Нигоҳе ба андешаҳои Ибни Сино

Таърих

Нигоҳе ба андешаҳои Ибни Сино

Агар Бӯалӣ Сино имрӯз зинда мебуд

Андешкадаи Қалам

Агар алъон яъне оғозҳои асри 21, Абӯалӣ ибни Сино зинда ва ҳамзамон ва ҳамасри мо мебуд, андешаҳои ӯ дар арсаҳое чун фалсафа, пизишкӣ, дин, улуми таҷрибӣ, сиёсат ва ғайра чӣ гуна буданд?

Ёфтани посух ба ин пурсиш чандон душвор нест агар бо андешаҳои Бӯалӣ Сино аз наздик ошно бошед.

Ҳол, дар ин ёддошт ба ин мавзӯъ мепардозам.

 

Ибни Сино ва пизишкӣ

Агар Ибни Сино алъон зинда мебуд, оё тибб ва пизишкиро ба тибби қадим ва тибби ҷадид ва ё тибби суннатӣ ва тибби замона тақсим ва он гоҳ бо тибби ҷадид “душмане қасамхӯрда” мешуд, чунонки баъзеҳо чунинанд?

Посух манфӣ аст. Тибб ва пизишкӣ яъне сару кор бо бадани инсон, мавзӯъи ин дониш бадан ва ҷасади инсон аст, қадиму ҷадид надорад. Яъне чунин нест, ки бадани мо, инсонҳо дар қадим ба гунае буда ва имрӯз ба гунае дигар бошад. Балки дар қадим дорои ҳамин аъзо будем, ки алъон дорем, на чизе бар он афзуда шуда ва на чизе аз он коста ва чунонки худи Бӯалӣ дар таърифи ин дониш мегӯяд:

“Тибб (пизишкӣ) донише аст, ки ба василаи он, метавон бар кайфиятҳо ва ҳолатҳои тани одамӣ огоҳӣ ёфт. Ҳадафи он, ҳифзи тандурустӣ дар мавқеъи саломат ва баргардондани он (тандурустӣ) ба ҳангоми беморӣ аст.” (Қонун дар тибб, пешгуфтор)

Бинобар ин, агар Бӯалӣ Сино алъон зинда мебуд, дар арсаи пизишкӣ як дуктур буд мисли дуктурҳое, ки имрӯза суроғ дорем, ки агар Худой нокарда бемор мешудем, дуруст мисли ҳаминон нусхае менавишт, то аз дорухона (аптека) доруе бихарем ва тановулаш кунем; ҳамин гуна доруҳо, ки имрӯза дар дорухонаҳо дида мешавад, на алафу гиёҳ масалан. Ва чунонки Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ гуфтааст: “Агар Бӯалӣ Сино ҳам имрӯз буд, аз шеваҳои ҷадиди пизишкӣ истифода мекард.”

Бале, шояд дар ин арса боҳуштар ва коршиностар ва ҳозиқтар мебуд, дар ин шакке нест, чунонки Низомии Арӯзӣ дар китоби “Чаҳор мақола” дар бораи китоби “Қонун дар тибб” гуфтааст, ки “агар Буқроту Ҷолинус зинда шаванд, раво бувад, ки пеши ин китоб саҷда кунанд.”

 

Ибни Сино ва фалсафа

Ибни Сино агар алъон зинда мебуд, ӯ дар арсаи фалсафа як реалист (воқеънигар) ба тамоми маънои калима буд, монанди касе чун Аллома Таботабоӣ ва ё Муртазо Мутаҳҳарӣ ё Ҷаводии Омулӣ ва амсолашон аз реалистҳои муосир.

Феълан маҷоли он нест, ки тавзеҳ бидиҳам, фалсафаи реалистӣ чист ва фарқи он бо соири гароишҳои фалсафӣ кадом аст, касе, ки алоқа дорад, метавонад мутолеа кунад. Китоби «Усули фалсафа ва равиши реализм»,  таълифи Аллома Таботабоӣ бо шарҳи устод Мутаҳҳарӣ, беҳтарин асар дар ин замина аст.

Хулоса, Бӯалӣ дар ин замина тобеъи воқеият (реал) аст, на муриду пайрави Арасту чунонки баъзеҳо гумон мекунанд ва на ошиқи фалсафаи хусравонӣ ҳамон тавре ки баъзеи дигар мепиндоранд. Ӯ навкару муриди воқеият аст ва чунонки худ гӯяд:

“Таъассуб дар донишу фалсафа, монанди ҳар таъассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад.” (Пешгуфтори “Мантиқи машриқийин”)

Нигоҳе ба осори фалсафии ин донишманд дар оғоз ва дар васат ва дар поёнҳои умри шарифаш, ин муддаоро собит мекунад. Зеро Ибни Сино ҳар чи ба поёни умр наздик мешуд, бештар аз Арасту фосила мегирифт. Достонҳои тамсилии ӯ ва низ китоби пурҳаҷми “Мантиқи машриқийин”, ки дар поёни умр таҳрир карда буд, шоҳиди ин муддаост. Дар пешгуфтори ин китоб, осори даврони арастуии хешро инкор мекунад. (Фишоҳӣ, Арастуи Бағдод, аз ақли юнонӣ ба ваҳйи қуръонӣ, с.33)

Дар ҳамон пешгуфтор (пешгуфтори “Мантиқи машриқийин”) гӯяд:

حسبنا ما كُتِب من شروح لمذاهب القدماء، فقد آن لنا أن نضع فلسفة خاصة بنا

“Дигар бас аст шарҳ навистан бар дидгоҳҳои фалосифаи пешин (аз Афлотуну Арасту), вақти он аст, ки фалсафаи хосси худамонро поярезӣ кунем.”

 

Ибни Сино ва дин

Касе, ки бо андешаҳои ин абармард дар арсаи маорифи динӣ нек ошно бошад, шак намекунад, ки Бӯалӣ агар алъон зинда мебуд, як Худобовар ва диндор ва шариатпеша ба тамоми маънои калима буд. Ҳол, намунае аз гуфторҳои ӯ дар ин замина:

لیکن الله تعالی اول فکر له وآخره، وباطن کل اعتبار وظاهره. ولتکن عین نفسه مکحولة بالنظر الیه، وقدمها موقوفة علی المثول بین یدیه. مسافرا بعقله فی الملکوت الاعلی، وفیه من آیات ربه الکبری. واذا انحط الی قراره، فلینزه الله تعالی فی آثاره، فانه باطن ظاهر تجلی لکل شیء بکل شیء، ففی کل شیء له آیة تدل علی انه واحد

“Оғози ҳар фикр ва поёни ҳар андеша бояд Худо бошад. Ботину зоҳири ҳар шайъе, ки мавриди эътибор ва ибрати инсон қарор мегирад, Худо бошад. Назар ба Худо, сурмаи чашмони ӯ бошад. Гомаш мавқуф бар истодан дар боргоҳи Худо бошад. Ва сафари ӯ ба воситаи ақлу хирадаш, дар малакути аъло бошад; зеро дар он, оятҳо ва нишонаҳои парвардигори бузург аст. Пас, ҳангоме ки аз он мақом таназзул намуд ва ба ҷойгоҳи худ фуруд омад, Худоро танзеҳ кунад (яъне ба покӣ нисбат диҳад). Худованд, ҳам ниҳон аст ва ҳам ошкор, барои ҳама чиз ба ҳама чиз таҷаллӣ ёфта. Дар ҳар мавҷуде нишонаҳои ӯ ҳаст, ки бар ваҳдоният ва ягонагии ӯ далолат мекунанд…”

ولیعلم ان افضل الحرکات الصلاة، وامثل السکنات الصیام، وانفع البر الصدقة وازکی السر الاحتمال، وابطل السعی المراء

“Намоз бартарини ҳаракот, рӯза беҳтарин намунаи саканот, садақа судмандтарини хайрот аст, ва покизатарин масолик таҳаммул бар сахтиҳост, ва беҳудатарини корҳо миро ва ҷидол аст.”

Шеъре дорад ба арабӣ, ки фармояд:

اعتصم الورى بمعرفتك

عجز الواصفون عن صفتك

تب علينا فاننا بشر

ما عرفناك حق معرفتك

“Халқ ба шинохт ва маърифати ту (эй Худо!) чанг заданд (ва камар бастанд, то туро бишносанд),

Аммо васфкунадагон аз васфи ту нотавон монданд.

Аз мо даргузар (эй Худо!), ки башарем,

Ки туро чунонки ҳастӣ, нашинохтем.”

Албатта Бӯалӣ дар арсаи дин вежагиҳое дошт, ки қатъан баъзе аз “диндорони” имрӯз мисли бархе диндорони замонаш ӯро такфир ва беруншуда аз дин қаламдод мекарданд, худаш мегӯяд:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Муҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.

Ва ё мегӯяд:

بُلينا بقوم يظنون ان الله لم يهد سواهم

“Гирифтори гурӯҳе шудаем, ки гумон мекунанд, Худованд ғайри эшонро ҳидоят накардааст.”

Ҳол, ин вежагиҳо чӣ вежагиҳоест? Аввалан як ақлгаро ба тамоми маъно буд ва мухолифи пазируфтани маорифи динӣ ба сурати чашмбаста. Ин шеър ба ӯ мансуб аст, мегӯяд:

Душмани нақди гузашта нақлгарост,

Душмани ояндаву нашъу намост.

Муддаӣ гар ақл дорад дар сараш,

Бо ҷидоли аҳсанаш душман чарост?

Ва гӯяд:

“Бархе чунон саргарми мероси илмии гузаштагонанд, ки фурсати муроҷеа ба ақли худро надоранд. Ва агар фурсате ҳам ба даст оваранд, ҳозир нестанд иштибоҳҳо ва лағзишҳои гузаштагонро ислоҳу ҷуброн кунанд.”

 

Ибни Сино ва сиёсат

Агар Бӯалӣ алъон зинда мебуд, чӣ мавзеъе нисбат ба сиёсатҳои мавҷуд дошт? Асосан, назараш дар бораи сохторҳои сиёсӣ чӣ буд?

Аввалан, мухолифи сарсахти ҳар навъ сохтори диктотурӣ ва худкома аст. Бӯалӣ дар “Аҳволун-нафс” баъд аз ошно кардани хонанда бо ин тарз аз давлатдорӣ, ба шиддат ба он метозад. Мегӯяд: “Ба ин далел ин ҳукуматро ваҳдонӣ меномем, ки раҳбари он аз ширкат додани ҳар кас дар мақом ва манзилати худ худдорӣ меварзад.” (Ба нақл аз “Аҳволун-нафс”-и Ибни Сино, с.69) Мегӯяд: “Ҳадафи сиёсати ваҳдонӣ, ба таслими маҳз водоштани мардуми мадина аст.” (Ҳамон манюаъ)

Ва аммо дар бораи сохтори сиёсии демукросӣ, Бӯалӣ дар “Шифо” айнан вожаи демукросиро – ки вожае юнонӣ аст ва Арасту ва фалосифаи Юнони бостон ба кор бурдаанд — ба кор бурда ва дар таърифи ин низом мегӯяд: “Сиёсати демукросӣ он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина (ҷомеа) дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқ ва каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом касе наметавонад ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд, метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд.” (“Шифо” (Мантиқ), с.62) Мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ, озодӣ аст.” (Ҳамон манбаъ, с.83)

Бӯалӣ сипас мегӯяд, ин навъ сохтори сиёсӣ низ сохтори идеол нест, зеро мардум дар ташхиси раиси мадина (ҷомеа) чи басо хато кунанд.

Баъд, сохтори сиёсии суқротиро идеол медонад ва мегӯяд: “Дар ин низом, раҳбари мадина (ҷомеа) сирфан ба далели истеҳқоқ ва шоистагие, ки дорад, ба мақоми риёсат расида, чаро ки бар вазъи сунан ва қавонин ва ё ҳифз ва ҳиросати онҳо тавоноӣ дорад.” (Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.329-349 ба нақл аз “Шифо”)

Агар бихоҳем бо истилоҳоти имрӯз сӯҳбат кунем, Бӯалӣ дар сиёсат тарафдори сохтори шоистасолорӣ аст, ба назари ӯ, мадина (ҷомеа) бояд касеро, ки шоиста аст, интихоб кунад, ки назари Суқрот ҳамин буд. Мунтаҳо дар бораи ин ки ин фард чӣ гуна ва ба чӣ тариқе интихоб шавад, чизе нагуфта чунонки Суқрот низ чизе нагуфта.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ориф ба чӣ меандешад?
Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати 22-баҳман

Матолиби пурбоздид