Омрико: “Нерӯҳои низомии Русия дар Эрон омӯзиш мебинанд”

Омрико: “Нерӯҳои низомии Русия дар Эрон омӯзиш мебинанд”

Ахбори байналмилал

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, бо эълони таҳримҳои тиҷории ҷадиди Омрико ва чанд кишвари урупоӣ алайҳи Эрон ба хотири – ба иддаои ӯ – “ирсоли мушакҳои болистик аз сӯйи Эрон ба Русия барои бакоргирӣ дар ҷанг алайҳи Укройн”, гуфт, ки “даҳҳо нерӯи низомии Русия барои истифода аз мушаки болистики кӯтоҳбурд, дар Эрон омӯзиш дидаанд.”

Ба гузориши New York Post, Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, ки Русия мушакҳои болистики “Фаттоҳ-360”-и Эронро дарёфт кардааст ва даҳҳо нерӯи рус дар Эрон барои истифода аз онҳо омӯзиш дидаанд.

Кирбӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон иддао кард: “Ҳамон тавр, ки ахиран гузориш шудааст, даҳҳо низомии Русия дар Эрон барои истифода аз сомонаи мушаки болистики “Фаттоҳ-360” бо бурди кӯтоҳ омӯзиш дидаанд. Русия ин маҳмулаҳои мушакҳои болистики эрониро дарёфт кардааст ва эҳтимолан зарфи чанд ҳафтаи оянда, онҳоро алайҳи Укройн ба кор хоҳад гирифт.”

Вай изофа кард: “Мо бо ҳамкорӣ бо муттаҳидони худ итминон хоҳем ёфт, ки ин иқдом (ирсоли мушак аз Эрон ба Русия) паёмадҳои манфие дорад. Охирҳои имрӯз, Англис, Фаронса ва Олмон тасмими худро барои таълиқи бархе аз равобити тиҷории судовар бо Эрон ва тиҷорати давлатӣ бо ин кишварро эълом хоҳанд кард. Мо ба саҳми худ иқдомоти ин се кишварро бо таҳримҳои худ такмил хоҳем кард.”

Кирбӣ идома дод: “Вазорати хазонадорӣ ва Вазорати умури хориҷаи Омрико охирҳои имрӯз иқдомоти ҷадиде алайҳи ширкати ҳавопаймои Iran Air эълом хоҳанд кард ва интизор дорем, ки муттаҳидон ва шарикони мо низ иқдомоти худро алайҳи Эрон эълом кунанд. Ин паёми возеҳе аз сӯйи се кишвари урупоӣ ва Омрикост мабнӣ бар ин ки агар Эрон ба ҳимоят аз ҷанг дар Укройн идома диҳад, ин иқдом он ҳазинаҳои иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе ба ҳамроҳ хоҳад дошт.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назарсанҷии CNN баъд аз мунозира
Даҳ гуфтор – Х

Матолиби пурбоздид