Назарияи нисбияти арзишҳои ахлоқӣ
Ибни Сино, назарияи нисбияти арзишҳои ахлоқӣ ва Ҷеффри Эпштейн
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Гоҳе, равиши амалии фаҳмондан, беҳтар ва коротар аз равиши илмӣ аст. Ҳоло аз таърих як мисол бизанам; аз равиши амалии Абӯалӣ ибни Сино, то матлаб равшан бишавад.
Дар Юнони бостон гурӯҳе зуҳур карда буданд ба номи суфастоиён, ки афкору андешаҳои аҷибу ғарибе доштанд. Аз ҷумлаи андешаҳои онҳо, инкори воқеияти хориҷ аз зеҳн аст ва мегуфтанд, ҳар чи ҳаст, мо ҳастем ва зеҳниёти мо. Прутогурос (Protagoras), яке аз суфистҳои маъруф дар Юнони бостон мегӯяд: “Миқёси ҳама чиз, инсон аст. Ҳар касе ҳар ҳукме, ки мекунад, мутобиқи он чизе аст, ки фаҳмида, пас ҳақ аст, зеро ҳақиқат ғайр аз он чи инсон мефаҳмад чизе нест. Ва чун ашхос ба таври мухталиф идрок мекунанд ва чизеро, ки як нафар рост мепиндорад, дигаре дурӯғ медонад ва севвуме дар росту дурӯғ буданаш шак мекунад, пас як чиз, ҳам рост аст ва ҳам дурӯғ ва ҳам савоб ва ҳам хато.”
Суқрот, файласуфи машҳур, бо ин гурӯҳ ва афкори он пайкор кард. Ин андешаи пуч, бо талошҳои Суқрот ва шогирдаш Афлотун ва сипас Арасту аз байн рафт. Дар давраҳои баъд аз Арасту, дар Искандария гурӯҳе дигар, ки афкоре наздик ба андешаҳои суфастоиён доштанд падид омаданд, ки шаккок ё септисист (seepticism) хонда мешуданд.
Ақоиди суфастоиён ва шаккокон бори дигар дар асри ҷадид зинда шуд. Аксари фалосифаи Урупо тамоюл ба шаккокият доранд. Бархе аз фалосифа воқеиятро аз асл инкор кардаанд, дуруст монанди суфастоиён. Файласуфи маъруфе ҳаст ба номи Беркелей (Berkeley), ки усқуф низ ҳаст, ки ба куллӣ мункири воқеияти хориҷӣ аст.
Дар олами ислом низ ин андеша яъне андешаи суфастоигарӣ ва шаккокӣ падид омада буд ва яке аз донишмандоне, ки бо ин андеша пайкор кардааст, шайхурраис Абӯалӣ ибни Синост. Ибни Сино дар “Шифо” (бахши илоҳиёт, с.49-53) ба ин мазмун мегӯяд:
Аз суфастоиён, ки ҳақоиқро инкор мекунанд, мепурсем: оё дар ин инкори худ, хештанро ҳақ медонед ё ботил ва ё дар он шак доред? Агар ба яке аз ин умури сегона қоил шуданд, пас ба ҳаққонияти андешае эътироф кардаанд, хоҳ ин ки ин андеша андешаи ҳаққонияти қавлашон ба инкори қавли ҳақ бошад ё эътиқоди бутлони он ё эътиқоди шак дар он. Пас инкорашон ҳақро ба сурати мутлақ, соқит аст. Ва агар бигӯянд, мо шак дорем, ба онон гуфта мешавад, ки оё медонед, ки шак доред ё шакки худатонро инкор мекунед? Агар эътироф карданд, ки шаккоканд ё мункиранд, пас ба илме ва ҳаққе эътироф доранд. Ва агар гуфтанд: мо абадан чизеро намефаҳмем ва намефаҳмем, ки намефаҳмем ва дар ҳамаи чизҳо ҳатто дар вуҷуд ва адами худамон шоккем ва дар шакки худамон низ шоккем ва ҳамаи ашёро инкор дорем ҳатто инкор ба онҳоро низ инкор дорем, шояд аз рӯйи инод забонашон бад-ин ҳарфҳо гӯёст; пас эҳтиҷоҷ бо эшон соқит аст ва умеде ба наҷоти эшон аз ин андешаи пуч нест.
Сипас Бӯалӣ мегӯяд: дар ин сурат “чорае ҷуз ин нест, ки эшонро таклиф ба духули оташ кард, зеро ки оташ ва ло оташ наздашон яке аст ва эшонро кутак зад, зеро, ки дард ва ло дард барояшон яке аст.” (Ба нақл аз “Дуруси маърифати нафс”, таълифи Ҳасанзодаи Омулӣ, с.7-14)
Бӯалӣ Сино мегӯяд, вақте ба ҳама чиз шак кард ва ҳатто ба вуҷуди худаш ва шакки худаш низ шак кард, дар ин сурат баҳс бо ӯ фоидае надорад, балки барои фаҳмондани ин ки ӯ дар ин андеша ғалат мекунад, бояд мутавассил ба равиши амалӣ шуд; бояд ӯро маҷбур ба вуруд ба оташ кард ва ё кутак зад, ки агар худдорӣ кунад, бояд ба ӯ гуфт, ки ба назари ту, ки оташе дар хориҷ вуҷуд надорад, кутак задане вуҷуд надорад, инҳо ҳама хаёлот ва зеҳниёт ҳастанд. Ин ҷост, ки мефаҳмад, ки ғалат меандешидааст.
* * *
Ҳол, нисбигароён қоиланд, ки мо неку хуб ва ё баду зишти мутлақ надорем ва меъёри хубу бад, худи инсон аст, ба ин маъно, ки чи басо арзише назди ту хуб ва писандида аст, аммо назди ман ҳамон арзиш нописанд ва зишт. Нисбигароӣ яъне ҳамин. Иффат ва покдоманӣ, ки ту мӯътақидӣ, ки хуб ва писандида аст, чи басо назди дигаре чунин набошад. Ва хулоса, мо арзише мутлақ надорем, ҳама чиз нисбӣ аст.
Дар якчунин маврид, гоҳе истидлол ба як падидаи иҷтимоӣ ва амалӣ, беҳтар ва коротар аз истидлоли илмӣ бошад; дуруст ҳамон равише, ки Бӯалӣ Сино барои тафҳими ин ҳақиқат ба он суфастоӣ, ки воқеият дар берун аз зеҳни ту низ ҳаст, мутавассил ба он равиш шуд яъне тарафро водор ба духули оташ кард.
Имрӯзҳо тамоми башар, бидуни истисно, коил ба зишт ва нописанд будани аъмолу рафторҳои Ҷеффри Эпштейн ҳастанд ва шумо аҳадеро дар ҷаҳон пайдо намекунед, ки бигӯяд (бо арзи пӯзиш), “педофил” ва кӯдакозор будан аз назари ту зишт аст, ин нисбӣ аст, аз назари касе дигар шояд писандида бошад. Дар ин ҷо дигар шумо ба ҳамон равиши Бӯалӣ паноҳ меоваред ва мегӯед, бигӯ бибинам, оё аҳаде имрӯз ин феъли шанеъро дуруст медонад?! Хоҳед дид, ки аҳаде ҳозир нест дар ин маврид қоил ба нисбият бошад. Яъне зишт будани кӯдакозорӣ ва педофил будан мутлақ аст ва касе, ки дар ин хусус қоил ба нисбият бошад, шумо ӯро ба бемории равонӣ нисбат медиҳед.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













