Нигоҳе ба ахлоқи Паёмбари Акрам(с)
Паёмбари Акрам(с) либосашонро худ васла мекарданд, кафшашонро худ медӯхтанд, шири гӯсфандонашонро медӯшиданд ва бо бардагон таом мехӯрданд, рӯи замин менишастанд ва бар дарозгӯш савор мешуданд, бидуни ин ки хиҷолат бикашанд.
Ниёзмандиҳои хонаашонро худ таҳия мекарданд ва худашон ба хона мебурданд.
Бо ғанию фақир яксон мусофаҳа мекарданд. Ҳангоме ки ба касе даст медоданд, дасти худро зудтар аз ӯ намекашиданд. Ба ҳар кас, ки мерасиданд, салом мекардагнд, чӣ фақир ва чӣ сарватманд, чӣ кучаку чӣ бузург.
Агар ба хӯрдани чизе даъват мешуданд, мепазируфтанд, ҳарчанд хурмои номарғубе бошад.
Он ҳазрат камхарҷ, дорои табъи баланд ва хушбархӯрду ҳамвора хушрӯ буданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд, аммо бо садои баланд намехандиданд. Бидуни ин ки чеҳраашон абус бошад, орому андӯҳгин ба назар мерасиданд.
Ҳамвора мутавозеъ буданд, бидуни ин ки аз худ зиллате нишон диҳанд.
Сахӣ буданд, бидуни ин ки дар саховат исроф биварзанд.
Бо ҳамаи мусалмонон меҳрубону дилсӯз буданд.
Ҳаргиз аз рӯи серӣ оруғ назаданд ва ҳеч гоҳ дасти тамаъ ба сӯи касе ва чизе дароз нанамуданд…
(Ривояти Дейламӣ, нақл аз Сунан-ун-Набӣ)
Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо