Муҳаммад(с) – раҳмати оламиён
Нукоте дар мавриди ҳазрати Муҳаммад(с)
Ин ёддоштро бо иқтибос аз суханони Никита Михалков, коргардони шаҳири русӣ оғоз мекунам.
Дақиқан ёдам нест, ба назарам ҳудуди 10 сол пеш, матлабе дар расонаҳо мунташир шуд дар бораи маҳбубтарин исм дар дунё. Бар асоси омор, дӯстдоштанитарин ном номи ҳазрати Муҳаммад (с) будааст. Дар ҳамон замон, дар барномае дар шабакаи телевизиюнии “РТР Планета”, роҷеъ ба ин мавзӯъ Никита Михалков сухани аҷибе дар ин барнома гуфта буд. Ӯ дар баёни чароии маҳбубияти номи ҳазрати Муҳаммад (с) дар рӯзгори мо гуфт: “Ба назари ман, Муҳаммад (с) аз як ҳимоят ва пуштибонии осмонӣ (аз сӯйи Худо) бархӯрдор аст. Вагарна, бо вуҷуди ин ҳама душманиҳо аз сӯйи душманонаш ва ҳамоқатҳо аз тарафи “дӯстонаш”, маҳол аст, ки то ба имрӯз аз вай номе ва нишоне боқӣ мемонд…”
Сухани Михалков комилан дуруст аст. Зеро, бо ин ҳама душманиҳое, ки имрӯзҳо бо ойини ислом ва шахси ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад ва таблиғоте, ки алайҳи вуҷуди нозанини паёмбари хотам дар шабакаҳои маҷозӣ мебинем ва низ ҳамоқатҳо ва балоҳатҳое, ки аҳёнан аз сӯйи афроде ба ном мусалмон ва ба номи ислом мушоҳида мекунем, одам пеши худ мегӯяд, дигар ин ойин шӯълааш ба тамом хомӯш ва аз Муҳаммад (с) ҳам дигар нишоне боқӣ нахоҳад монд.
Магар на ин аст, ки на танҳо душманони ислом аз шарқу ғарб шамшер алайҳи ислом аз рӯ бастаанд, балки пайравонаш ҳам дар ҳоли хӯрдани гӯшти ҳамдигаранд? Магар на ин аст, ки дар фазои маҷозӣ андармони иттиҳомзаниҳо ба якдигаранд, ки ту шиъа ҳастӣ ва ту салафӣ, ту суннӣ ҳастӣ ва ту сӯфӣ ва ба қадре ба аъмоқи таърих фурӯ рафта ва ба хотири ҳаводиси гузашта ба ҷони якдигар афтодаанд, ки дигар фаромӯшашон шудааст, ки дар қарни 21 зиндагӣ мекунанд.
Бо ин ҳисоб ва бар мабнои суннати таърих ва бар асоси қонуни сабабият — ки бар ҷаҳони ҳастӣ ҳукмфармост – оё аз ислом номе мемонд ва аз ҳазрати Муҳаммад (с) нишоне? Шояд як тамошобини бетараф ва аз берун бигӯяд, бо вуҷуди инҳо, номи ҳазрати Муҳаммад (с) ва динаш на ин ки маҳбубтарин, балки “манфуртарин” мебуд…
Бо ин ҳама аммо чаро ҳанӯз шӯълааш на ин ки хомӯш нашуда, балки дурахшонтар гардида? Ва номи он ҷаноб (с) на ин ки аз ёдҳо нарафта, балки мондагортар шуда?
Сабабаш дақиқан ҳамон чизе аст, ки Никита Михалков мегӯяд.
Зеро ин Худост, ки муҳаббат ва алоқа ба ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар дилҳо қарор дода ва номашро боло бурда:
وَرَفَعْنَا لَكَ ذِكْرَكَ
“Ва ном ва овозаатро баланд кардем.” (Сураи Шарҳ, ояти 4)
Ва ин Худост, ки ваъда дода, дини Муҳаммад (с)-ро пирӯз хоҳад кард, ҳарчанд хушоянди кофирон нест:
يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ
“Мехоҳанд, нур (дин)-и Худоро бо даҳонҳошон хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро тамом ва ошкор созад, агарчӣ кофирон хуш надоранд.” (Сураи Тавба, ояти 32)
هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ
“Ӯст, ки паёмбари худро бо роҳнамоӣ ба роҳи рост ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо чира гардонад, ҳарчанд мушрикон хуш надоранд.” (Сураи Тавба, ояти 33)
يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ
“Мехоҳанд, ки нури Худоро бо даҳонҳошон хомӯш кунанд, ва ҳол он ки Худо тамомкунандаи нур (дин)-и хеш аст, ҳарчанд ки кофирон хуш надоранд.” (Сураи Сафф, ояти 8)
Пештар ва ба муносибате, ин достонро нақл карда будам ва такрораш холӣ аз ҳикмат ва фоида нест. Баҳманёр — ки яке аз шогирдони барҷастаи Бӯалӣ Сино ва дар ойини ислом набуд ва мегӯянд зардуштӣ будааст — рӯзе ба устодаш Бӯалӣ гуфт, чаро бо ин ҳама истеъдод ва нубуғ, илм ва доноӣ, иддаои нубувват ва паёмбарӣ намекунӣ? Агар иддао кунӣ, мардум мепазиранд.
Бӯалӣ гуфт: ту чӣ мегӯӣ, ин ҳарфҳо чист! Сабр кун, ҷавобатро дар як вақти муносибе хоҳам дод.
Муддате аз ин моҷаро гузашт. Дар яке аз шабҳои зимистонӣ дар Ҳамадон, ки сармо ва яхбандони он маъруф аст, Бӯалӣ ва Баҳманёр дар як утоқ хобида буданд. Мавқеъи саҳар, ки муаззин аз болои манораи баланде машғули азон гуфтан буд, Бӯалӣ ба Баҳманёр гуфт: баланд шав ва косаи обе бароям биёвар, ки бисёр ташна ҳастам.
Баҳманёр гуфт: ҳоло вақти об хӯрдан аст? Шумо чун тоза аз хоб бедор шудаед, нӯшидани оби сард бароятон салоҳ нест.
Бӯалӣ гуфт: табиби беҳарифи аср ман ҳастам, медонам чӣ ба салоҳи ман ҳаст ё нест.
Баҳманёр гуфт: ман худам алъон арақ кардаам, метарсам агар берун биравам, сармо бихӯрам ва мариз шавам.
Бӯалӣ гуфт: акнун ҷавоби пурсиши он рӯзи туро дар хусуси даъвои паёмбарӣ мегӯям. Бидон, ки ҳазрати Муҳаммад (с) касе аст, ки солҳо аз беъсати ӯ мегузарад, вале нафси ӯ чунон таъсире дорад, ки акнун муаззин дар вақти саҳар, бо ин ҳама сармои шадид ва он ҳам аз болои манорае баланд, ба нубувват ва паёмбарии ӯ шаҳодат медиҳад ва номи ӯро ба забон меоварад ва мегӯяд: “Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ!” Аммо ман, ки ҳанӯз дар пеши ту ҳозирам ва ту ҳам аз шогирдони хосси ман ҳастӣ, ба ту амр мекунам, косаи обе ба ман биёварӣ, вале нафси ман он қадр таъсир надорад, ки амри маро гардан ниҳӣ, пас, чӣ гуна иддаои паймбарӣ барои мисли мане мумкин аст?!
Ин ёддоштро бо шеъре аз Мавлоно ба поён мерасонам:
Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:
“Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.
Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам,
“Бешу кам кун”-ро зи Қуръон монеъам.
Ман туро андар ду олам ҳофизам,
Тоъинонро аз ҳадисат рофизам.
Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,
Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.
Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,
Номи ту бар зарру бар нуқра занам.
Минбару меҳроб созам баҳри ту,
Дар муҳаббат, қаҳри ман шуд қаҳри ту.
Номи ту аз тарс пинҳон мегуванд,
Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.
Аз ҳаросу тарси куффори лаъин
Дин-т пинҳон мешавад зери замин.
Ман манора пур кунам офоқро,
Кӯр гардонам ду чашми оқро.
Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,
Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.
То қиёмат боқияш дорем мо,
Ту матарс аз насхи дин, эй Мустафо!
Эй расули мо! Ту ҷоду нестӣ,
Содиқӣ, ҳам хирқаи Мусистӣ.
Ҳаст Қуръон мар туро ҳамчун асо,
Куфрҳоро даркашад чун аждаҳо.
Ту агар дар зери хоке хуфтаӣ,
Чун асояш дон ту ончӣ гуфтаӣ.
Қосидонро бар асоят даст не,
Та бихусп, эй шаҳ! Муборак хуфтане.
Тан бихуфта, нури ту бар осмон,
Баҳри пайкори ту зеҳ карда камон.
Фалсафиву ончӣ пӯзаш мекунад,
Қавси нурат тирдӯзаш мекунад.”
Ончунон карду аз он афзун, ки гуфт,
Ӯ бихуфту бахту иқболаш нахуфт.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













