист бо баҳрагирӣ аз бозори ҷаҳонӣ, ки бар асоси қавонини Омрико шакл гирифта сарватманд шудааст. Акнун омрикоиҳо нигарон ҳастанд, ки Чин аз қудрати ҷадиди худ барои тағйири якҷонибаи ин қавонин ба нафъи худ истифода кунад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем қудрати рӯ ба заволи худро дар муқобили Пекин бар ин мавзӯъ мутамаркиз созем, ки чиниҳо ҳамеша як даҳа аз мо дар заминаи микрочипҳо ақибтар бошанд. Агар ҳадафи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида сарнагунии режими коммунистӣ дар Чин нест, Иёлоти Муттаҳида бояд ин мавзӯъро ба вузуҳ баён кунад, зеро ман дар Пекин дидам, ки бисёре аз чиниҳо фикр мекунанд ҳадафи Омрико тағйири режим дар Чин аст.

Дар дунёи дар ҳам омехтаи имрӯзӣ ин тасаввур, ки Чин метавонад аз назари иқтисодӣ суқут кунад ва Омрико ҳамчунон рушд кунад, комилан хаёлӣ аст. Ҳамчунин, тасаввури ин ки дар чунин талоше урупоиҳо бидуни таваҷҷӯҳ ба вусъати бозори Чин, бо мо ҳамроҳ мешаванд низ як хаёл ва таваҳҳум аст. Ба сари таъзим фуруд овардани ҳафтаи гузаштаи Макрон – раисиҷумҳури Фаронса дар муқобили Сӣ дар Пекин нигоҳ кунед.

Чин мумкин аст битавонад ҳар чизеро тавлид кунад, аммо касе харидори он нахоҳад буд. Чин бояд дарк кунад, ки эҷод ва ҳифзи эътимод акнун муҳимтарин мазияти рақобати ҳар кишвар ё ширкате аст, ки метавонад дар ихтиёр дошта бошад ва Пекин дар ин талош шикаст хӯрдааст. Яке аз қоидаҳои аслии диплумосӣ ин аст: ”Эътимод сиккаи қаламрав аст”. Чин ниёзманди дарк ва пазириши ин ҳақиқат аст.”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳо
Тоҷирони Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Матолиби пурбоздид